Эълонҳо ва озмунҳо

Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” ҷамъбаст гардид

5 ноябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор шуд. Дар он маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” низ баргузор гардид.
Озмун бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, ҳадафаш таҳкими ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ ва ободкорӣ мебошад.
Мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбастӣ, шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоиза, ноҳияи Данғара ва Ҷамоати деҳоти Пушинг соҳиби дипломҳои дараҷаи якум гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ дар номинатсияи “Деҳаи беҳтарин” сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардид.
Ғолибон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи рушди маҳал сарфароз гардиданд.

Leave a Reply

Back to top button