Бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ ва миллати соҳибтамаддуну соҳибмаърифат ва бонангу номуси диёрамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Ба чунин дастовардҳо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон дохил намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи басо мураккаби солҳои 90-уми асри гузашта қабул гардид, воқеаи нодиру фараҳбахши сиёсӣ ва бузургтарин дастовард дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, барои пойдории сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохил ва хориҷи давлат ва мустаҳкам намудани пойдевори давлатдории миллӣ дар ҷомеа нақши муҳим дорад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлолият ва муайян намудани унсури навини давлатдории тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин санади муқаддаси тақдирсоз ҷиҳати аз байн бурдани хавфе, ки ба Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ниҳоят ба ягонагии миллат таҳдид менамуд, шароити зарурии сиёсию ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳи сулҳу субот ва ваҳдати миллиро боз намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин қонуни сатҳи олии кишвар мебошад, ки таърихи 6 ноябри соли 1994 дар даврони соҳибистиқлолӣ тавассути баргузории райъпурсии умумихалқӣ қабул ва эълон гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад ва марому мақсаду ормонҳои мардум дар дебочаи он мустаҳкам гардидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуву омоли ниёгони моро, ки солҳои тӯлонӣ мустақилияти комил ва рамзҳои давлати миллиро интизор будаанд, ҷомаи амал пӯшонд.
Бо шарофати қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ халқи Точикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар гардонид.
Бояд зикр намуд, ки Конститутсия дар навбати худ истиқлолияти давлатиро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона амалан ва расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, ки ҳадафаш барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардан аст.
Бунёд гузоштан ба иқтисоди пешрафта, тақвияти рӯзафзуни низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, эҳёи тамаддуни бостонии мардумамон ва ҳамоҳанг сохтани он бо арзишҳои умумибашарӣ татбиқи аввалин принсипҳои давлати иҷтимоӣ мебошад.
Конститутсия санадест, ки он масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатдории Тоҷикистонро дар худ мустаҳкам намудааст. Аз ҷумла, боби аввалро «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ташкил медиҳад, ки он шакли идораи давлат, арзиши олӣ эътироф намудани инсон, эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, тақсим намудани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, муайян кардани самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро фаро мегирад.
Дар моддаи 2 конститутисия забони давлатӣ забони тоҷикӣ эълон шудааст. Бояд иброз намуд, ки нишонаи асосии миллати тоҷик ин забони тоҷикӣ мебошад. Маҳз забони тоҷикӣ боиси мавҷудияти воқеии миллати тоҷик гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ин муқаррароти меъёри конститутсиониро бечунучаро иҷро намояд.
Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ дар даврони чандин аср аз канораҳои баҳри Миёназамин то халиҷи Форс барои бисёр халқҳои қитъаи Осиё ҳамчун забони давлатдорӣ ва муошират ҳисоб мешуд. Дар тӯли таърих аҷнабиён, ки ба кишвари мо дастдарозӣ кардаанд, пеш аз ҳама барои аз байн бурдани забони тоҷикӣ чораю тадбирҳо меандешиданд, вале на юнонӣ ва на арабу турку муғул ин забонро аз байн бурда натавонистаанд. Бояд тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ ҳануз дар асри X дар замони давлатдории Сомониён мақоми давлатӣ дошт, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки халқи тоҷик дар гузашта мардуми бофарҳанг, бомаданият, хештаншиносу ватандӯст будаанд.
Маҳз ба шарофати мавҷудияти забони тоҷикӣ, ки яке аз нишонаҳои миллат маҳсуб меёбад, мо дар даврони Шуравӣ ҳамчун як давлат арзи ҳастӣ намудем.
Ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шудани забони тоҷикӣ дар сатҳи қонуни олии кишвар имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони давлатиро донад. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт: сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
Имрӯз таҳия ва қабули тамоми санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад.
Инчунин, Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф намуда, ба ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода намоянд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мо ҳамчун як давлати дорои истиқлолияти комил соҳиби рамзҳои давлатии худ мебошем.
Дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муайян шудаанд.
Тоҷикистон баъди эълон намудани мустақилияти хеш Парчам, Нишон ва Суруди миллии худро қабул намуд, Парчам рамзи озодист, озодие, ки ниёгони мо ҷаҳду талошҳо намудаанд. Суруди миллӣ таронаи асосии давлатӣ ва умумихалқии мо аст, ки дар он тамоми орзую омоли сокинони мамлакат ифода ёфтааст. Суруди миллӣ мардумро ба ҳимоя ва ифтихор аз Ватан даъват менамояд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки Суруди миллиро азёд намояд ва ҳангоми сурудани он ҳамроҳ шавад.
