ФАВРӢ!

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия

Муҳтарам хизматчиён ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ!
Ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия ҳамаи Шуморо сидқан табрик мегӯям. Ин сана рамзи фидокорӣ, садоқат ва хизмати софдилона ба Ватан ва халқ мебошад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо далериву шуҷоат ва ҳисси баланди масъулият барои таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон саҳми арзанда доранд. Онҳо дар рӯзҳои душвори таърихи давлатдории навин бо ҷонфидоӣ барои сулҳу оромӣ ва суботи кишвар хизмат карданд.
Имрӯз низ кормандони милитсия бо садоқат ба савганди касбӣ фаъолияти худро идома дода, дар мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва дигар таҳдидҳои муосир фаъолона саҳм мегузоранд. Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, барои беҳбуди шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои муассир меандешад.
Дар ҳамин замина, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ таъмиру таҷдид карда шуд, ки нишонаи ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба ин соҳаи муҳим мебошад.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, ҳомиёни қонунияту тартибот, барои хизмати софдилона, садоқат ба Ватан ва саҳми арзанда дар ҳифзи амнияти ҷомеа изҳори сипос менамоям.
Бигзор масъулиятшиносӣ, далерӣ ва садоқати касбии Шумо ҳамеша намунаи ибрат барои ҷомеа бошад.
Рӯзи кормандони милитсия муборак бошад!
Равшан Раҳимзода
Раиси ноҳияи Айнӣ
Нет описания фото.

Leave a Reply

Back to top button