масъалаҳои мубрам

Ҳифзи пиряхҳо ва моҳияти асосии он

Воқеъан пиряхҳо яке аз манбаъҳои асоси обӣ дар тамоми кишварҳ ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо пирях неъмати асоси ҳисобиди мешвад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагони намуда умр ба сар барад. Бояд гуфт, ки пирях аксар вақт ҳамчн синоними пирях шави истифода мешавад. Барои дар сатҳи байналмилали ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо самҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳануз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни эътилофи обу иқлим пешвои миллат, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки об шавии ба суръати пиряхҳо дар баробари зиёд шави истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳоли ва рушди иқтисоди вобастаги дорад , метавонад ба оқибатҳои манфи оварда расонад . Ба назардошти ин президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масалаи мазкур дар сатҳи байналмилали соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва рузи байналмилали ҳифзи пиряхҳо муайян гардида бунёди махсуси байналмилали ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Ин иқдом дар таърихи 14уми декбри соли 2022 аз ҷониби маҷмуаи умумии СММ зимни иҷлосияи 77уми худ қатномаи «2025 соли байналмилалии щифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбари шуда буд бо иттифоқ онро қабул кард.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул ва еълон гардид.
Қайд кардан бо маврид аст, ки пиряхҳо масаҳои ях мебошанд ва он дар минтақаҳои куҳи бо барфи доими ҷамъ мешаванд ва қисми поёнии онҳо мисли дарё оҳиста оҳиста лағжида меоянд. Пирях дар шароити татқиқи геологи водиҳо ва куҳҳо аҳмияти ниҳоят калон пайдо мекунанд. Ҳамчун як делели ҷолиб мо бояд қайд кунем,ки мувофиқи тарзи муайн кардани мафҳуми ҷуғрофияви, физики, ки ба номи пиряхология маълум аст, ки яке аз хусусиятҳои асосии он мавҷудияти яхбанди дар ҳарду нимкурраи (ҷануби ва шимоли) мебошад. Гумон мервад, ки пиряхҳо боқимондаҳои давраи охирини яхбанди мебошанд. Дар он вақт ҳарорат ниҳоят паст яхро маҷбур мекунад, ки ба марзҳои поёнтар равон шаванд, ки иқлимҳоло гар мешавад.
Дар бораи об Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Милли Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд суханрони намуда фикру ақидаҳои худро оиди масалаи об ба ҷаҳониён пешниҳод гардониданд.
Тоҷикистон аз захираи об бой буда қариб 7000 пирях, 155 ҳазори кули гуногун ҳаҷм даҳҳо ҳазор чашмаоби оддию маъдании бешумор дорад.
Перомуни ин маъсала президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд, ки : «Тоҷикистон,алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат , як пора биҳишти руи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор оби софу зулол чашмаҳо ширин куҳҳои зебову сар баланди дорои сарватҳои бой зери замини дар ягон гушаи олам вуҷуд надорад . Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем ин ҳама дороиашро ки сарчашмаи ҳаёти мост тозаю озода нигоҳбон бошем».
Боиси ифтихор аст, ки ин қаднома пешниҳодҳои ишора шудаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Милли президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгири ёфтаанд аз ҷумла:
-Эълон гардидани 21уми март ҳамчун рузи байналмилали ҳифзи пиряхҳо :
-Эълон шудани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии пиряхҳо :
-Дар назди СММ таъсис дода ни фонди боварии байналмилали барои саҳмгузори ба ҳифзи пиряхҳо:
-Дар соли 2025 доир намудани конфронси байналмилали оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Воқеан, вобаста ба афзоиши нуфузи аҳолӣ дар ҷаҳон ба тағйирёбии иқлим норасогии оби нушоки бо шидат меафзояд. Ҳама сола танҳо тавасути маълумоти расми дар руи замин бо сабаби сифати пастии об ва норасогии оби сифатнок 4,5 миллион одамон ҳалок гашта он қариб 1 миллиарду 200 миллион бо маризиҳои мухталлиф гирифтор мегарданд.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст дар асоси пешниҳоди Пешвои Миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Милли Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз дар ҷумҳури Тоҷикистони азизи мо конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо рафтаистодааст.
Омузгори МТМУ № 28,
Набиев Раҷаб

Leave a Reply

Back to top button