
Аҷдоди тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ карда халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Як замон ин сарзамин номи Хуросонро дошт, ки гузаштагони мо тоҷикон дар он ҳукмрон буданд. Кишвари Хуросон ҳанӯз аз асрҳои III-IV дар давлати Сосониён арзи вуҷуд карда, ҳудуди сарзамини Эрону Афғонистони имрӯза ва Вароруд – Мовароуннаҳрро, дар бар мегирифт, ки сокинонаш форсизабон буданд. Минбаъд ин истилоҳи ҷуғрофӣ ба сарзамини соҳили чапи дарёи Аму – Вахш, яъне ба ҳудуди имрӯзаи Туркманистони ҷанубӣ, Эрони шарқӣ ва Афғонистон низ нисбат дода мешуд. Хуросон пеш аз ислом ва дар асрҳои нахустини исломӣ дорои масоҳати азиме буда, бахшҳое аз сарзаминҳоеро, ки акнун Осиёи Марказӣ ва Афғонистонаш меноманд, фаро мегирифт. Ба он шаҳрҳои калон ба монанди Балх, Ҳирот, Ғазнӣ, Нишопур, Тус Марв, Самарқанд ва Бухоро шомил буданд. Аммо, баъдтар номи «Хуросони Бузург» барои тавсифи як минтақаи калонтар истифода мешуд, аз ҷумла Мовароуннаҳр, Суғд дар шимол, дар ғарб то баҳри Каспий, дар ҷануб аз ҷумла биёбони Сиистон, дар шарқ то ба кӯҳҳои Ҳиндукуш дар Афғонистон тӯл мекашид. Ҷуғрофияшиносони араб ҳатто аз васеъ кардани сарҳадҳои ин минтақа то Ҳиндустон, то водии Ҳинд, ки ҳоло дар Покистон аст, зикр кардаанд. Сарчашмаҳои асрҳои XIV—XVI изҳор мекунанд, ки Қандаҳор, Ғазнӣ ва Кобулистон дар Афғонистон қисми шарқии Хуросонро ташкил медоданд, ки ба таври ҳудудӣ бо Ҳиндустон мепайванданд.
Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ аз калимаи авестоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Дар замонҳои қадим аҷдодони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд.
Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто ва Ведҳо, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст.
Дар қадим аҷдоди ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX—XV-и пеш аз милод онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кӯчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи миёна ва Эрони Шарқӣ зиндагӣ мекарданд ва Авесторо офариданд. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX—VIII-и то милод тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ — Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд.
Ба қатори халқҳои ориёӣ ин давра –бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо — скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигари эронинаҷод дохил мешуданд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно – Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён, Турон – Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодони ориёӣ номбар шудааст.
Водии Зарафшон, ҳудуди Суғди Бостон яке аз қадимтарин бошишгоҳҳои тоҷикон ба шумор меравад, ки дар он одамон аз ҷараёни зиндагии худ осори зиёде боқӣ мондаанд. Дар ноҳияи Айнӣ ёдгориҳои гуногуни таърихӣ ба шакли теппаҳои сунъӣ, қалъаю шаҳрҳои вайрона, гӯрхонаҳои қадим ва ғайра мавҷуданд, ки зиёде аз онҳо то кунун мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд.
Болооби Зарафшон, бахусус ноҳияи имрӯза Айнӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофии асрҳои миёна бо номи Бутамон машҳур аст. Бутамон яке аз бошишгоҳҳои қадимтарини инсон ба шумор меравад. Бостоншиносон дар Колхозчиён олотҳои давраи сангинро кашф карданд, ки онҳо ба 50 ҳазорсолаи пеш аз мелод нисбат доранд. Дар назди деҳаи Ёрӣ табари биринҷиеро ёфтанд, ки он дар ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод сохта шудааст. Осори давраи сангин ва мисин дар бисёр ҷойҳои ин диёри қадим ёфт шудаанд.
