Эълонҳо ва озмунҳо

Эълон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

оид ба фурӯши амволи зерин музояда эълон мекунад:

 

Музоядаи №1 – оиди фурӯши моликияти коммуналии ноҳияи Айнӣ:

Лот № Номгӯи амвол  

 

Мансубият

Соли ба истифода

диҳи

 

Масоҳати умумӣ, (м2)   Мавқеи ҷойгиршавӣ Нархи ибтидоӣ, (сомонӣ) Маблағи кафолатӣ (сомонӣ)
1 Бинои ёрирасони Ҷамоати деҳоти Рарз Ҷамоати деҳоти Рарз 1983 117,36 Деҳаи Рарз 13786,00 500400,0
2 Бозорчаи Сарвода Ҷамоати шаҳраки Зарафшон 2000 1816,67 Шаҳраки Зарафшон-1 239006,00 500400,0

Музояда санаи 18 июни соли 2024-ум соати 10-00 бо тарзи англисӣ дар толори  маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ баргузор мегардад. Ба савдои музоядавӣ симоҳои воқеъӣ ва ҳуқуқӣ даъват карда мешаванд. Дар ҳолати ғолиб баромадан «Харидор» ба ҳисоби «Фурӯшанда» ба миқдори 5% маблағи комиссионӣ ва 0,5% боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад.

Бақайдгирии иштирокчиён аз тарафи бахши сармоягузори ва идораи молу мулки давлатии н.Айнӣ дар суроғаи д, Айнӣ кӯчаи Рӯдакӣ 58 сурат гирифта, аз рӯзи дарҷи хабари иттилоотӣ оғоз мегардад ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад. Қабули аъзоҳақии кафолатӣ барои симоҳои бо тарзи нақдӣ пардохткунанда як соат пеш ва барои симоҳои бо тарзи ғайринақдӣ пардохткунанда як рӯз пеш аз оғози музояда қатъ карда мешавад. Музояда тибқи Низомномаи №98 аз 1 марти 2004с. гузаронида мешавад. Маълумотҳои иловагиро тавассути телефони 92-755-09-76 (Бахши сармоягузори ва идораи молу мулки давлатии н.Айнӣ дар суроғаи д. Айнӣ) гирифтан мумкин аст.

 

Back to top button