28-уми октябри соли 2024 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода семинар-машварати дастурдиҳӣ дар самти таҳияи дурнамо бо иштироки таҳиягарони дурнамо аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2024, 92-ф бо мақсади расонидани кӯмаки методӣ вобаста ба таҳияи дурнамои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 гурӯҳи кории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисон сафарбар гардида, семинар машваратҳои дастурдиҳӣ ба роҳ монда истодаанд.
Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ», фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, №92-ф, ва бо мақсади муайян намудани иқтидор, самтҳо ва нишондиҳандаҳои асосии таъминкунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои давраи миёнамуҳлат таҳия гардида, ба роҳ монда мешавад.
Зикр гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамо бояд дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи миёнамуҳлати иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин барномаҳои минтақавии рушди иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳатман ба инобат гирифта шаванд. Якҷо бо маводҳои дурнамо бояд маводҳои таҳлилӣ, ки вазъи иқтисоди соҳа, минтақа ва асосноккунии иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои дарназаргирифташударо пурра ва ҳаматарафа инъикос мекунад, ҳам дар шакли ҷадвал ва ҳам дар шакли матн пешниҳод карда шавад. Шуъбаву бахшҳо дар асоси пешниҳоди корхона, муассиса ва ташкилотҳо дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалро барои соли 2026 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2027-2028 таҳия намуда, дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод ва муаррифии нишондҳиҳандаҳои дурнаморо ба роҳ монанд.
Дар зимн, байни аъзоён гуруҳи корӣ ва иштиркчиёни семинар-машварати дастурдиҳӣ сӯҳбати озод сурат гирифта, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои қаноаткунанда гирифтанд.
Продвигайте эту публикацию,
44