Аввалин маълумоти хаттиро дар бораи Бутамон дар сарчашмаҳои суғдӣ ва арабии асри VIII мелод пайдо менамоем. Мувофиқи ахбори ҳуҷҷатҳои суғдӣ, ки дар кўҳи Муғ, дар яке аз рустоқҳои Бутамон – Паргар (Фалғар) ёфт шудаанд, Бутамон тахминан аз солҳои 715 то 722, яъне дар охири давраи ҳукмронии Деваштич ба ҳайати давлати Панҷ дохил мешуд. Дар Бутамон фармондори шоҳ Деваштич меистод. Фармондор аз болои ҳамаи деҳаҳо ва рустоқҳои Бутамон ҳукмронӣ мекард. Дар ин ҳуҷҷатҳо номҳои бисёр рустоқҳои Бутамон, ба монанди Мадрушкат (Мадчо), Парғар (Фалғар), Моғиён, Киштут ва деҳаҳои Марғузор, Вешист, Кум, Мадм, Зировадк, Искодар, Хушикат, Варз, Фатмев, Похут, Шавкат, Вешаб, Фатмовут, Дарғ, Марғ, Вардаккат, Курут, Саритоғ, Утоғар, Вишак ва ғайраҳо зикр ёфтаанд.
Чанде пеш дар мавзеи Сари Майни деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ гӯрхона ё худ дахмаи қадимае ёфт шуд. Маънии дахма -сардоба, хонаи зеризаминие аст, ки дар он ҷасади оташпарастонро мегузоштанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ дахма ҳамчун қабристони зардуштиён маънидод мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки пеш аз дини мубини ислом дини зардуштӣ амал мекард ва мувофиқи расму оини зардуштиён чор унсури табиат: замин, об, оташ ва ҳаво муқаддас ҳисобида шуда, онҳо мурдаро дафн намекарданд. Зардуштиён мурдаро дар теппаҳо мегузоштанд ва вақте ки паррандаҳо гӯшти одамиро хӯрда тамом мекарданд, устухони онҳоро ҷамъ карда, дар хумҳои гилин ё дар устадонҳо (ассуарӣ) мегузоштанд. Чунин анъана ҳанӯз дар деҳаи Дар – Дари ноҳияи Айнӣ идома дорад. Мардуми деҳаи Дар – Дар онро сағона меноманд, ки дар адабиётҳо ин воҷа ба маънии устағона, устухонхона ва ё устадон истифода мешавад. Олимон дахмаро тобути давраи то ислом низ меноманд. Одатан, дар дохили дахмаҳои қадима токча мавҷуд буда, дар он то 10 устадон гузошта мешуд. Дахма намудҳои гуногун дошта, бо ҳаҷми худ фарқ дошт. Дахма бошад, авлодӣ ҳисобида шуда, қисми пеши онро бо лойоба мепӯшонданд. Дар вақти лозима лойобаро кӯчонида, устухонҳои майитро ба дахма мегузоштанд ва бозпас бо лойоба маҳкам мекарданд.
Охирҳои соли 2024 оид ба дарёфти дахма бо ҷасади мумиёшуда дар мавзеи Сари Майни деҳаи Искодар маълумот рӯ зад. Роҳбарияти МД “Осорхонаи миллӣ” ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ-ҷустуҷӯйӣ ба мавзеи мазкур экспедитсияи бостоншиносӣ ташкил намуд. Вобаста ба ин, дар асоси Иҷозати №*0026*-и мақоми ваколатдори давлатӣ – Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ Бобомуллоев Муҳсин сафарбар карда шуд.
Дар натиҷаи таҳқиқу омӯзиш муайян гардид, ки воқеан, дар мавзеи Сари Майн дахмаи дуҳуҷрадор мавҷуд буда, дар дохили он зиёда аз 20 адад ҷасад (скелет) дафн карда шудааст. Аз миёни онҳо 3 ададашон мумиёшуда буда, 1 ададаш дар ҳолати хеле хуб қарор дорад. Ин ҷасади мумиёшуда, дасту пой, пушт ва аз ҳама муҳим симояш қариб пурра боқӣ мондааст.
Аҳамияти таърихии ин ҷасади мумиёшуда дар он аст, ки чунин бозёфт хеле нодир буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба кашф шудааст. Ба мисли ин ҷасади мумиёшуда дар Ҳавзаи Тарими Қошғари Чин (ибтидои асри ХХ) ва дар Ҷумҳурии Қирғизистон (1956) бозёфт гардидаанду халос.