Рамзҳои давлатии он муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварро дар руҳияи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, азиз доштани Ватан тарбия менамояд. Эҳтииром гузоштан ва маҳбуб донистани рамзҳои давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон шарт ва зарур аст.
«Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд» (м.5). Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳонист. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд ва ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд мансубанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад. Ҳуқуқ ба ҳаёт арзиши табиӣ буда, касе ҳақ надорад, ки шахсро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад. Бо назардошти дар амал ҷорӣ намудани ин муқаррароти конститутсия ва ба меъёрҳои башардӯстона мутобиқ намудани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи ҷазои қатл дар кишварамон моратория эълон гардида, қонунҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар тамаддуни инсонӣ аз ҷониби давлат татбиқ кардан ё накардани ҷазои қатл, дар кадом шакле, ки набошад, пеш аз ҳама ба сатҳи башардӯстӣ, шафқат ва пешрафти ҷомеа вобаста аст. Маҳз қадамҳои устувори кишварамон дар роҳи демократикунонии ҷомеа, таъмин гардидани волоияти қонун ва оромию суботи кишвар, арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон боиси қабули чунин иқдом гардид.
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Дар сархати аввали моддаи 10 афзалияти меъёрҳои конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст.
Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд.
Масъалаҳои зикршуда, ки асоси муносибатҳои бунёдии ҷомеаро ташкил медиҳанд, талаб менамоянд, ки ба меъёрҳои конститутсия қувваи олии ҳуқуқӣ ва амали мустақим дода шавад. Эътибори олии ҳуқуқӣ ва амали мустақими меъёрҳои конститутсия заминаи муҳими таъмини қонуният дар кишвар мебошад, зеро ин омил тақозо менамояд, ки меъёрҳои қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ дар асоси конститутсия ва барои амалӣ шудани он қабул карда шаванд.
Чунин тартиб дар навбати худ имкон медиҳад, ки дар ҷомеа фазои ягонаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд омада, ба пешрафти босуръати сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.
Қабули конститутсия ба мо имкон дод, ки низоми қонунгузории миллӣ ташкил карда шавад ва барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ замина гузорад. Аз ҷумла, қабули қонунҳои конститутсионӣ, ки заминаи худро аз конститутсия мегиранд, инчунин қабули дигар конунҳо барои танзим ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Тоҷикистон ба сифати узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарки масъулияти таърихии худ ва гузоштани эҳтиром ба меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ дар сатҳи конститутсияи давлати худ санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро эътироф мекунад, ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон доштааст. Аз ин ҷост, ки мо сиёсати хориҷии худро бо мақсади амалан татбиқ намудани ин меъёрҳои конститутсия пеш мебарем ва дар ин замина мунтазам иқдоми дорои аҳамияти байналмилалиро мегузорем.
Конститутсия давлати моро масъул сохтааст, ки сиёсати сулҳу дӯстиро амалан татбиқ намуда, истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром намояд ва муносибатҳои хориҷии худро дар асоси меъёрҳои аз тарафи умум қабулшудаи байналмилалӣ ба роҳ монад.
Имрӯз дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва институтҳои бонуфузи сиёсӣ, иқтисодиву молиявии байналмилалӣ ба хотири таҳким бахшидан ба сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон, густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд, таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатиамон ва ниҳоят, ободиву шукуфоии Тоҷикистони азизамон равона шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон сиёсати сулҳҷуёнаи худро мустақилона татбиқ намуда, бо дарназардошти манфиатҳои олии халқ муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ густариш медиҳад, ки ин боиси дар арсаи байналмилалӣ баланд гардидани обрую нуфузи кишвар мегардад.
Маҳз бо татбиқи пайгиронаи конститутсия мустаҳкам гардидани шаклҳои гуногуни моликият, хусусан моликияти хусусӣ ва кафолати фаъолияти озоди соҳибкорӣ барои ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар асоси рақобати озод, ҷалби шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки асосҳои ҳуқуқии рушду такомули фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи шаклҳои гуногуни моликиятро фароҳам овардааст, тавонистем пояҳои иқтисодеро, ки пешрафти минбаъдаи ҷомеаро кафолат медиҳад, ба маротиб афзуда, сатҳи некуаҳволии мардум ба тадриҷ боло гардад.
Бояд хотирнишон намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияи замони муосир эътироф шудааст. Чунки ҷавҳари асосии конститутсия ба ҳуқуқ, озодӣ вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудаанд, ки зиёда аз 34 моддаро ташкил медиҳад.
