
Яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва имкониятҳои иҷтимоиро боз медорад, боварии инсонҳоро ба худтакмилдиҳӣ коста гардонида, нияту орзуҳои ояндаи насли ҷавонро барҳам медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрўву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмўъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».
Коррупсия ҳамчун падидаи иҷтимоӣ бо иқтисодиёт, сиёсат, ҳуқуқ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, низоми ҳокимият ва идора, ниҳодҳои демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва суннатҳои миллии кишвар робитаи печида дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия пайваста чораҳои муассирро роҳандозӣ намуда, баҳри пешгирии коррупсия ва паст намудани шиддати он дар муқовимати ҷиддӣ қарор дорад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омўхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем».
Муқовимат ба коррупсия ва пайдоиши ҳуқуқи зиддикоррупсионӣ дар вазъияти хеле мушкили иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар оғоз ёфт. Аз замоне ки Тоҷикистони пасошўравӣ бо зуҳуроти калонҳаҷми коррупсия дучор шуд, зарурати воқеии истифодаи воситаҳои ҳуқуқӣ ва механизми муқовимат алайҳи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ҳам ба миён омад.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин лиҳоз соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагии пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» мавриди амал қарор гирифт, ки он заминаи аввалини ҳуқуқи зиддикоррупсиониро ба вуҷуд овард. Айни ҳол қонунгузории зиддикоррупсионӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, такмили меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти зиддикоррупсионӣ идома ёфта истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ҳадаф як қатор санадҳои байналмилалӣ, қонунҳо, стратегияҳо ва лоиҳаҳои мушаххасро оид ба пешгирии коррупсия ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ таҳия намуда, барои давраҳои нисбатан дарозмуддат қабул ва тасдиқ намудааст.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия аз 31 октябри соли 2003 яке аз ин санадҳои муҳимми байналмилалӣ ба шумор меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 онро маъқул шуморида, ба он ҳамроҳ гаштааст.
Оид ба масъалаи пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар се маротиба қонун қабул шуд, ки ин ҳам бошад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия аз 25 июли соли 2005 ва баъдан Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 мебошанд, ки ин иқдомҳо барои ташаккули минбаъдаи муқовимат ба коррупсия дар ҷумҳурӣ самараи дилхоҳ ба бор оварданд.
Тибқи муқаррароти моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 дар ҷумҳурӣ як қатор чораҳои пешгирии кирдорҳои зиддикоррупсионӣ муайян гардидаанд, ки барои аз байн бурдани ин зуҳуроти нанговар ҳамаҷониба мусоидат намуда, бо роҳҳои зерин амалӣ мегарданд:
а) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;
б) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;
в) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;
г) мониторинги зиддикоррупсионӣ;
д) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
е) чораҳои назорати давлатии молиявӣ;
ё) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;
ҷ) мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;
з) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда;
Воқеан, коррупсия дар айни замон масъалаи глобалӣ ба ҳисоб меравад, зеро аз ин зуҳурот одамон дар аксар кишварҳои олам ранҷ мебаранд. Хосатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди он тамоми ниҳодҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза мебаранд. Бахусус доир ба ин зуҳуроти номатлуб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, ки “Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст».
Бо назардошти хусусиятҳои кирдорҳои коррупсионӣ ва мушкилоти муқовимат ба ин зуҳуроти нанговар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 – уми январи соли 2007, №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Бо мақсади пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар се стратегияи миллии муқовимат ба коррупсияро дар солҳои зерин қабул кардааст, ки дар онҳо чораҳои зарурии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидошта роҷеъ ба муқовимат ба коррупсия пешбинӣ гардидаанд:
-Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 бори якум “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”;
-Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 бори дуюм “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020”;
-Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 бори сеюм “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
Бинобар ин, ҷараёни решакан кардани коррупсия ва сабабу омилҳои ба он алоқаманд, пеш аз ҳама, ба ташаккули давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи пурқуввати шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои шаҳрвандон ва фаъолияти озоди иқтисодию соҳибкорӣ, инчунин масъулиятнокӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста аст.
Аз рўи таҳлилҳои сотсиологӣ метавон якчанд чораҳои нисбатан самараноки иқтисодӣ ва иҷтимоию равонии мубориза бо коррупсияро дар шароити кунунии кишвар номбар кард, ки то андозае ба коҳиш ёфтани хавфи коррупсия мусоидат менамоянд. Ба ин чораҳо дохил мешаванд:
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ;
Бедор кардани ҳисси нафрат оид ба коррупсия дар вуҷуди насли наврас;
Тарбия ва интихоби дурусти кадрҳои оянда ва омода будани онҳо дар муқовимат ба коррупсия;
Ба шароити бозорӣ мувофиқ сохтани музди меҳнат;
Муҳайё сохтани ҷойҳои кории нав ва ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони қобили меҳнат;
Ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар мубориза бо коррупсия;
Тарбияи таҳаммулпазирӣ нисбат ба коррупсия;
Бештар кардани иттилоотрасонии воситаҳои ахбори омма оид ба хавфи коррупсия дар байни аҳолӣ.
Аз ин лиҳоз ибрози андеша дорем, ки дар баробари самтҳои болозикр яке аз чораҳои пешгирии коррупсия ин ҷараёни таҳкими қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва бо талаботи ҷомеа такмилдиҳии он ба шумор меравад, зеро мукаммалии қонунҳои соҳавӣ дар ин ҷода ба рушди муътадили иқтисодиёт мусоидат намуда, вусъатёбии рақобати озодро дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ тақвият мебахшад.
Дар ин самт аҳолӣ низ бояд фаъол ва ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худро ҳифз ва иҷро намояд. Чунки риояи қонунҳо дар ин самт имконият медиҳад, ки неруи эҷодии одамон инкишоф ёбад ва аҳли ҷомеа аз фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ истифода намуда, рушди рақобати одилонаро тақвият диҳанд.
Бинобар ин, нақши маърифати баланди ҳуқуқӣ дар пешгирии ҷиноятҳо ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо, хосатан ҳуқуқвайронкуниҳои зиддикоррупсионӣ аҳамиятнок мебошад.
Нозир оиди муқовимат ба коррупсияи
шуъбаи минтақавии Агентии назорати
давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон,
майори адлия Шамсуллозода К.З.