Дар ин рисола баъзе лаҳзаҳои ҳаёти гузаштагони
халқи тоҷик – суғдҳо, алалхусус, муборизаи онҳо
ба муқобили истилогарони араб, баён ёфтааст.
Душанбе, «Ирфон», 1977. Ёқубов Ю.
Ба ҷои сарсухан
Олимон асри ХХ-ро, асри кашфиётҳои бузург меноманд. Дар ин аср инсоният қаъри баҳру уқёнус, замину осмон, моҳу сайёраҳоро фатҳ намуд. Кашфиётҳои нав ба нав натанҳо ба илмҳои физикаю математика, химияю биология, географияю геология, балки ба таърихшиносӣ ҳам муяссар гардиданд. Сарвари кашфиётҳои илми таърих бостоншиносӣ-археология мебошад.
Яке аз бостоншиносони машҳури ҷаҳон Гордон Чайлд чунин мегўяд: «Мо агар баъзе афсонаҳоро ба назар нагирем, таърихи инсоният ним аср пеш се ҳазор солро дарбар мегирифту халос. Доираи вай ниҳоят маҳдуд буда, танҳо ба ҳуҷҷатҳои хаттӣ такя мекард. Таърих дар тасаввури мардум аз номгўи шоҳон, табаддулотҳо, ҷангҳо, ғоратгариҳо ва афсонаю муаммоҳои рўҳониён иборат буду бас. Бостоншиносӣ дар илми таърих таъғироти куллие ба вуҷуд овард. Вай ба андозае, ки телескоп доираи астрономияро васеъ кард, дар биология микроскоп аз ҳуҷайраҳои хурд таркиб ёфтани организмро исбот карда бошад, бостоншиносӣ дараҷаи омўзиши таърихи гузаштаи инсониятро сад баробар афсун гардонид. Ҳар қадар ки радиоактив дар химия таъғиротҳо ба вуҷуд овард, бостоншиносӣ дар ҳаҷм ва мазмуни таърих ҳамон андоза дигаргуниҳо дохил кард».
Ба шарофати кашфиёти илми бостоншиносӣ доманаи баҳситаърихи инсоният имрўз ба ҷои се ҳазор якуним миллион солро фаро гирад.
Сарзамини тоҷиконяке аз қадимтарин бошишгоҳҳои инсон ба шумор меравад, ки дар он одамон аз ҷараёни зиндагии худ осори зиёде боқӣ мондаанд. Ёдгориҳои гуногуни таърихӣ ба шакли теппаҳои сунъӣ, қалъаю шаҳрҳои вайрона, гўрхонаҳои қадим ва ғайра дар сар то сари ҷумҳуриамон мавҷуданд. Харобаҳои яке аз калонтарин шаҳрҳои соҳили Вахш Хеловард дар айёми мо бо номи қалъаи Золи Зард маъруф аст. Қисми зиёди ёдгориҳо ҳоло ҳам тамоман ном надоранд ва бо унвонҳои таваккалӣ, ба монанди Аҷинатеппа, Маразтеппа, Чилдухтарон, қалъаи Муғон, қалъаи Қаҳқаи ҷоду ва амсоли онҳо машҳуранд. Сирру асрори ин теппаю қалъаҳои кўҳан ҳамон вақте кушода мешавад, ки дар онҳо бостоншиносон кофтуков баранд. Ҳамин тавр 27 сол пеш аз ин бостоншиносон дар теппаи Қайнари назди Панҷакент Панҷакенти асрҳои V-VIII-ро кашф карданд. Ҳоло бостоншиносон шаҳри қадими Панҷакентро хазинаи таърихи халқи тоҷик меноманд.
Таърихнигор Юсуф Ёқубов
БУТАМОН
Болооби Зарафшон дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофии асрҳои миёна бо номи Бутамон машҳур аст. Бутамон яке аз бошишгоҳҳои қадимтарини инсон ба шумор меравад. Бостоншиносон дар Колхозчиён олотҳои давраи сангинро кашф карданд, ки онҳо ба 50 ҳазорсолаи пеш аз мелод нисбат доранд. Дар назди деҳаи Ёрӣ табари биринҷиеро ёфтанд, ки он дар ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод сохта шудааст. Осори давраи сангин ва мисин дар бисёр ҷойҳои ин кишвари қадим ёфт шудаанд.
Аввалин маълумоти хаттиро дар бораи Бутамон дар сарчашмаҳои суғдӣ ва арабии асри VIII мелод пайдо менамоем. Масалан, муаррих ал-Билозарӣ дар асари худ «Футуҳ ал-Булдон» менависад, ки Бутамон дар замони ҳукмронии Язид ибни Муҳаллаб (солҳои 701-704) аз тарафи писари ў Муҳаллаб, фатҳ карда шуд. Лекин мардуми озодидўсти ин диёрои кўҳӣ ба зудӣ арабҳоро зада пеш карда, расму оини худро аз нав барқарор намуданд.
Вилояти Бутамон бори дуюм дар замони лашкаркаши номии араб Қутайба ибни Муслим аз тарафи Ҷаҳм ибни Заҳр дар солҳои 713-714 забт карда шуд. Арабҳо аз ин ҷанг бо ғаниматҳои зиёд ва махсусан бутҳои заррини бутамонӣ баргаштанд. Мувофиқи ахбори ҳуҷҷатҳои суғдӣ, ки дар кўҳи Муғ, дар яке аз рустоқҳои(округ) Бутамон – Паргар (Фалғар) ёфт шудаанд, Бутамон тахминан аз солҳои 715 то 722, яъне дар охири давраи ҳукмронии Деваштич ба ҳайати давлати Панҷ дохил мешуд. Дар Бутамон фармондори шоҳ Деваштич меистод. Фармондор аз болои ҳамаи деҳаҳо ва рустоқҳои Бутамон ҳукмронӣ мекард. Дар ин ҳуҷҷатҳо номҳои бисёр рустоқҳои Бутамон, ба монанди Мадрушкат (Мадчо), Парғар (Фалғар), Моғиён, Киштут ва деҳаҳои Марғузор, Вешист, Кум, Мадм, Зировадк, Искодар, Хушикат, Варз, Фатмев, Похут, Шавкат, Вешаб, Фатмовут, Дарғ, Марғ, Вардаккат, Курут, Саритоғ, Утоғар, Вишак ва ғайраҳо зикр ёфтаанд. тадқиқотҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки баробари деҳаҳои номбаршуда қишлоқҳои Урметан, Дардар, Вешканд, Зосун, Вору ва ғайра низ дар асрҳои VII-VIII вуҷуд доштаанд. Аҷибаш он аст, ки ин деҳаҳо дар муддати 1300 сол ҷой ва номи худро дигар накардаанд.
Баъди шўриши соли 722 ва пароканда шудани давлати Панҷ, Бутамон вилояти мустақил мешавад ва дар асри IX дар он маликае бо номи Зул-нона фармонфармоӣ мекард. Дар асри Х Бутамон якҷоя бо Истаравшан ба давлати Сомониён ҳамроҳ карда мешавад.
