Хабарҳои руз

Раиси ноҳияи Айнӣ ба дидорбинии сарҳадбонон рафт

5-уми ноябри соли 2025, бахшида ба Рӯзи 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба дидорбинии сарҳадбонони қисми ҳарбии 0203 дар дидбонгоҳи Исрофилобод ташриф овард.
Дар сафар Раиси ноҳияро Азизҷон Ҳусейнзода – сардори ШКДАМ-и вилояти Суғд дар ноҳия ва Алиҷон Рауфзода – сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Раиси ноҳия афсарону сарбозонро бо Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароити хизмат ва таъминоти моддию техникии қисмҳои низомӣ рӯз то рӯз беҳтар мегардад.
Бо ташаббуси МИҲД-и ноҳия барои сарҳадбонон дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Сарҳадбонон барои ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд. Раиси ноҳия таъкид кард, ки мақомоти маҳаллӣ минбаъд низ барои дастгирии сарҳадчиён ва беҳтар намудани шароити хизмати онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 19

Leave a Reply

Back to top button