Эълонҳо ва озмунҳо

ИЗҲОРОТ БА МАРДУМИ НОҲИЯИ АЙНӢ

Мардумони азизу фарҳангдӯсти ноҳияи Айнӣ!
Пас аз сафарҳо ва сайрҳои тӯлонӣ дар гӯшаҳои гуногуни ноҳия, дар деҳаҳои дурдасту наздик, миёни пирону ҷавонон, миёни сангу кӯҳу дараҳо, ба хулосае омадам, ки мо — фарзандони ин диёри бостонӣ — то ҳол диёри худро на он тавре, ки шояд, шинохтаем. Мо, бо тамоми таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва табиати нодири худ, ҳанӯз ҳам ба қадри ганҷинаи маънавии Ватани худ нарасидаем.
Ҳақиқат ин аст, ки дар тӯли таърих ҳеҷ як таърихнигори ноҳия натавонистааст тамоми воқеият ва шукӯҳи ноҳияи Айниро дар як асари мукаммал гирд оварад. То имрӯз таърихи пурғановати диёр, саргузашти деҳоти кӯҳсору ҳамвор, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, симоҳои барҷаста, ёдгориҳои бостонӣ ва анъанаҳои мардумӣ пурра муаррифӣ нашудаанд.
Вале диёри мо сазовори он аст, ки дар ҳар гӯшаи он китобҳо навишта шаванд. Аз ҳар сангу кӯҳ, аз ҳар чашма ва дара, аз ҳар бод ва хазони он метавон садҳо саҳифа офарид. Ин ноҳия сарзамини садҳо ранг аст — кӯҳҳои осмонбӯс, чарогоҳҳои сабзу васеъ, чашмаҳои мусаффо, кӯлҳои зебо, рӯдхонаҳои пуршор, ҷангалзорони анбӯҳ, гулу гиёҳҳои шифобахш, меваҳои хушлаззат ва табиати нотакрори он ганҷи беқиёсанд.
Дар ҳар деҳа осори гузаштагон боқӣ мондаанд — масҷиду манораҳо, харобаҳои қадима, нақшу нигори устоҳои маҳаллӣ, ҳунарҳои мардумӣ чун гачкорӣ, чӯбкорӣ ва дигар офаридаҳои хиради ниёгон. Ин ҳама меросест, ки бояд зинда нигоҳ дошта шавад.
Аз замони давлатдории Панҷу Суғдиён, аз қаҳрамониҳои Деваштич, аз осори Фалғар ва Бутамон то даврони Истиқлоли давлатӣ, ин сарзамин ҳазорҳо байту ғазал, қиссаю ривоят, достону афсона дар сина дорад. Аммо ку он фарзанди содиқ, ки ин ганҷро рӯшан кунад? Ку он қаламвару тадқиқотгаре, ки дар ҳар гӯшаи ин сарзамин таърихро зинда кунад ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад?
Имрӯз миллати дигар, аз ҷумла пантуркистон, таърих месозанд, ҳатто аз набудаҳо ривоят меофаранд. Вале мо, ки дорои таърихи зинда ва осори воқеӣ ҳастем, чаро хомӯшем?
Аз ҳамин рӯ, ман — ҳамчун як рӯзноманигор ва фарзанди ҳамин замини куҳанбунёд — ба ҳамаи ҳамдиёрони гиромӣ муроҷиат менамоям:
Биёед якҷоя таърихи ноҳияи Айниро зинда гардонем!
Ҳар як шахс, новобаста ба синну солу шуғл, метавонад саҳмгузор бошад. Агар шумо аз деҳаи худ маълумоте доред — дар бораи таърих, мардум, маконҳои ҷолиб, шахсиятҳои маъруф, ҳунарҳои суннатӣ ё ривоятҳои мардумӣ — лутфан онҳоро гирд оваред, нависед ва ба мо бирасонед.
Гумон накунед, ки як санг ё як хотира арзиши таърихӣ надорад. Маҳз аз ҳамин “сангҳои хурд” бинои бузурги таърих сохта мешавад. Ҳар як гӯшаи ин диёр бояд шинохта ва муаррифӣ гардад. Мо бояд омӯзем ва омӯзонем, нависем ва ҳифз намоем, то ки наслҳои оянда донанд, ки дар кадом ганҷина зиндагӣ доранд.
Мардум аз Аврупо, Амрико, Осиё ва Африқо бо орзую ҳавас мехоҳанд ин сарзамини куҳанро бинанд. Мо бошем, ки соҳиби онем, бояд пеш аз ҳама онро биомӯзем ва ба ҷаҳониён бо ифтихор муаррифӣ намоем.
Ҳеҷ миллат бе шинохти гузашта ва зодгоҳи худ пешрафта намешавад. Пас биёед мо ҳам бо ваҳдат, эҳсоси ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои таҳқиқ ва муаррифии ноҳияи зебоманзари худ — ноҳияи Айнӣ — саҳмгузор бошем.
Бо эҳтиром ва умеди ҳамкорӣ,
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор
Ватсап: +992929427000, почтаи электронӣ: fayzizarafshon1934@mail.ru

Leave a Reply

Back to top button