Аз рўи ахбори сарчашмаҳои ҷуғрофии асрҳои X-XII Бутамон аз се қисм иборат буд: Бутамони аввал, миёна ва охир. Ба Бутамони аввал қаторкўҳҳои Туркистон, ба миёна – Зарафшон ва ба охир ё берунӣ – Ҳисор дохил мешуданд. Дар китобҳои «Ҳудуд ал- Олам», «Сурат ал – Арз» ва «Масолик ва Мамолик» навишта шудааст, ки аз кўҳҳои Бутамон тилло, нуқра, зоч, симоб ва навшодир ҳосил мекунанд. Махсусан, навшодири онро ба тамоми гўшаю канори ҷаҳон мефиристодаанд. Тарзи ҳосилкунии навшодир ин тавр мебошад: «Дар кўҳ оташ месўзад ва он аз як ҷо ба ҷои дигар мекўчад. Дуди он монанди бухор аст, ки дар рўз чун бухо рва дар шаб чун оташ намояд. Ҳосилкунандагони навшодир дар ҷои баромадани бухор хонае месозанд ва дару равзанҳо устувор мекунанд, чуноне ки бухор ба ягон ҷое баромада натавонад. Он бухор дар сақфи он хона бубандад ва навшодир шавад. Вақте ки гирифтани навшодир шавад, марди аз намад либосдошта худро дар об тар кунад ва даруни он хона шавад ва ҳарчи тавонад тез баргирад ва берун ояд. Агар дар ин кор каме оҳистагӣ намояд ў бисўзад». Аз рўи маълумоти ҷуғрофҳои асрҳои X-XII маълум мегардад, ки вилояти Бутамон гуфта ҳамаи кўҳистони ҳавзаи рўди Суғд (Заравшон) – ро меномидаанд. Аз кўҳҳои Бутамон рўдҳои Сурхондарё, Варзоб, Кофарниҳон ва баъзе шохаҳои Вахш ва Сир ҷорӣ мешаванд.
Бутамон дар асрҳои VII-XII дар ҷанубу шарқ бо вилоятҳои Чағониён, Ахарун, Шуман, Вашгирд, дар ғарб бо Шаҳрисабз, Самарқанд ва Панҷакент ва дар шимол бо Истаравшану Аспара (Исфара) ҳамсарҳад будааст.
Номи аслии кўли Искандар чист?
Яке аз кўлҳои зеботарини диёри тоҷикон, ки он дар баландии 1200 метр аз сатҳи баҳр, дар доманаи кўҳҳои Бутамони охир (Ҳисор) ҷойгир аст, номи яке аз забткунандагони асрҳои IV пеш аз мелод Искандари Македониро гирифтааст.
Тадқиқотҳои геологӣ ва зилзилагӣ нишон медиҳанд, ки ин кўл дар замонҳои хеле қадим, дар натиҷаи афтидани кўҳ ва сари роҳи дарёчаҳои Ҳазормеш, Саритоғ, Сарима ва Моронро банд кардан ба вуҷуд омадааст. Кўҳи афтида 1,5км паҳноӣ ва 600м баландӣ дорад. Кўл он вақтҳо дучанд калон буд. Аз кўл як дарё ҷорӣ мешавад. Ин дарё дар масофаи зиёда аз 1км дуртар аз кўл, аз болои кўҳи афтида ҷорӣ шуда, ба ҷараёни қадими худ меафтад ва яке аз шаршараҳои зебои дунёро ба вуҷуд меорад.
Ҳоло дар миёни мардуми ин диёр афсонаю ривоятҳои зиёд бо номи Искандар ва ин кўл мавҷуданд, ки мо имконияти овардани онҳоро надорем. Хулосаи ҳамаи ин афсонаҳо чунин аст, ки гўё ин кўлро Искандар дар вақти Бутамонро забт карданаш бо қувваи одамон сохта бошад. Аммо сарчашмаҳои таърихӣ ин афсонаҳоро ба куллӣ рад мекунанд. Искандари Македонӣ ҳеҷ гоҳ аз ҳудуди Самарқанд берун ба сўи Панҷакенту Бутамон нарафта буд. Пас саволе ба миён меояд, ки кай ва чӣ тавр ин кўли зебо ва ин дарёи аз вай ҷоришуда бо номи Искандар маъруф гаштаанд? Муаллифи «Ҳудуд ал-Олам» менависад, ки дар «Бутамони миёна ноҳияест машҳур бо номи Барғар, яъне Паргар (Фалғар) ва Дарёҷой андар вай аст ва рўди Бухоро (Зарафшон) аз ин Дарёҷой ҷорӣ мешавад». Инчунин дар «Ҳудуд ал-Олам» гуфта мешавад, ки ба дарёҷой 4 рўди хурд дарафтанд ва аз он рўде берун ояд, ки аз замини Барғар дар гузарад, ба Бунҷакату (Панҷакент) Самарқанд омада ба Бухоро равад».
Дар ҳақиқат, чӣ тавре, ки дар боло гуфтем, дар кўли Искандар чаҳор дарёча: Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон меафтанд. Аз кўл бошад, як рўд, ки бо номи Искандардарё (Фондарёи имрўза) машҳур аст, ҷорӣ мешавад, яъне берун меояд.
Ҷуғрофҳои дигари асрҳои X-XII ибни Ҳавуқал, ал-Истахрӣ ва ал-Муқаддасӣ кўли Искандарро «Маҷмаъ» – ҷамъи об номидаанд. Яке аз ҷуғрофҳои асри IX ибни Ҳурдодбеҳ кўли Искандарро Айн ва дарёе, ки аз вай ҷорӣ мешавад Ҷирк номидааст. Дарёи Ҷирк шояд бо деҳаи дар ин ҷо будаи Ҷиҷик вобастагӣ дошта бошад.
Ҳамин тавр аз ахбороти хаттии асрҳои миёна маълум мегардад, ки номи аслии Искандаркўл Маштонзардарё ва рўди аз вай ҷорӣ шуда, Ҷиҷик ном доштаанд. Дар сарчашмаҳои минбаъда дар бораи Маштонзардарё ва рўдҳои Бутамон ахборҳо вонамехўранд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI-XVII ба ҷои Бутамон, Кўҳистон ва рўди Суғд – Зарафшон навишта шудааст. Дар нимаи дуюми асри XIX дар саҳифаҳои адабиёти илмии рўсӣ ба ҷои Маштонзардарё Искандаркўл пайдо мешавад. Чӣ тавр ва аз тарафи кӣ ин ном бофта бароварда шудааст, ҳоло ба мо маълум нест.
Кашфиёти Ҷўраалӣ Муҳаммадалӣ
Таърих ва таваллуди илми бостоншиносии тоҷик бо номи ин қалъачаи афсонавии Муғ зич вобаста мебошад. Ин қалъача дар болои кўҳи Муғ, дар масофаи 3 км дар самти шарқии деҳаи ҳозираи Хайрободи ноҳияи Айнӣ, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон воқеъ шудааст. Баҳори соли 1932, чўпони деҳаи Хайробод Ҷўраалӣ Муҳаммадалӣ дар болои харобаи қалъаи кўҳи Муғ бузҳоро чаро медод. Ногоҳ чашмаш ба сўрохие афтод, ки дар даруни он як сабади пур аз қоғазҳо мехобид. Аз даруни сабад ў як варақ коғази навишташударо гирифта ба деҳа меорад ва ба мўйсафедони хатти арабихон нишон медиҳад. Аммо дар деҳа ҳеҷ кас ин хатро хонда наметавонад. Пас онро ба деҳаҳои атроф ва ҳатто ба Самарқанд бурда, ба хатшиносон нишон медиҳанд. Ҳамаи одамони босавод хатти арабӣ набудани онро тасдиқ мекунанд. Дар охир хат ба дасти котиби якуми комитети партияи ноҳияи Айнӣ А. Пўлодӣ мерасад. А. Пўлодӣ онро ба КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон медиҳад. Комитети Марказии ПК Тоҷикистон як нусха расми онро ба шўъбаи Академияи фанҳои Тоҷикистон месупорад. Расми хати ёфтшуда аз Душанбе ба Ленинград ба назди олими эроншиноси машҳури советӣ А. А. Фрейман фиристода мешавад. А. А. Фрейман онро дида хати суғдӣ буданашро муайян кард.
