ФАВРӢ!

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бахшида ба таҷлили 31-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд.
Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 31-юмин солгарди онро таҷлил менамоем.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош мегӯям.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр карда буданд, Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид.
Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Дар зарфи 31 соли амали Конститутсия кишвари мо роҳи ниҳоят душворро тай намуд ва мардуми тоҷик барои расидан ба ин рӯзҳои босаодат ва дастоварду муваффақиятҳо масири бағоят сахту сангинро сипарӣ карданд.
Сиву як соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.
Ҳозирини арҷманд!
Соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон зарурати дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардани давлатдории миллӣ, муайян намудани шаклу сохтори он, арзишҳои бунёдии ҷомеа, аз ҷумла мақоми шахс ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин асосҳои конститутсионии сиёсати хориҷии давлат ва арзишу принсипҳои ҷомеаи демократиро ба миён гузошт.
Маҳз истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзишмандтарину муқаддастарин неъмати зиндагии халқи Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи соли 1994 замина гузошт.
Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, яъне дар ибтидои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи амалкунанда ва қонунҳо поймол шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ ва дар кишвар беҳокимиятиву бенизомӣ ҳукмфармо гардида буд.
Дар муддати як сол таҳти фишори гурӯҳу доираҳои манфиатхоҳ ду Президент ва панҷ Ҳукумат ба истеъфо рафт ва ин раванд боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар он марҳалаи тақдирсоз барои ба эътидол овардани вазъият, таъмин намудани суботи ҷомеа ва расидан ба ризоияту ваҳдати миллӣ зарур буд, ки сохти конститутсиониро барқарор сохта, қонунияту тартиботро таъмин карда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шавад. Амалисозии ин вазифаи душвору мураккаб танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ оғоз гардид.
Дар масъалаи муайян намудани сохти давлатдории Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсади худро ҷиҳати барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар ҳамон иҷлосияи таърихӣ бо қатъият эълон намуданд. Солҳо сипари шуд ва дурустии роҳи интихобкардаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми шарафманди Тоҷикистон дарк намуданд.
Дар он давраи мудҳиш таҳия кардани лоиҳаи Конститутсия кори осон набуд, вале масъалаи таҳияи қонуни асосии давлат ва ташаккули асосҳои конститутсионии давлатдории навин аз ҷумлаи заруриятҳои муҳимтарини рӯз ба ҳисоб мерафт.
Яъне дар баробари барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳалли вазифаҳои тақдирсоз, аз қабили қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот, қонунияту тартибот ва сарҷамъ намудани мардуми кишвар ҳарчи зудтар таҳия ва қабул кардани Конститутсия яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа буд. Шашуми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ 94,4 фоизи шаҳрвандон иштирок намуда, 87,6 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсия овоз доданд.
Ошкоро ва ҳаматарафа баррасӣ гардидани лоиҳаи Конститутсия, ба муҳокимаи мардум пешниҳод шудани он ва ниҳоят, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия далели қатъии дар асоси меъёрҳои демократии аз ҷониби умум эътирофшуда қабул гардидани ин санади тақдирсоз мебошад.
Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалин қонунҳои асосие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.
Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин, кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои таҳкими давлатдории муосири мо заминаи устувор гузоштанд.
Аввалан, ғояҳои башардӯстонаи Конститутсия инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории халқамон ва мероси бузургони таъриху фарҳанги миллатамон сарчашма мегиранд.
Дуюм, ин санади олии ҳуқуқӣ Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона эълон намуд. Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ин ва дигар арзишҳои Конститутсия боиси аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф шудани Конститутсияи Тоҷикистон гардидааст.
Дар робита ба ин, боз як нуктаи муҳимро таъкид бояд кард, ки қабули Конститутсия роҳро барои оғози ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ҳамвор сохт. Дар натиҷаи татбиқи самараноки меъёрҳои конститутсионии зикршуда Тоҷикистон аз соли 2000-ум ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, солҳои охир афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна беш аз 8 фоиз таъмин шуда истодааст.
Чунин сатҳи афзоиш дар арсаи байналмилалӣ нишондиҳандаи баланди суръати рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Боиси ифтихору қаноатмандӣ ва сипосгузории ҳар яки мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуда буданд, зеро ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ташкил медиҳад.
Ҳадаф аз иқдоми мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон буд, ки вобаста ба ин дар ноҳия низ як қатор конфронсҳои илмиву адабӣ, нишастҳои матбуотӣ ва озмунҳо гузаронида шуд.
Ҳамчунин, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба Конститутсия, риояву иҷрои қонунҳо ва таъмин намудани волоияти қонун низ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба ҳисоб мерафт.
Дар баробари ин, ҳадафи асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба он равона шудааст, ки эътирофу эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун ба ҳукми одату анъана табдил ёбад.
Зеро тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, танҳо ҷомеае ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳо бечунучаро риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун арзиши муҳимми давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад.
Албатта, расидан ба ваҳдати миллӣ натиҷаи ақлу хиради миллати бостонии тоҷик мебошад ва ба имзо расидани санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт, нақши арзишманд бозид.
Имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии миллати фарҳангсолори тоҷик ба мактаби ибратомӯзи ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ мубаддал гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки мардуми фарҳангсолору тамаддунсози мо ба қадру қимати ваҳдат ва сулҳу субот мерасанд ва намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегонаи хатарзо мафкураи ҷомеаи моро таҳти таъсир қарор дода, суботу оромии кишвар ва ваҳдати миллиамонро халалдор созанд. Бори дигар хотирнишон месозам, ки ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, омили оромиву осудагӣ, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Имрӯз халқи саодатманди тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Бо гузашти сиву як сол аз қабули ин санади тақдирсоз мо бо сарбаландӣ ва ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯйи мақсаду маром ва ормону ҳадафҳои мардуми шарафманди мо мебошад.
Яъне бунёди ҷомеаи муосири озоду демократӣ, дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон, рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ба мо маҳз дар натиҷаи татбиқи бомароми меъёру муқаррароти Конститутсия муяссар гардид.
Итминони комил дорам, ки Конститутсия ҳамчун санади роҳнамову сарнавиштсози таърихӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона бори дигар тамоми мардуми шарафманди ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон – санади тақдирсози ҷомеа ва давлат – самимона табрик мегӯям.
Орзумандам, ки дар хонадони ҳар як фарди Тоҷикистон сулҳу амонӣ, хушбахтӣ ва саодати рӯзгор ҳамеша пойдор бошад.
Бигзор, Конститутсия ҳамчун яке аз муқаддасоти миллии мо барои истиқлолу озодии давлату давлатдории мустақили тоҷикон, пешрафти устувори он, кафили доимии амнияту суботи кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон хизмат намояд.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
Возможно, это изображение текст

Leave a Reply

Back to top button