масъалаҳои мубрам

Омӯзиши забони хориҷӣ муҳим аст

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 21-12-2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид буд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бори дигар диққат дода, хотирнишон намуданд, ки ҳар як ҷавони тоҷик бояд ҳадди ақал ду забон (англисӣ ва русӣ) – ро аз худ намоянд: «Зарур аст, ки барои боз ҳам барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

Ҳангоми омӯзиши забони хориҷӣ дар машғулиятҳо ва ё дар корҳои беруназсинфӣ ба ташкил намудани корҳои мустақилона аҳамияти махсус дода мешавад. Малакаҳои омӯзишро дар хонандагон ташаккул дода, майлу хоҳиши доимии такмил додани сатҳи забондонии онҳоро тарбия намудан айни муддаост. Ба ин васила, дар дарсҳо роҳу усулҳои гуногуни корҳои мустақилона ба роҳ монда мешаванд. Барои ин, ба мисолҳо суратҳои ранга ва нақшаҳо бояд бештар такя кард. Маводи дидактикӣ ва сабти овозҳо низ хеле муфид мебошад. Ба хонандагон ёд додани истифодаи мустақилона аз луғат, китобҳои дарсӣ, маълумотномаҳои грамматикӣ, кишваршиносӣ ва инчунин, воситаҳои таълимӣ зарур аст. Истифодаи доимии ҳуҷраи гингофонӣ ва компютерӣ вақтҳои берун аз дарс барои корҳои мустақилонаи талабагон, ташаккули талаффуз ва нутқи шифоҳӣ зарур шуморида мешавад. Корҳои беруназсинфиро вобаста ба синну соли хонандагон, майлу рағбат ва сатҳи забондонии онҳо ташкил кардан ба мақсад мувофиқ мебошад. Вазифаҳои асосии кори беруназсинфӣ аз такмил додани нутқи хаттиву шифоҳӣ, ки дар рафти машғулиятҳо ба даст оварда мешавад, иборат буда, хонандагон ба худомӯзӣ омода менамоянд.

Се намуди асосии корҳои беруназсинфии забони хориҷиро фарқ кардан зарур мебошад. Инҳо фардӣ, гуруҳӣ ва умумиянд. яке аз шаклҳои корҳои беруназсинфӣ маҳфилҳо ба шумор мераванд. Маҳфилҳо моҳиятан ташаккули маҳорати нутқи шифоҳӣ, хониши матнҳои бадеӣ ба забони хориҷӣ ва муҳокимаи онҳоро бо забони хориҷӣ дар бар мегирад. Мазмуни корҳои беруназсинфӣ ба болоравии сатҳи забондонии хонандагон кумак намуда, майлу рағбати онҳоро ба забономӯзӣ бедор менамоянд. Хонандагонро бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангии халқҳои ҷаҳон ошно сохта, барои тарбияи онҳо таъсири муфид мерасонад.

Дар тарбияи шахсияти мактаббача омӯзиши забонеи хориҷӣ нақши муҳим бозида, ҷаҳонбинӣ, тафаккур, хотира, эҳсос ва ҳиссиёти хонандаро афзун мегардонад.

Хонандагон усулҳои меҳнати фикрӣ, мазмуну муҳтавои китобҳои таълимӣ, машқҳои лингофонӣ, сабти овоз, истифодаи маълумотномаҳои гуногуну асбобҳои аёнӣ, маҳорати худназораткунӣ ва худислоҳкуниро аз бар менамоянд. Ҳамзамон хонандагон бо чеҳрраҳои шинохтаи аҳли ҳунар, аз ҷумла, рассомон, меъморон, шоиирон ва нависандагону олмон шинносоӣ пайдо мекунанд.

 

Тошова Мумина,

омӯзгори МТМУ №56 – и

ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Хабарҳои дигар
Close
Back to top button