Аввалин дастхатҳои суғдӣ дар охири асри гузашта, дар Хотан ёфт шуда буданд ва онҳо ба асрҳои V мелод нисбат доштанд. Аммо дар музофоти худи Суғд то кашф шудани қалъачаи кўҳи Муғ ягон ҳуҷҷате пайдо нашуда буд. Бинобар ин ёфта шудани ин дастхатҳои суғдӣ дар ҳудуди суғдзамин аҳамияти бузурги илмӣ-таърихӣ дошт. Вақте ки суғдӣ будани дастхат маълум гардид, соли 1933 А. Пўлодӣ бо ёрии колхозчиёни деҳаи Хайробод, дар харобаи қалъачаи кўҳи Муғ кофтуков гузаронида, аз он ҷо 21 дастхати суғдӣ ба даст даровард. Тирамоҳи соли 1933 бо қарори махсуси Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон экспедитсияи бостоншиносии шўъбаи Тоҷикистонии АФ СССР бо сардории А. А. Фрейман, А. И. Василев ва В. А. Воробев барои кофтукови қалъачаи кўҳи Муғ ташкил карда шуд. Аъзоёни экспедитсия дар муддати 13 рўз қалъачаро тадқиқ намуда, аз хароботи он 30 дастхати дигари суғдӣ ва як дастхати арабӣ ба даст оварданд. Ҳамагӣ ҷўяндагон аз вайронаҳои қалъачаи Муғ 75 дастхати ба забони суғдӣ навишташударо дарёфт намуданд. Дастхатҳо дар коғаз, чарм ва тахтачаю дастачўбҳо бо ранги сиёҳ навишта шуда буданд. Ҳуҷҷатҳои дар коғаз ва чарм навишташуда дар хонаҳои рақамҳои дуюму сеюм ёфт шуданд. Навиштаҷоти чўбӣ бошанд, аз хонаи чорум ба даст омаданд.
Қалъачаи зикршуда, аз панҷ хонаи дарозрўяи равоқпўш иборат мебошад. Чортои хонаҳо 17,5 метр дарозӣ ва 2 метр паҳноӣ доранд. Хонаи аз ҳама хурдтари қалъача 11,8 метр дарозӣ ва аз 2 то 1,5 метр паҳноӣ дорад. Деворҳои қалъа аз санг бо лой сохта шудаанд. Хонаҳо ба воситаи хиштҳои хом гаҳворапўш карда шуда буданд.
Эҳтимол бинои қалъа дуқабата буд, аммо хонаҳои истиқоматии қабати дуюм вайрон шуда то замони мо нарасидаанд. Хонаҳои кофташуда ба қабати якуми қалъача нисбат дошта, роли бордон ва ғайраро иҷро мекарданд.
Шоҳидони безабон
Дар натиҷаи кофтуков аз харобаи қалъачаи кўҳи Муғ боз 400 намунаи асбобу анҷоми рўзғор ба даст омад. Агарчи ашёҳои ёфтшуда безабон бошанд ҳам, онҳо шоҳиди тарзи зисту зиндагонии соҳибони ин вайрона мебошанд. Ҳар яке аз ин бозёфтҳо аз ҳаёти пурҷўшу хурўш, мардуми дирўзаи ин диёр, аз камбағалию давлатмандӣ, ҳарбу зарби дар ин ҷо рўйдода ва сабабҳои ба харобазор табдил ёфтани ин қалъа гувоҳӣ медиҳанд.
Агарчи аз воқеъаҳои мудҳише, ки ба сари ҳимоятчиёни ин қалъа омада буд, 1250 сол гузаштааст, ҳоло ҳам аз деворҳою бозёфтҳои вай садои тиру камон, ҳарбу зарби мардонагию далерии занону мардони суғдӣ ва кинаю адовати онҳо нисбат ба душманони хунхор – арабҳо ҳис карда мешавад.
Масалан, парчаҳои карбос ба он шаҳодат медиҳанд, ки дар он вақт мардуми суғдзамин пахта мекоштанд ва аз он карбосу дигар матоъҳоро тайёр менамуданд. Миқдори зиёди карбоспораҳо нисбат ба дигар матоъҳо ба он гувоҳӣ медиҳад, ки дар асри VIII бештари суғдиён ва махсусан одамони камбағал сару либоси худро аз карбоси сафед ва дигар матоъҳои пахтагин тайёр менамудаанд. Қайд кардан зарур аст, ки ин карбосҳо гуногун буда, баъзе аз онҳо аз ҷиҳати сифат хеле баланд ва нозук мебошанд. Тору пуди ин матоъҳои пахтагин бо дуку чархи бобогӣ, ки то солҳои наздик дар истифодаи мардуми мо буд, ришта шудаанд. Карбос ё газворҳои пахтагинро бо рангҳои сабз, сурх, кабуд оро дода, либос мекарданд. Риштаи баъзе карбосҳо чунон борик, нафис ва нозук мебошад, ки гўё онҳоро дар дастгоҳҳои ресидании ҳозира тайёр карда бошанд. Ин матоъҳои хушсифат бо тараққиёти баланддараҷаи бофандагии аҷдодони гузаштаи мо суғдҳо гувоҳӣ медиҳанд.
Дар миёни бозёфтҳои зикршуда натанҳо матоъҳои пахтагӣ, балки матоъҳои шоҳӣ низ бисёр аст. Чӣ тавре ки тадқиқотҳо нишон медиҳанд, дар ин давра суғдиҳо кирмакпарвариро равнақу ривоҷ дода, аз пилла матоъҳои гулдору баландсифати шўҳрати умумиҷаҳонӣ доштаро тайёр мекардаанд. Шоҳиҳои дар Самарқанд ва Бухоро бофтаи ин давра чӣ дар шарқ ва чӣ дар ғарб эътибори калон доштанд. Масалан, соли 712, вақте ки арабҳо пойтахти Суғд – шаҳри Самарқандро забт намуданд, аз суғдҳо товони ҷанг талаб намуданд, ки як қисми онро бояд аз матои шоҳӣ бо номи «дебо» месупориданд. Чӣ тавре, ки аз адабиёти хаттии минбаъда маълум мешавад, матои «дебо» ин шоҳии бо зарторҳо ороишёфта будааст. Як либос «дебо» 100(сад) дирҳам (ченаки пули нуқра) ва як барзагов 6(шаш) дирҳам арзиш дошт. Чӣ тавре, ки мебинем, либоси «дебо» хеле қиммат будааст. Бо як либоси ин матоъ як аспи савории хуб ва ё 16 барзагов харидан мумкин буд.
Беҳуда нест, ки дар васфи ин матои қадимии тоҷик шоирон мисраъҳои зиёде гуфтаанд:
Ҳама дебои хусравонӣ ба боғ
Бигустурду шуд бўстон чун чароғ.
