масъалаҳои мубрам

Пиряхҳо ганҷи нодири табиат

Пиряхҳо ганҷи табиӣ ва сарчашмаи ҳаёти инсоният мебошанд. Онҳо захираи бузурги оби тозаи сайёра ҳастанд ва нақши муҳим дар таъмини об, танзими иқлим ва дастгирии экосистемаҳо мебозанд. Аммо, имрӯз бо сабаби гармшавии глобалӣ ва фаъолияти нодурусти инсонӣ, пиряхҳо бо хатари ҷиддии нобудшавӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Пиряхҳо дар Тоҷикистон
Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои шумораи зиёди пиряхҳост. Дар кишвар зиёда аз 13 000 пирях мавҷуданд, ки қариб 60% захираи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз ҳамин пиряхҳо сарчашма мегирад. Яке аз калонтарин пиряхҳои Тоҷикистон Пиряхи Федченко мебошад, ки дарозии он тақрибан 77 км аст ва дар байни пиряхҳои континенталӣ бузургтарин ба шумор меравад.
Чаро пиряхҳо нобуд мешаванд?
Сабабҳои асосии обшавии пиряхҳо инҳоянд:
Гармшавии глобалӣ (иқлим тағйир меёбад);
Ифлосшавии ҳаво ва муҳити атроф;
Беэҳтиромӣ нисбат ба табиат ва истеъмоли беандешаи захираҳо;
Коҳиши ҷангалҳо ва гудозиши сатҳи ях;
Танҳо дар чанд даҳсолаи охир Тоҷикистон беш аз 30% майдони пиряхҳои худро аз даст додааст. Ин хатари азим барои ояндаи оби нӯшокӣ, кишоварзӣ ва амнияти экологӣ мебошад.
Мо чӣ кор карда метавонем?
Ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи экологҳо, балки масъулияти ҳар як инсони боинсоф аст. Мо метавонем чунин иқдомҳоро дастгирӣ ва амалӣ кунем:
Истифодаи оқилонаи об ва энергия.
Тарғиби дониши экологӣ дар байни наврасон ва ҷавонон
Ҳифзи ҷангалҳо ва табиати кӯҳӣ;
Иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ барои тозагии муҳити зист;
Дастгирии сиёсати давлатӣ ва байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо.
Хулоса
Пиряхҳо на танҳо ях ва барфанд — онҳо ҳаётанд. Онҳо сарчашмаи рӯдиҳо, кишоварзӣ, оби нӯшокӣ ва муҳити солиманд. Агар мо имрӯз онҳоро муҳофизат накунем, фардо наслҳои баъдӣ бо бӯҳрони об ва иқлим рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Боқиев Хушнуд омӯзгори МТМУ√48 деҳаи Каздон

Leave a Reply

Back to top button