Хабарҳои руз

Дидорбинии Раиси ноҳияи Айнӣ бо шахсони солхӯрда ва падару модарони намунавӣ дар арафаи Рӯзи Конститутсия

Дар арафаи ҷашни 31-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо гурӯҳи шахсони солхӯрда, собиқадорони меҳнат ва падару модарони намунавие, ки дар тӯли умри бобарори худ ба халқу давлат хизмат намуда, фарзандони шоистаи ҷомеаро ба воя расондаанд, дидорбинӣ намуд.
Дар рафти мулоқот Раиси ноҳия аз нақши бузурги калонсолон дар таҳкими арзишҳои миллию маънавӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва тарбияи насли ҷавон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки собиқадорони меҳнат ва шахсони солхӯрда чун таҷассумгари хирад, сабру таҳаммул ва меҳри Ватан, ҳамеша такягоҳи маънавии ҷомеаанд.
«Падару модарон ва шахсони таҷрибадор мисли чароғи роҳнамо барои насли ҷавонанд. Омӯхтани таҷрибаи ҳаётии онҳо ва арҷ гузоштан ба заҳмати онҳо мояи ифтихор ва сабақи зиндагӣ аст», — гуфт Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода.
Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ба шахсони зиёде аз ин қишри муҳтарам туҳфаҳои идона тақдим гардид. Раиси ноҳия аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои хизмати содиқона ба ҷомеа ва саҳми арзандаашон дар тарбияи фарзандони босаводу ватанпарвар изҳори сипосу эҳтиром намуд.
Шахсони солхӯрда дар навбати худ аз таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумат, махсусан сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, бо эҳсоси баланд изҳори миннатдорӣ карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки ин гуна мулоқотҳо эҳсоси меҳру муҳаббат ва итминони онҳоро ба зиндагӣ ва дастгирии давлат боз ҳам зиёдтар месозад.
Дар анҷоми вохӯрӣ Раиси ноҳия зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ бо шукргузорӣ аз сиёсати иҷтимоиву инсондӯстонаи Пешвои миллат, барои ҳифзу қадршиносии пиронсолон ва тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа тадбирҳои судманд меандешад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button