Яке нилгун дебои пурнигор
Кашида бари пайкаре зарнигор.
Шуд он замон, ки рўяш ба сони дебо буд,
Шуд он замон, ки мўяш ба ранги қатрон буд.
Аз ин мисраъҳо маълум мешавад, ки матои «дебо» аз қадимулайём, аз асрҳои VI – VIII сар карда, то асрҳои XVIII – XIX дар байни хосу оми Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон маълуму машҳур будааст. Ба ғайр аз матои «дебо» боз дигар навъҳои шоҳиворӣ ҳам хеле зиёд буданд.
Маълум шуд, ки дар ҳимояи қалъаи Муғ бисёр занҳо иштирок карда, аз онҳо нишонаҳоизиёде мондааст. Масалан, шонаҳои занона шоҳидиин муддао мебошанд. Онҳо ба монанди шонаҳои ҳозираи занони тоҷик дутарафаю дандондор мебошанд. Дандонаҳои як тарафи онҳо дарозу нафис ва зич буда, аз тарафи дигараш кўтоҳу ғафстар ва фосилаи байни дандонаҳо кушодтар мебошад. Бисёр касон ин шонаҳоро дида, онҳоро ҳозиразамон меноманд, аммо ин тавр нест, онҳо дар аввали асри VIII, яъне дар солҳои 710 – 720 сохта шудаанд ва аз шонаҳои ҳозираи занони тоҷик қариб фарқе надоранд.
Ё табақу косаҳои чўбинро гирем, онҳо ҳам аз табақҳои чўбини ҳозираи мардумони кўҳистони тоҷик ҳеҷ фарқияте надоранд. Ҳатто баъзе аз ин табақҳо дар дастгоҳи чархӣ сохта шуда, аз санъати баланду таърихи дурударози ин асбоби рўзгори мардумони тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Кафлес ва чумчаҳои чўбин низ аз ҳамин қабил мебошанд. Махсусан чумчаҳои чўбин аз ҷиҳати сохт ба чумчаҳои ҳозиразамони мардумони кўҳистони тоҷик хеле шабоҳат доранд.
Ҳамаи асбобҳои рўзгори аз ин ҷо ёфташуда, аз қабили курчак (бели чўбин), шонаи бофандагӣ, кордҳо, банду расанҳои аз пашми буз ва мўи думи аспу гов бофта ва ғайраҳо то ҳозир дар рўзгори халқи точик бе тағир истифода шуда истодаанд. Мисолҳои боло нишон медиҳанд, ки баъзе асбобҳои рўзғор дар муддати зиёди таърихӣ бе тағир дар истифодаи мардум будаанд. Аз қалъачаи Муғ (калапўш) сарпушакҳои турии нақшдор ёфт шудаанд. Ин сарпўшҳо аз риштаҳои дуторатобдодаи нафиси зебо бофта шуда, ба монанди калапўшҳо ҳаҷмашон хурду калон мебошанд. Гуногун будани ҳаҷми онҳо ба он шаҳодат медиҳад, ки вайҳо аз як одам не, балки аз чанд нафар занҳои синну соли гуногун мебошанд. Ин калапўшҳои турӣ ба монанди кокули занони ҳозираи тоҷик ду почаи дароз доранд. Ин бозёфтҳо нишон медиҳанд, ки дар гузашта занҳои тоҷик – суғдиҳо ба ҷои рўймол каллапўшҳои турии пур аз нақшунигори зебо мепўшидаанд. Чунин калапўшҳо махсусан дар вақтҳои гармӣ хеле муносиб ва зебо буданд. Баъзе аз ин калапўшҳои тўрӣ бо марҷонҳои гуногун оро дода мешудаанд. Аҷибаш ин аст, ки мувофиқи хабари яке аз сарчашмаҳои Хитой занҳои суғд мўйҳои сарашонро дар як ҷо ҷамъ карда, болои онҳоро бо сарпўшакҳои бо тилло зиннат додашуда мепечонидаанд. Ҳамин тавр аз рўи сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостонӣ маълум мешавад, ки занҳои суғдӣ ба монанди занҳои ҳозира дар ороиши мўи худ бофтҳои тўр-тўрии пур аз нақшу бо ҷавоҳирот оро додаро истифода мебурдаанд.
Дар харобаҳои ин ёдгорӣ як сипари чўбини болояш бо пўст ҷузъбандшуда ёфт шудааст. Ин ягона намуди сипарҳои гузаштагони Осиёи Миёнаи асрҳои VII – VIII мелод ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки ин сипари ҷанговари оддӣ не, балки аз они ягон одами давлатманд мебошад. Дар болои сипар расми рангаи саворае акс ёфтааст. Сипар аз дарун ҳам гулу гулкорӣ дорад. Шояд ин сипар – сипари ҷангӣ набуда, балки идӣ, тантанавӣ бошад, чунки вай хеле сабук ва озодона аст. Одатан сипарҳои ҷангӣ вазнин буда, болои онҳо бо пўсти ғафс пўшида мешуд, то ки тиру шамшер ба онҳо зиён нанамояд. Мумкин аст, ки ин сипар аз они кадом як шоҳдухтари суғдӣ бошад. Мо минбаъд хоҳем дид, ки дар ҳимояи қалъа бисёр занҳо иштирок доштаанд. Мувофиқи хабари сарчашмаҳои таърихӣ занони суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва дигар гузаштагони халқи тоҷик то истилои арабҳо ва паҳн шудани дини ислом баробари мардон тиру камон, найзаю сипар, шамшеру гурз ба даст гирифта, дар муҳорибаҳо ба муқобили душман ҷанг мекарданд.
Ба ҳар ҳол сипари номбурда дар муҳорибаҳои Бутамон иштирок карда, ду паҳлўи он аз захми шамшер шикаста аз кор баромадааст. Дар болои вай осори зиёди тири пайкон боқӣ мондааст. Дар боло гуфтем, ки дар рўи сипар расми рангаи саворае акс ёфтааст. Азбаски ду паҳлўи сипар шикаста нобуд шуданд, расми сар ва пойҳои савора низ аз байн рафтаанд. Аз рўи боқимондаи расм муайян карда мешавад, ки дар сипар сурати одами яроқнок акс ёфта буд. Савора дар миён аз тарафи чап шамшер, аз тарафи рост ханҷар, дар китфи рост тирдон ва дар чап камон дорад.
Дар дасти рост лаҷом ва дар тан либоси қимматбаҳо дорад. Зину афзоли асп низ қимматбаҳо мебошанд. Аз рўи сару либос ва асбобу анҷоми он дар ин расмягон давлатманди суғдӣ акс ёфтааст.
Дар байни бозёфтҳо боқимондаҳои тирҳои пайкон хеле зиёд мебошанд. Ин тирҳо дар вақти ҷанг шикаста вайрон шудаанд. Тирҳои зикршуда аз ду қисм: аз қамишӣ 60-70см ва дуюм аз тири сетаркаи нўгтези оҳанин иборат мебошанд. Як тарафи пайкон ба сурохии қамиш андохта шуда, бо тасмаи борики аз пўсти хом сохташуда маҳкам печонида шуда аст. Қисмати қамишии баъзе аз тирҳо бо рангҳои гуногун оро дода шудаанд.
