Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияи Айнӣ

10-уми ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон, фаъолон ва кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия бахшида ба “Рӯзи милитсияи тоҷик” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Маросим пас аз ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии кишвар бо руҳияи баланд ифтитоҳ ёфт.
Дар оғози ҳамоиш Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода суханронӣ намуда, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик гуфт. Номбурда иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пояҳои милитсияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳким ёфта, ин ниҳод ба яке аз рукнҳои муҳими таъмини амнияту суботи ҷомеа, волоияти қонун ва осоиштагии шаҳрвандон табдил ёфтааст.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар дар давраи Истиқлоли давлатӣ бо далериву садоқат ба савганди касбӣ барои ҳифзи амнияти давлат, оромии мардум ва мубориза бо ҷинояткориву хатарҳои замони муосир саҳми арзанда мегузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандон тадбирҳои судманд меандешад. Аз ҷумла, бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ таъмиру таҷдид гардида, бо шароити муосир таъмин шудааст, ки ин нишонаи ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба кормандони соҳа мебошад.
Сипас, Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Алиҷон Рауфзода суханронӣ намуда, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бо Рӯзи милитсияи тоҷик табрик гуфт. Ӯ зикр намуд, ки бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти милитсия пайваста такмил ёфта, барои таҳкими қонуният, волоияти қонун ва густариши ҳамкории самаранок бо ҷомеа шароити мусоиди хизматӣ муҳайё гардидааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор кормандони намунавӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии ноҳия барои хизмати содиқона ва фаъолияташон бо Сипосномаҳо, Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинии идона бо барномаи пурмазмуни фарҳангӣ, сурудҳои ватандӯстона ва намоиши саҳнаҳои таҳиякардаи ҳунармандони маҳаллӣ идома ёфт, ки ба фазои тантана рӯҳбаландӣ ва эҳсоси ифтихор аз Ватану миллати тоҷик бахшид.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 38

Leave a Reply

Back to top button