Боби мазкур ҳуқуқҳои шахс, ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳолати ҳуқуқии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандро дар бар гирифта, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло конститутсия, инчунин ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таъмини ин ҳуқуқҳоро аз тарафи давлат кафолат додааст. Конститутсияи Тоҷикистон бори нахуст муайян кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа низ таҳти ҳимояи давлат қарор дорад ва ӯро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест.
Дар назди қонун ва суд мувофиқи конститутсия ҳама, хоҳ зан бошаду хоҳ мард баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, дин, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиро кафолат медиҳад. Конститутсия ба ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дода, аз номи давлат дахлнопазирии шахсро кафолатнок гардонид. Инчунин, Конститутсия мукотибаи маҳрамона, суҳбати телефонӣ, ҳуқуқ ба мусофират, интихоби озодӣ маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он, мустақилона муайян кардани муносибат ба дин, иштирок дар раъйпурсӣ, интихоб намудан, интихоб шудан, муттаҳид шудан, иштирок дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқи касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳпаймоии осоиштаро мустаҳкам намуд. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат дода, таъқиб барои танқидро манъ кард.
Конститутсия ба ҳар кас ҳуқуқи соҳиби ба моликият ва меросро дода, муайян намуд, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад, ё молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият хилофи қонун ва бе розигии соҳиби он тирад.
Конститутсия оила, модару кӯдак, кӯдакони ятим ва маъюб ва ҳар шахсро дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дода, ба ҳар кас ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат, ҳимояи иҷтимоӣ, манзил, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва ғайраро додааст.
Эътирофу эҳтиром кардани меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ба уҳдаи ҳар як шахс ва шаҳрванд, шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ мебошад.
Риоя кардани конститутсия ва қонунҳо дар як вақт эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро ифода мекунад. Ҳар як шахс ба воситаи эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон ба риояи ҳуқуқу озодиҳои худ замина гузошта, ба ҳурмату эҳтироми дигарон сазовор мегардад.
Конститутсия ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро муқаррар кардааст (моддаи 43).
Яке аз шаклҳои иҷрои вазифаҳои номбурда хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мебошад, ки барои таъмини сохибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ нигаронида шудааст. Муқаррар карда шудааст, ки шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват синашон ба 18 расидааст, ба хизмати муҳлатноки ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Хизмати ҳақиқии ҳарбӣ аз вақти савгандёдкунӣ оғоз меёбад. Дар савганди ҳарбӣ тайёр будани ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба ҳифзи Ватан ҳимояи истиқлолияту амнияти он бо тантана ифода ёфтааст. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад.
Инчунин, конститутсия ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ за додани андоз ва пардохтҳоро, ки қонун муяйян кардааст вазифаи дигари ҳар шахс эълон менамояд.
Конститутсия дар бобҳои дигари худ ташкили мақомотҳои давлатӣ, самти фаъолият, вазифаву салоҳиятҳои онҳоро муайян намудааст. Аз ҷумла, боби сеюми конститутсия ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нишонаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд маҳсуб ёфта, дар таҳия ва қабули қонунҳо ва ҷавобгӯ будан ба талаботи замон ва ҷомеа барои рушд ва пешрафти Тоҷикистони муосир нақши босазо доранд.
Дар конститутсия вазъи ҳуқуқии Президент, Ҳукумат, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суд, Прокуратура ва тартиби ворид намудани тағйирот ба конститутсия дар бобҳои алоҳида танзими худро ёфтаанд.
Президенти Ҷумуурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст (м.64).
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентиро муқаррар намудааст, ки тибқи он президенти мамлакатро низ шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд. Президент ҳомии конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, ба салоҳияти президенти кишвар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ кардан ва ваколатҳои дигареро, ки конститутсия муайян кардааст, дохил мешавад.
Ҳамзамон, бо ташаббуси қонунгузории сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қонунҳои миллӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба мақсади танзими оқилонаи ҷашну маросимҳои мардумӣ қабул гаштаанд, ба роҳ монда шудааст. Қонуни мазкур бешубҳа, дар амалӣ гаштани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар татбиқи воқеии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ дар соҳаи ташкили оила, танзими муносибатҳои миллӣ, иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёту фаъолияти инсон нақши муҳим дорад.
Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳсутун ва шиносномаи давлат буда, санади муқаддас, тақдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти мардуми Тоҷикистон аст. Ба мо зарур аст, ки ҳар як калима ва сатри конститутсияро азизу муқаддас донем ва бо истифода аз он дар пойдории давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.
Муаллиф, Назарзода Давлатхуҷа Шодихуҷа