Дар миёни бозёфтҳо параи ҷомадонҳои болояшон бо чарми сурх пўшонида мавҷуданд. Болои яке аз ин ҷомадонҳо бо чарми сиёҳ пўшонида шуда, бо оби тилло гулкорӣ карда шудаанд. Ин ҷомадон аз они ягон одами давлатманди суғдӣ будааст, ки дар вақти ҷанг вайро душманон шикаста партофтаанд.
Шоҳидони забондор
Бостоншиносон дар асоси таҳқиқи ҳаматарафаи асбобу анҷомҳои аз қалъачаи кўҳи Муғ ёфтшуда бисёр саҳифаҳои номаълуми таърихи моддӣ ва мадании мардумони Бутамон ва дигар ҷойҳои суғднишинро барқарор намуданд. Аммо асрори воқеаҳои ин қалъача, районҳои болооби Зарафшон, Панҷакент, Самарқанд ва дигар маҳалҳои Осиёи Миёна ҳамон вақт кушода мешуданд, ки ҳуҷҷатҳои суғдии дар ин ҷо ёфташударо ба сухан медароварданд. Чӣ тавре, ки шумо аз гуфтаҳои боло медонед, шоҳидони дуюми мо ҳуҷҷатҳои хаттӣ буданд, ки онҳо забони гўё доштанд, лекин мо забони онҳоро намефаҳмидем. Бинобар ин ба олимони суғдшинос лозим буд, ки забони онҳоро омўхта, онҳоро ба забон дароваранд. Барои ин кор вақти зиёде лозим буд.
Мо дар боло зикр кардем, ки дар байни бозёфтҳои суғдӣ як ҳуҷҷате бо алифбою забони араб мавҷуд буд. Арабшиноси машҳури советӣ академик И. Ю. Крачковский онро хонда, маълум кард, ки ин мактуби Деваштич ном шахсе ба амир ал-Ҷарроҳ мебошад. Мазмуни мухтасари он мактуб чунин аст: «Ба амир ал-Ҷарроҳ ибни Абдуллоҳ. Ман мовло Дивастӣ ассалому алайкум! Раҳмати илоҳӣ бар шумо бодо, ки доимо саломат бошед. Худоро ёд мекунам, ки ў якка ва ягона аст. Хайри шумо бар шумо бодо, ки шумо аз писарони Тархун ёд кардед. Агар онҳо лозим бошанд, ба Сулаймон ибни Абу-Сарӣ хабар диҳед. ман розӣ ҳастам, ки ў онҳоро гирифта пеши шумо фиристонад. Ё ки аз аспҳои алоқа яктоашро иҷозат диҳед ман онҳоро бо ҳамроҳии хизматгори худам ба назди шумо равон мекунам.
Аз Оллоҳ барои шумо саломатӣ хоҳон мебошам. Бо раҳмати худо».
И. Ю. Крачковский ҳамаи маълумоти адабиёти таърихиро гирд оварда муайян намуд, ки ал-Ҷарроҳ ибни Абдуллоҳ яке аз лашкаркашони араб буд. Ў ба монанди Қутайба ибни Муслим яке аз дастпарвардагони халифаи Ҳаҷҷоҷ (660 – 714) мебошад. Ал-Ҷарроҳ аз соли 717 то соли 719 дар Хуросон амири кардааст. Ал-Ҷарроҳ хеле одами бераҳм буд. Ў мардумони Осийи Миёнаро бо зўри маҷбур мекард, ки хатна кунанд. Хатнакунии калонсолон боиси норозигиҳои зиёди мардуми маҳаллӣ шуда, ўро соли 719 аз вазифаи амирии Хуросон озод мекунанд.
Деваштич, ки худро «мавло» гуфтааст, кадом вазифаро адо менамуд, дар мактуб зикр нашудааст. И. Ю. Крачковский аз сарчашмаҳои таърихӣ, махсусан таърихи Табарӣ, маълум мекунад, ки вай сардори шўришчиёни Панҷакент дар қалъаи Абаргар (Муғ) буд. Соли 722 амири нави Хуросон Сайд-ал-Харошӣ бо сардории Сулаймон ибни Абу Сарӣ ба муқобили шўришгарони Абаргар лашкари гароне мефиристад. Онҳо Деваштичро асир гирифта, бо ғаниматҳои зиёд бармегарданд. Ал-Харошӣ дар ҳамин сол дар роҳи байни Кешу Робинҷон (Катақурғони ҳозираи Ўзбекистон) ўро ваҳшиёна қатл мекунад, сарашро ба халифаи Бағдод ва як дасташро ба Сулаймон ибни Абу-Сарӣ ба Тохаристон мефиристад.
Шахси сеюме, ки дар мактуб зикр шудааст, Тархун мебошад. Мувофиқи ахбори муаррих Табарӣ Тархун аз солҳои 704 то 710 подшоҳи Суғд буд. Ўро соли 710 суғдиҳо барои бо арабҳо муросо карданаш аз мансаби подшоҳи хориҷ мекунанд. Тархун ҳамон сол худашро мекушад.
Шахси чаҳоруме, ки дар хати Деваштич зикр шудааст, ин Сулаймон ибни Абу-Сарӣ мебошад, ки ў аз мардумони маҳаллии Хуросон буда, дини исломро қабул кардааст ва дар забткориҳои Осиёи Миёна ба арабҳо ёрӣ додааст. Сулаймон ибни Абу-Сарӣ дар солҳои 719-720 дар Самарқанд дар кадом як идораи давлатӣ мансаби калонеро соҳиб будааст. Дар соли 720-721 ин шахс дар Самарқанд вазифаи мудири идораи боҷу хироҷи Суғдро иҷро мекард. Вай соли 722 сарфармондеҳи қушунҳои араб таъин шуда, ба муқобили шўришгарони Панҷакенту Бутамон дар муҳорибаи қалъаи Абаргар иштирок карда, Деваштичро асир мегирад.
Ҳамин тавр, И. Ю. Крачковский дар асоси мактуби Деваштич ва муқоисаи он бо сарчашмаҳои таърихӣ аввалин саҳифаҳои таърихи бозёфтҳои кўҳи Муғро навишт. Аз таърихи Табарӣ маълум шуд, ки номи аслии қалъаи Муғ Абаргар буда, бозёфтҳои он ба воқеаҳои фоҷиавие вобаста мебошанд, ки онҳоро мардумони Панҷу Бутамон дар солҳои 20-уми асри VIII аз сар гузаронидаанд.
Аммо бисёр масъалаҳои доир ба мактуби Деваштич ва воқеаҳои дар солҳои 20-уми асри VIII дар Панҷ, Бутамон ва дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна гузашта ба мо номаълум буданд. Масалан, Деваштич дар мактуби соли 719 ба амири Хуросон ал-Ҷарроҳ навиштааш худро мусулмон ва дўсти арабҳо меномад. Чӣ сабаб шуд, ки баъди се сол ҳамчун душмани арабҳо ба муқобили онҳо шўриш мебардорад ва аз тарафи онҳо ваҳшиёна қатл карда мешавад?.
Ба ин саволҳо бояд ҳуҷҷатҳои суғдӣ ҷавоб медоданд, аммо онҳоро ба сухан даровардан кори хеле мушкил буд. Дастхатҳо аз соли 722 то соли 1932, яъне зиёда аз 1200 сол дар зери замин хобида буданд. Онҳо дар ин муддат офатҳои зиёди табиатро аз сар гузаронида, як қисмашон нобуд шудаанд. Махсусан ҳуҷҷатҳои хоҷагӣ, ки дар чўбдастаҳо навишта шуда буданд, аз тарафи одамони номаълуме сўзонида шудаанд.
