
Пиряхҳо яке аз захираҳои муҳими оби ширин дар рӯйи Замин мебошанд онҳо нақши муҳим дар танзими иқлим, захиракунии об ва нигоҳ доштани муҳити зист доранд. Аммо тағйирёбии иқлим фаъолияти инсон ва гармшавии глобалӣ боиси об шуданӣ пиряхҳо дар тамоми ҷаҳон аз ҷумла дар Тоҷикистон шудааст. Манбаи оби ширин пиряхҳо зиёда аз 70% -и оби ширини Заминро дар бар мегиранд. Дар мавсими тобистон онҳо ба обшави шурӯъ карда дарёҳоро бо об таъмин мекунанд. Пиряхҳо нури офтобро инъикос намуда дар коҳиши ҳарорати атмосфера саҳм мегиранд. Обҳои пиряхи барои наботот ва ҳайвоноти куҳӣ аҳмияти ҳаётӣ доранд.
Хатари аз байн рафтани пиряхҳо.
Дар чанд даҳсолаи охир бисёре аз пиряхҳо дар ҳоли хурд шудан ё пурра нобуд гардидананд баъзе омилҳои асосии ин раванд: гарм шавии глобалӣ. ифлосшавии муҳити зист , истифодаи беандозаи захираҳои табии ҷангалбурӣ ва тағйирёбии рӯйпӯши Замин мебошанд.
Яке аз масъалаҳои умдаи байналмилли, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он кашидааст «Коҳиши пиряхҳо дар курраи Замин» мебошад. Қобили зикр аст , ки пиряхҳо манбаи асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор рафта, бо об таъмин кардани аҳолӣ хизмат менамоянд. Ҳифзи пиряхҳо бо реҷаи миллӣ ва байналмиллалӣ , ҳамчунин ташшабусҳои давлату созмонҳои байнанлмиллалӣ роҳ андозӣ мешавад. Дар сатҳи байналмиллалӣ иқдоми ҳимояи пиряхҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон пешбари намуд, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои гуногун ҷонибдорӣ гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳануз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки об шавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об ,ки аз афзоиши аҳоли ва рушди иқтисоди вобастаги дорад,метавонад ба оқибатҳои манфи оварда расонад бо назар дошти ин Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаскур карданд ба масъалаи мазкур дар сатҳи байнанмиллалӣ соли 2025 ҳамчун соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва рӯзи байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида бунёди махсуси байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо таъсисдода шавад. Ин иқдом 14.12. 2022 аз ҷониби Маҷмаии Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимнииҷлосияи 77- уми худ қатъномаи «2025 – Соли Байналмиллалиии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбари шуда буд қабул кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз минбари баланд Суханрони намуда фикру ақидаҳои худро оиди масъалаи об баҷоҳониён пешниҳод намуданд. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброздоштанд,ки «Тоҷикистон як неъмати Худодод, як муъҷизаи табиат як пораи биҳишти рӯйи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин куҳҳои зебову сарбаландӣ дорои сарватҳои бойи зери заминӣ дар ягон гӯша иолам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин идиёри зебо манзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаву озода нигаҳбон бошем».
Имрӯз моро зарур аст, ки бо ифтихор аз миллату давлатдорӣ баҳри дар сатҳи баланд амали гаштани ин ташшабуси навбати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар Тоҷикистон беш аз 8000 пирях мавҷуд аст, ки 19- тои он хеле бузурганд. Оби тозае, ки аз пиряхҳо ҷори мешаванд натанҳо барои Тоҷикистон балки барои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле заруранд.Давоми даҳсолаи охир зери таъсирёбии иқлим баъзе пиряхҳои калон хурд шуданд. Ба таъкиди донишмандон раванди обшавиии пиряхҳо амалӣ табиии мебошад аммо инсоният бояд онро пешгири намояд. Ҳар як фарди барнодили миллат бояд дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ камеҳам бошад саҳми арзандаи худро гузорад. Мо бояд пеш аз ҳама сабабҳои об шавии ё бухор шавии пиряхҳоро бояд донем . Чунин ба назар мерасад, ки ҳарорати паст барои боздоштани пиряхҳо лозим аст. Аксарияти мо гумон дорем, ки сабаби асосии бухоршавииии пиряхҳо ин баланд гардидани ҳарорат дар курраи Замин мебошад. Ва бовари дорем, ки ҳарорати паст барои боздоштани обшавии пиряхҳо лозим аст. Мо бояд донем, ки Антарктида шӯруъ аз соли 1991 тибқи «Протоколи ҳифзи муҳити зист ба Шартномаи Антарктида» ҳифз шуда истодааст аммо бо як чанд сабабҳои дигар обшавии қабатҳои ях идома дорад. Ҳамаи ин омилҳо инсониятро маҷбур месозад,ки гоҳе сар базонуи андеша ниҳад.ва бахулосаи муайяне ояд . Дар атмосфераи Замин гази карбон ва дигар газҳои ифлос аз меъёр зиёд шуда истодаанд. Ин ҳолат таъсири нигоҳдоштани гармиро бавуҷуд меорад ва имкон намедиҳад, ки он ба атмосфера равад Замин гарм мешавад ва сабаби обшавии пиряхҳо дар дигар паёмадҳои манфӣ мегардад. Бар асри онҳо одамон дар тамоми сайёра ранҷ мекашанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки табиат ва иқлими минтақаҳои Тоҷикистон сол аз сол тағйир ёфта истодаанд. Чунон чи мо медонем дарахтон карбон ҷамъ мекунанд ва захира мекунанд. Аз ин бар меояд,ки яке аз сабабҳои асосии обшавии пиряхҳо ва обхезиҳои шадиду омадани сел ин несту нобуд гаштани ҷангалзорҳо мебошад. Бунёд намудани боғу ҷангалзорҳо яке аз роҳҳои осонтарини ҳифзи табиат ва пиряхҳо мебошад.
Пиряхҳо сарчашмаи ҳаёт ва омили муҳими табии таъмини оби тоза мебошанд. Онҳо бояд ҳифз ва муҳофизат карда шаванд, зеро бе пиряхҳо натанҳо муҳити зист балки зиндагии инсон низ зери хатар мемонад. Мо ҳамчун шаҳрвандони масъул дар ҳифзи пиряхҳо саҳмгузор бошем. Бо кам кардани ифлосшавии муҳит, сарфакорона истифода бурдани об ва баланд бардоштани маърифати экологӣ. Онҳо обро дар шакли ях нигоҳдошта таҷриҷан бавоситаи обшави обанборҳо, дарёҳо ва чашмасоронро таъмин менамоянд. Дар шароити Тоҷикистон ва дигар кишварҳои дорои кӯҳистон пиряхҳо нақши муҳим аст. Таъмини оби нӯшокӣ обёрикунии Замин ва истеҳсоли неруи барқ доранд.