Роҳбарияти Осорхонаи миллӣ тасмим дорад, ки ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши пурраи мавзеи Сари Майн дар мавсими оянда бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ экспедитсияи илмӣ-бостоншиносӣ ташкил намуда, ҷасади мумиёшударо барои пешкаши тамошобинон гардонидан ба Осорхонаи миллӣ интиқол диҳад.
Мумиёкунӣ — маҷмӯи чорабиниҳост барои муддати дароз аз нобудшавӣ эмин доштани мура (майит).
Барои аз пӯсиш ва вайроншавӣ нигоҳ доштан тамоми бофтаҳои ҷасадро бо маҳлулҳои антисептикӣ ва консервасиякунанда тар мекунанд. Мумиёкуниро ба мақсади таълимӣ, илмӣ, инчунин барои нигоҳ доштани ҷасади ашхоси барҷаста истифода мебаранд. Ин кор бо ду усул ба ҷо оварда мешавад. Яке аз онҳо ҷасадро барои муваққатан, дигаре барои дуру дароз нигоҳ доштан имконият медиҳад. Дар замонҳои қадим бо ёрии моеи рустаниҳои гуногуне, ки дорои хосияти аз пӯсиш нигоҳдорандаанд, ба ҷо оварда мешуд.
Асосгузори мумиёкунӣ мисриёни қадим буданд, ки мувофиқи одати динӣ майитро нагуронида, мумиё мекарданд. Тарзи аниқи мумиёкунии мисрӣ то замони мо омада нарасидааст, фақат маълум аст, ки баъди тоза кардани узвҳои дарунӣ ва майнаи майит онро тар карда, ба матоъи махсус печонида, ширеш, санг молида, мехушконидаанд. Ин усул ранг ва ҳаҷми майитро зуд тағйир медод, вале ҷасад садҳо сол нобуд нашуда боқӣ мемонд.
Дар асрҳои миёна мумиёкуниро танҳо бо мақсади дар дахма нигоҳ доштан ё ба ҷои дур бурда гӯронидани майит истифода мебурданд. Барои мумиёкунӣ намаки симоб, пайвастҳои маргимуш, намаки руҳ, маҳлули глисерин, асетати калий, спирт ва дигар моддаҳои антисептикиро ба воситаи найчаҳои хунгузар ба организми майит мефиристоданд.
Ёфт шудани ҷасадҳои мумиёишуда дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин сарзамин низ одати мумиёкунӣ вуҷуд доштааст. Танҳо барои ба кадом аср тааллуқ доштани он бояд бостоншиносон ҷидду ҷаҳд кунанд. Зеро, агар шаҳри Саразми Бостонӣ зиёда аз 5500 сол пештар мавҷудият дошта бошад, пас шояд ноҳияи Айнӣ низ дар ҳамон давра арзи ҳастӣ карда, таърихи тӯлонӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Айнӣ дар таърих бо номи Паргар, Парғар, Барғар ё Фалғар ёдоварӣ мешавад. Замоне, (аниқтараш дар асрҳои VII-VIII мелодӣ) Фалғар яке аз ноҳияҳои вилояти Бутамони давлати Панҷ будааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои аз архиви худи Деваштич ёфтшуда, ӯ (Деваштич) аз солҳои 708 – 722 дар вилояти Бутамони давлати Суғд – Панҷ шоҳигарӣ кардааст. Маркази вилоят шаҳри Панҷ, яъне Панҷакент буд. Болооби Зарафшон дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофии асрҳои миёна бо номи Бутамон машҳур аст. Бутамон яке аз бошишгоҳҳои қадимтарини инсон ба шумор меравад. Бошандагони ин сарзамини кӯҳан дорои таърихи бою маданияти баланд буданд. Қайд кардан кифоя аст, ки бозёфтҳои хаттии суғдие, ки дар яке аз харобаҳои Кушки Абаргар – Қалъаи Муғ (воқеъ дар кӯҳистони ноҳияи Айнӣ) ба даст омадаанд, аз он шаҳодат медиҳанд. Мо имрўз ба шарофати ин дастхатҳои нодир дар бораи забону адабиёт, хатту савод, санъату маданияти баланд, доду гирифт, – хулоса таърихи мукаммали яке аз халқҳои калонтарини гузаштагони тоҷик – суғдҳо бо ифтихор сухан мегӯем.
Ш. Халифаев