Ин чўбдастхатҳо ҳуҷҷатҳои давлатӣ ба шумор мерафтанд. Дар онҳо даромаду баромади ҳаррўзаи хазинаи дар Бутамон будаи Деваштич дарҷ шудааст. Сардори дастхатҳои хоҷагӣ фармондори Деваштич буд, ки дар муҳорибаи Абаргар ба муқобили арабҳо иштирок дошт. Бинобар ин тахмини аз тарафи бошандагони қалъа сўзонидани ҳуҷҷатҳо аз ҳақиқат дур аст. Мумкин аст, ки вақте арабҳо Абаргарро мегиранд ва одамони онро асир мекунанд, дастхатчўбҳо ҳамчун чизи нолозим дар қалъа партофта мешавад. Баъд аз чандин вақтҳо касе омада аз онҳо гулхан меафрўзад. Дастхатчўбҳо дар кўзаи калон будаанд. Дар вақти кофтуков дар назди онҳо хокистари зиёд ва чўбдастхатҳои нимсўхта ёфт шудаанд.
Дигар ҳуччатҳои дар коғазу чарм навишташуда низ зарар дидаанд. Баъзе ҷойҳои онҳоро мушҳо ва баъзе сатрҳоро об шуста, нобуд кардааст. Аз ҳамин сабаб хондану мазмуни пурраи онҳоро барқарор кардан кори хеле душвор буд. Ғайр аз ин ба олимоне, ки дастхатҳои суғдиро тарҷима менамуданд, лозим меомад, забонҳои зиёди қадими гурўҳи эрониро омўзанд. Онҳо мебоист аз асрҳои хатти мехии Бесутун, нақши Рустам, Персиполис сар карда, то «Авесто» фарқиятҳои хатҳои паҳлавӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва ғайраро донанд, фарқияту инкишофи забонҳои эрониро аз қадим то ҳозира омўзанд, граматика ва забони яғнобиро, ки яке аз шохаҳои забони суғдӣ ба шумор меравад, аз худ намоянд. Бинобар ин барои ин кори боифтихор, вале басе душвору меҳнатталаб вақти зиёде лозим буд. Аз ин ҷост, ки муаллифи ҷилди якуми дастхатҳои суғдӣ А. А. Фрейман дар болои китоби худ «Баёнот, наш рва тадқиқоти ҳуҷҷатҳои кўҳи Муғ» зиёда аз сӣ соли умри худро сарф карда буд.
Тарҷима ва тафсири китоби дуюми ҳуҷҷатҳои суғдӣ ба қалами шогирди боитеъдоди А. А. Фрейман, В. А. Левтщиц* тааллуқ дорад. Муаллиф дар бораи китоби худ «Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва мактубҳо»-и аз кўҳи Муғ ёфтшуда зиёда аз даҳ сол меҳнат кардааст.
Китоби сеюми ҳуҷҷатҳои суғдӣ аз тарафи шарқшиносон О. И. Смирнова ва М. Боголюбов тарҷима ва тафсир шудааст, ки он «Ҳуҷҷатҳои хоҷагӣ» ном дорад. Китобҳои ҳуҷҷатҳои аз кўҳи Муғ ёфтшударо нашриёти адабиёти «Шарқ» соли 1962-1963 аз чоп бароварда буд. Ҳамин тавр баъд аз сӣ сол ҳуҷҷатҳои чуғдии қалъаи Абаргар аз тарафи шарқшиносони Советӣ А. А. Фрейман, В. А. Левтшитс, О. И. Смирнова ва М. Боголюбов ба сухан дароварда шуданд. Мо акнун аз рўи дастхатҳои аз харобаи Абаргар ёфтшуда, на танҳо кӣ будани Деваштичу воқеаи фоҷиавии солҳои 20-уми асри VIII-ро да Бутамон, Панҷакент, Самарқанд, Истаравшан, Чоч, Фарғона ва дигар ҷойҳои Осиёи миёна мефаҳмем, балки зисту зиндагонӣ, сару либос, доду гирифт, нарху наво, ҳунармандӣ, хату савод, тарзи навишти мактубҳо, аризаю шикоятҳо ва бисёр ҷиҳатҳои дигари ҳаёти суғдиёни ондавраро барқарор менамоем.
Дар асоси дастхатҳои зикршуда ошкор шуд, ки дар асри VII-VIII гирду атрофи ноҳияи ҳозираи Панҷакентро вилояти Панҷ мегуфтанд ва маркази он шаҳри Панҷакент будааст.
Дар асоси маълумоти ҳуҷҷатҳои суғдӣ соли 1946 бостоншиносон маркази вилояти Панҷ шаҳри қадими Панҷакентро кашф намуданд. Ҳоло Панҷакенти қадим яке аз ганҷинаҳои таърихи аввалҳои асримиёнаи халқи тоҷик ба шумор меравад.
Соли 1946 бо иштироки бостоншиносони Ленинград бо сардории аъзо-корреспонденти АФ СССР Ю. А. Якубовский экспедитсияи археологии тоҷикӣ-суғдӣ ташкил меёбад. Яке аз отрядҳои ин экспедитсия бо сардории Ю. А. Якубовский ёдгориҳои таърихии болооби Зарафшонро ба рўйхат мегирад. Аз солҳои 1952 сар карда як гурўҳи бостоншиносон бо сардории номзади фанҳои таърих Б. Я. Ставискийба омўхтани ёдгориҳои таърихии болооби Зарафшон шурўъ менамояд. Ҳоло бисёр ёдгориҳои асримиёнагии Моғиён аз тарафи бостоншинос Б. Я. Ставиский тадқиқ шудаанд. Дар солҳои охир отряди Зарафшонӣ ба омўхтани ёдгориҳои гирду атрофи кўҳи Муғ машғул мебошанд, ки мо дар ҷойҳои лозимӣ дар бораи онҳо гуфта мегузарем.
Ҳоло ман мехоҳам дар бораи як ду ҳуҷҷати суғдии аз қалъаи Абаргар пайдошуда таваққуф намоям.
Тақвими суғдӣ
Дар миёни дастхатњои суғдӣ як нусха тақвими солшуморӣ мавҷуд аст, ки он дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошад. Ин тақвим ба тақвими суғдие, ки яке аз олимони барҷастаи асри X-XI-и тоҷик Абўрайҳон Берунӣ тартиб додааст, мувофиқат менамояд. Ин тақвим дар асоси солшумории офтобӣ сохта шудааст. Сол аз рўи он аз 12 моҳу панҷ рўз ва ҳар як моҳ аз 30 рўз иборат аст. моҳ ба ҳафтаҳо ва ҳафта ба рўзҳо тақсим мешаванд.
