масъалаҳои мубрам

Аҳдофи ҲНИ хиёнати имонист!

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир ва аз ҷумла дар Тоҷикистони азизамон имрӯзҳо гуруҳҳои ифродгаро фаъолят бурда истода, хоҳони ноороми давлат, ноосоиштагии мардуманд. Решаи фаъолияти ин гуруҳҳои бадкирдор ба ҲНИ рафта мерасад. Зеро ин ҳизб аз рӯзи таъсисёбиаш то ин дам ягон кори некеро барои мардум накардааст ва дар оянда натавонист кард. Роҳбарони ин ҳизб аз рӯзҳои аввали фаъолият интизори амру фармоиши хоҷагони хориҷии хеш буданду ҳастанд. Агар ин тавр намебуд, баъд аз ба имзо расидани Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон соли 1997, баъд аз бахшидани он гуноҳҳои бахшиданашавандаи солҳои 90-уми аъзоёни ин ҳизб аз тарафи давлат, боз даст ба фитнаву фиребу корҳои разил заданд.
Дар асл ин ҳизб, ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб ёфта, 26 октябри соли 1991 таъсис дода шуд ва моҳи декабри ҳамон сол сабти ном гашта буд. Пас аз Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон соли 1999 дубора ба расмият шинохта шуда буд.
Дар давраи ягоне аз роҳбарони ин ҳизб халқу давлат ягон нафъ надидабуд, ба ғайр аз хиёнат. Ҳол он, ки ин ҳизб аҳдофи худро чунин тавсиф мекард: “Бо инояти Худованди муттаъол, пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ (с) ва эътимод ба неруву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта, озода ва босубот, расидан ба авлавияти қонун ва адолати иҷтимоӣ, мардумсолор, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию маҳзабӣ ва умумибашарӣ”.
Сад афсус, ки ин ҳадаф ақалан маротибае дар нӯги забони роҳбарону аъзоёни ин ҳизб гирд гардон нашуда буду, худ бехабр буданд, ки ин ҳадафро ки муайян карда бошад. Чунки, нафаре аз аъзоёни ин ҳизб ба Паёмбари гиромӣ (с) дар ду дунё пайравӣ карда наметавонанд. Тамоми фаъолияташон на эътимод ба хиради мардум, балки роҳандозӣ намудани мардум ба гумроҳӣ, на ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта, балки дида натавонистани пешравӣ ва амсоли инҳо ҳадафашон буд гӯем хато намекунем. Дар умум ин ҳизб аслан дини мубини Исломро расидан ба сиёсат, воситаи тафриқаангезии мардум ва яроқи асосӣ бар зидди мусулмонҳо карду халос.
Аз оғоз, ҲНИ баҳри хиёнат ба мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон фаъолият кардаасту бас. Агар хиёнат ба халқу Ватан намешуд, аз хоҷагони хориҷиашон тақозо намекарданд, ки ба сиёсати дохилии ин кишвар дахолат кунанд. Ҳол он, ки ин хиёнатҳоро худи мардум дарк карда, ихтиёрӣ аз аъзогии ин ҳизби хиёнаткор даст кашидаанд.
Гарчанд, имрӯзҳо дар кимкадом гӯшаи дунё нишаста, бо дастнигаронӣ ба хоҷагонашон тавассути ВАО ҳаргуна овозаҳо бароварда, мехоҳанд сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилии мардуми тоҷикро халалдор намоянд, маънӣ ҳам надорад ва бефоидааст. Зеро мардуми бохиради тоҷик дигар бор фирефтаи ин гуна ҳизби хиёнаткору роҳбарони хоҷадор нахоҳад шуд.
Кучибоев Ш.И. – мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
Возможно, это изображение текст
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться
Back to top button