Хабарҳои руз

Баргузории даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагон дар ноҳияи Айнӣ

Санаи 1 ноябри соли 2025, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази ноҳияи Айнӣ даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-ум аз рӯйи шаш фан баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур ғолибони даври якуми олимпиадаи фаннӣ аз муассисаҳои таълимии ноҳия, ки бо пешниҳоди директорони мактабҳо интихоб гардида буданд, иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдусалом Раҷабзода иштирокдоронро бо Низомномаи олимпиада шинос намуда, таъкид кард, ки рафти баргузории озмунро масъулон зери назорати қатъӣ қарор диҳанд, то олимпиада бо шаффофият ва адолат баргузор гардад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки ташкили чунин озмунҳои фаннӣ на танҳо имкони муайян кардани хонандагони болаёқатро медиҳад, балки барои рушди зеҳнӣ, бедории истеъдодҳо ва баланд бардоштани савияи дониши насли наврас замина мегузорад. Дастгирии чунин иқдомҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Марҳилаи дуюми олимпиада дар сатҳи баланд ва бо риояи қоидаҳои муқарраршуда баргузор гардида, натиҷаҳои он пас аз ҷамъбасти корҳои ҳакамон эълон мегарданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
01.11.2025
и ещё 8

Leave a Reply

Back to top button