Мувофиқи маълумоти ин тақвим ҳар як моҳ ва ҳамаи сӣ рўзи моҳ ба худ номҳои хос доранд. Мувофиқи ин тақвим сол аз 12 моҳи 30 рўзӣ – 360 рўз иборат мешавад, аммо суғдиён охири сол боз панҷ рўзи махсус доштанд, ки ба ин 12 моҳ зам шуда солро ба 365 рўз мерасониданд. Тақвиме, ки аз Абаргар ёфт шуда аст, аз тақвими Абўрайҳон Берунӣ каме фарқ дорад, махсусан охири калимаҳо. Шояд ин тағиротҳо ба лаҳҷаҳои гуногуни забони суғдӣ вобаста бошанд. Забони суғдӣ на танҳо аз они суғдиён, балки забони мардумони Истаравшан, Чочканд, Хўҷанд, Фарғона ва дигар ноҳияҳои атроф буд. Забони суғдӣ яке аз забонҳои калонтарини Осиёи миёна то истилои арабҳо ба шумор мерафт ва бешубҳа вилоятҳои ҷудогонаи суғдзабон лаҳҷаи хоси худро доштанд.
Як чизи дигарро қайд кардан лозим аст, ки тақвими Абаргар ба аввали асри VIII ва тақвими Абўрайҳон Берунӣ бошад, ба асрҳои X-XI тааллуқ дорад. Мумкин аст, ки аз асрҳои VIII то X-XI забони суғдӣ адабитар ва суфтатар шуда буд. Чӣ тавре ки сарчашмаҳои таърихӣ хабар медиҳанд, дар асрҳои X-XI мардумони Суғд бо ду забон – тоҷикӣ ва суғдӣ гуфтугўй мекарданд. Абўрайҳон Берунӣ тақвими худро аз рўи урфу одати суғдҳои замони худ тартиб додааст. Ҳоло мо тақвими моҳҳои форсӣ-тоҷикиро дар сутуни аввал, аз Абаргар ёфтаро дар дуюм ва Абўрайҳон Беруниро дар сеюм меорем. Умедвор ҳастем, ки ин тақвимҳо барои дўстдорони тарихи гузаштаи тоҷик хеле шавқовар ва аҷоиб мебошанд.
1 2 3
1. Фарвардин | 1. Навсардич | 1. Навсард |
2. Урдубиҳишт | 2. Хувареҷанич | 2. Ҷарҷин |
3. Ҳурдод | 3. Нисанич | 3. Нисин |
4. Тир | 4. Нисоканч | 4. Бисок |
5. Мурдод | 5. Ашноканч | 5. Аноканзо |
6. Шаҳривор | 6. Мазахандич | 6. Маҷихандо |
7. Меҳргон | 7. Бағаканич | 7. Фағонак |
8. Обон | 8. Обонҷ | 8. Обонҷ |
9. Озар | 9. Маҷихандо | 9. Фуғ |
10. Дей | 10. Масвогич | 10. Масофуғ |
11. Баҳман | 11. Ҷимтич | 11. Ҷимдо |
12. Исфандаромўз | 12. Хушумич | 12. Хушум |
Чи тавре, ки дар боло овардем, фарқ дар байни моҳҳои суғдии аз ҳуҷҷати Абаргар ёфтшуда ва тақвими Абўрайҳон Берунӣ дар решаи калимаҳо набуда, фақат дар охири онҳо мебошад. Аксарияти моҳҳои аз тақвими Абаргар дарёбшуда, бо суфикси «ич» тамом мешаванд. Дар тақвими Абўрайҳон Берунӣ бошад, баъзан ба ҷои ҳарфи «ч» ҳарфи «ҷ» навишта шудааст. Фақат номи моҳи нўҳуми тақвими Абаргар аз Абўрайҳон Берунӣ фарқ мекнад.
Дар байни тақвими форсӣ-тоҷикӣ бо суғдӣ фарқи калон мебошад, махсусан дар байни номи моҳхо.
Рўзҳои тақвими суғдӣ бо эронӣ хеле наздик мебошанд. Рўзҳои ҳаштум, понздаҳум ва бисту сеюм чӣ дар эронӣ ва чӣ дар суғдӣ якхел аст, аммо номҳои дигар моҳҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Бояд гуфт, ки агарчи номи рўзҳои тақвими форсӣ-тоҷикӣ аз суғдӣ фарқ кунанд, аз ҷиҳати маъно ва мазмун онҳо ба ҳам хеле наздик мебошанд. Аксарияти рўзҳо дар ҳарду тақвим ба бузургони дини зардуштии эронинаҷод бахшида шудаанд. Баъзе тағиротҳои забонӣ ва маъногӣ шояд дар натиҷаи рўбардоркунии китобон ба вуҷуд омадааст.
Аз рўи тақвими Абаргар маълум мешавад. Ки суғдҳо ба ғайр аз номҳои аслии рўзҳо боз ҳамроҳи онҳо калимаи рўзро, ки бо суғдӣ «роч» аст, истифода мекардаанд. Масалан рўзи аввали моҳ Ҳурмуз ном дорад, аммо суғдҳо ўро Ҳурмузроч мегуфтанд. Дар тақвими Абўрайҳон Берунӣ он Ҳурмаҷд оварда шудааст, бе «роч». Азбаски тақвим аз офатҳои табиат зарари зиёд дида аст, як қисми номҳои рўзҳо ва ҳафтаҳоро барқарор кардан мумкин нашуд.
Ҳоло мо рўзҳои тақвими форсӣ-тоҷикиро бо суғдӣ меорем. Бисёри онҳо аз рўи тақвими Абўрайҳон Берунӣ оварда мешаванд.
Дар сутуни рўзҳои якум – форсӣ-тоҷикӣ дар дуюм – суғдӣ оварда мешаванд:
1. Оҳрумаздо | Ҳурмаҷд (Ҳурмуз) ба номи худоӣ дини зардуштӣ Оҳурамаздо бахшида шудааст. |
2. Баҳман | Чаҳиз (бо номи худои андешаҳои нек) |
3. Урдубиҳишт | Урдухвашт (барои одилӣ ва накўхохӣ) |
4. Шаҳривор | Ҳастишур (номи худои қадими эроннаҷод) |
5. Исфандаромўз | Сипандаромўз (фурўтанӣ, оромӣ, ҳалимии бузургро ифода мекунад) |
6. Мурдоз | Мурдад (номи худост) |
7. Хурдоз | Радод (номи худост) |
8. Дей | Даст (як номи худои Оҳрумаздо) |
9. Озар (оташ) | Онҷин (маънояш номаълум) |
10. Обон | Отас (об) |
11. Ҳур | Ҳур (офтоб) |
12. Моҳ | Моҳ (моҳтоб) |
13. Сирус | Тиш (сайёра) |
14. Гуш | ¬уш (офарандаи гов, барзагов) |
15. Меҳргон | Махш (сайёраи миррих) |
16. | |
17. Саруш | Соруш (номи яке аз фариштагони дини зардуштӣ аст, ба монанди Ҷабраил хабарбару хабарбиёр) |
18. Равшан | Рашан (номи худои адолату инсоф аст) |
19. Фарвардин | Фарвоз (рўзи аввали баҳор) |
20. Баҳром | Вахшғар (Худои ғалаба) |
21. Ром | Роман (барои худое, ки дунёи сабзу хурраму сералафро офаридааст) |
22. Боз | Воз (барои шамол, бод бахшида шуда буд) |
23. Деӣ | Даст |
24. Дин | Дин (ба номи дин, оин, мазҳаб бахшида шудааст) |
25. Орд | Орзах (гоми худои некиро ифода мекунад) |
26. Оштоз | Оштоз (ба номи худои некӣ ва ростӣ бахшида шудааст) |
27. Осмон | Осмон |
28. Зомёз | Зомед (рўҳи замин) |
29. Морасфанд | Мошасбанд (барои бузургии калом, калима) |
30. Онирон | Нағра (барои рушноии беибтидо) |
Панҷ рўзи охири солро бо забони суғдӣ панҷӣ мегуфтанд, ки ба моҳи охири сол зам карда мешуданд. Аз рўи тақвими Абурайҳон Берунӣ ин рўзҳо Ҳасрат, Нахандан, Рахшан, Ванозан ва Ордумис ном доштанд.
