масъалаҳои мубрам

Ҳифзи пиряхҳо

Дар бораи об Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз минбарҳои баланд суханронӣ намуда, фикру ақидаҳои худро оиди масъалаи об ба ҷаҳониён пешниҳод гардонанд.
Воқеъан, пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагонӣ намуда, умр ба сар барад. Бояд гуфт, ки пирях аксар вақт ҳамчун синоними пиряхшавӣ истифода мешавад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст.
Бояд қайд намуд, давоми солҳои охир таъсири манфии гармшавии иқлим, тасодуфан обшавии пиряхҳо мушоҳида мегардад, ки метавонад оқибатҳои номатлуберо чун, тақсимоти нодурусти об дар обанборҳои сунъӣ, неругоҳҳои барқии обӣ, киштзорҳо, маҳалҳои ахолинишин ба миён орад. Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст: «Дар давоми чанд даҳсолаи охир дар кишвари мо қариб сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо аз байн рафт, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Миёна аз он ташкил карда мешавад. Бо дарназардошти ин, кишвари мо дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалии худ барои эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҷлил намудани Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саъй дорад. Дар робита ба тағйирёбии иқлим, бесобиқа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва оқибатҳои манфии ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар олимони моро зарур аст, ки дар ин минтақаҳо якҷо бо олимон тадқиқот, ва мониторинги доимиро ба роҳ монанд».
Ҷанбаи дигари муҳими тағирёбии ҷаҳонии иқлим таъсири он ба захираҳои оби тозаи ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об манбаи ивазнашавандаи дорои аҳамияти бузург барои рушди устувор, таъмини ҳаёт дар сайёра, таъмини саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолии сайёра мебошад.
Бинобар тағйирёбии иқлим, мушоҳидаҳои бесобиқаи ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва муайян намудани окибатҳо барои ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки тадқиқотҳои муҳим анҷом дода шавад. Ҷанбаи дигари муҳими тағирёбии ҷаҳонии иқлим таъсири он ба захираҳои оби тозаи ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об манбаи бебаҳоест, ки барои рушди устувор, таъмини ҳаёти сайёра, саломатӣ ва зиндагии мардуми сайёра зарур аст.
Дар айни замон дар шароити тағйирёбии иклим дар замин, махсусан дар ноҳияҳои хушки сайёра масъалаи бо об таъмин намудани соҳаҳои иктисодиёт, ки ба захираҳои оби ширин вобастаанд, хеле тезутунд аст. Ташвишовараш дар он аст, ки захираи оби тоза кам шуда, солҳои охир сифати он бад мешавад.
Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем». Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Аслан пиряхҳо аз қисматҳои гуногун иборат мебошанд:
Минтақаи ҷамъкунӣ;
Минтақаи бекоркунӣ;
Тарқишҳо;
Моренес;
Терминал;
Чунин намуди гуногуни пиряхҳо мавҷуданд:
Пиряхи баландкӯҳ;
Сирки пиряхҳо;
Кӯлҳои пиряхӣ;
Водии пиряхҳо;
Инландсис;
Друмлинс;
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шуда истодааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Ин мафҳумро бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси маълумотҳои ба даст овардаи муҳақиқон пешниҳод менамоянд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф ба ҳисоб меравад, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи оби баҳрҳо таъсир расонида метавонад. Аз ин рӯз моро зарур аст, ки мо бояд обро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, чунки бе об дар олами ҳастӣ ҳайёт вуҷуд надорад.

Leave a Reply

Back to top button