Дар як рўи тақвими Абаргар як қисми солшумории моҳтобӣ низ боқӣ мондааст. Дар асоси гардиши моҳ, ситора ва сайёраҳо тартиб дода шуда, ҳар як рўз номи як ситора ва ё сайёраро доад. Баъзе рўзҳои моҳтобии тақвими Абаргар аз тақвими моҳтобии Абўрайҳон Берунӣ фарқ мекунанд.
Тақвими офтобӣ ва моҳтобии аз харобаи Абаргар ёфташуда нишон медиҳад, ки гузаштагони тоҷик: суғдҳо, хоразмиҳо, бохтариҳо ва дигарҳо аз қадимулайём ба киштукори деҳқонӣ машғул буда, рўз, ҳафта, моҳ ва солро дақиқ ба ҳисоб мегирифтанд. Ин тақвимҳо аз тараққиёту тарихи дуру дарози илми нуҷуми халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.
Хати никоҳи Дугдонча
Ман мехоҳам боз як ҳуҷҷати дигари суғдиро, ки он ақди никоҳи духтари суғдӣ – Дугдонча мебошад, дар ин ҷо биёрам, чунки он ягона сарчашмае аст, ки дар бораи заношавҳарӣ ва ҳуқуқи занони гузаштаи тоҷик то истилои араб маълумот медиҳад. Ҳоло ман тарҷимаи ин шаҳодатномаро айнан меорам: «Подшоҳии Тархунро 10 сол шуд. Моҳи Масвогич, Осмонроҷ, Уттегин бо лақаби Нидан ба ҳамсари гирифт занеро, аз васояти ҳокимии Навкат Чор писари Вахзанак, ки вай Дугдонча ном дора два духтари Вйўс аст. Чор медиҳад аз парастори худ Дугдончаро ба занӣ дар асоси қонуни мавҷуд буда, бо чунин шарт: бигузор Уттегин дўстдоштаи худ Дугдончаро ба занӣ гирад, ҳурмату эҳтиром кунад. Хўронад, пўшонад, бо нигоришҳо таъмин намояд ва дар хонаю зиндагӣ ҳамчун зани комилҳуқуқ вайро қадрдонй кунад, чун ҷавонмарди некахлоқ зани хирадманду накўахлоқро.
Агар дар оянда, Уттегин бе иҷозати Дугдонча зани дигар ё маъшуқаеро интихоб кунад, ў ба Дугдонча 30 дирҳами тозаи нуқрагин диҳад (баробар ба нархи 6(шаш) барзагов) ва он ҷўраи гирифтаашро пеш кунад. Агар Уттегин бо Дугдонча дигар зиндагӣ кардан нахоҳад, бигузор вайро бос ару либос, обу хўрок ва молу анҷомигирифтааш бе зиён ба хубию нағзӣ оварда дар хонаи хешонаш расонад. Баъд аз ин вай метавонад бо зане, ки дўст доштааст, хонадор шавад. Ва баракс, агар Дугдонча марди дигарро дўст дора два бо Уттегин дигар зиндагонӣ кардан нахоҳад, бигузор аз хонаи ў баромада равад ва сару либос, зебу зиннате, ки ба вай Уттегин додааст, гардонда диҳад. Он чизе ки аз шахсии Дугдонча ҳастанд ва ба меҳнати ў нисбат доранд, ҳамроҳи худ гирад. Баъд аз ин Дугдонча метавонад бо марди дўстдоштааш дуюмин бор ба шавҳар барояд.
Агар дар давоми зиндагонӣ – занушавҳарӣ Уттегин ягон ҷиноят намояд, ў барои кори кардааш худаш ҷавоб медиҳад ва Дугдонча бо кўдаконаш ба гуноҳи вай шарик нахоҳанд буд. Агар гуноҳ аз тарафи Дугдонча содир шавад, Уттегин ҷавобгар нахоҳад шуд.
Маросими никоҳ дар никоҳхона, дар пеши сардори никоҳкунандагон Вахгонак, писари Вархуман гузаронида шуд. Дар маросим инҳо иштирок доштанд: «Скач писари Шашча, Чахрон писари Рамч, Шав писари Маҳак. Ақдро Рамтиш писари Вагашфарн навишта аст».
Ақди никоҳ мувофиқи қонун дар ду нусха навишта мешуд, якеро мард ва дигареро зан бо худ нигоҳ медошт.
Шавҳари Дугдонча Уттегин аз рўи номаш аз авлоди туркҳо будааст. Мувофиқи расму одат, суғдҳо бояд духтарони худро ба одамони маҳаллӣ медоданд. Аммо Уттегин расму одати маҳаллиро қабул карда, номи суғдӣ – Ниданро гирифта буд. Бинобар ин вай қонунан ба Дугдонча хонадор шудааст.
Уттегин шояд ҳамон фармондор Утт бошад, ки дар Бутамон валиаҳди шоҳ Деваштич буд. Чи тавре ки баъдтар гуфта мегузарем, як қисми зиёди ҳуҷҷатҳои суғдӣ бо деҳаҳои Бутамон ва ҳокими он фармондор Утт алоқаманд мебошад. Фармондор Уттегин бо занаш Дугдонча дар муҳорибаҳои назди Мадм, Кум ва Абаргар бар зидди арабҳо иштирок кардаанд. Шояд дар ин ҷанг онҳо ҳалок шудаанд. Чунки ақди никоҳи вайҳо – ҳам нусхаи Дугдонча ва ҳам Уттегин дар ҳамин ҷо партофта шудаанд. Дугдонча ва Уттегин то ҳуҷуми арабҳо дар Гардани Ҳисор (қалъа дар деҳаи Мадм) зиндагонӣ мекарданд.
Чи тавре ки аз хати никоҳ маълум мешавад, занони суғдӣ – гузаштагони тоҷик пеш аз дини ислом баробари мардон ҳуқуқ доштанд ва шавҳари худро аз дилбохтагонаш интихоб менамуданд. Суғдиҳо дар бораи заношавҳарӣ қонуни махсуси давлатӣ доштанд ва дар вақти хонадор шудан дар асоси он амал мекарданд. Маросими никоҳкунӣ дар бинои махсуси давлатӣ, дар пеши сардори идораи никоҳ гузаронида мешуд. Шояд чунин бинои давлатӣ яке аз ибодатгоҳҳо ба шумор мерафт. Дар вақти никоҳ шоҳидони домод ва арўс иштирок менамуданд. Мувофиқи урфу одати суғдиён домод дар ҳузури хешу табори духтар, арўс ва намояндаи ҳукумат дар пеши парастори духтар қасам ёд мекард, ки мазмуни мухтасари он чуни наст: «Ман Дугдонча духтари Вйўсро ба зани гирифта дар пеши ту, яъне парастори духтар Чор ва худои Мерих қасам мехўрам ва бо тантана ваъда медиҳам, ки аз имрўз сар карда дар оянда ҳамеша ва то абад ў зани ман мебошад. Ман ўро ҳеҷ гоҳ намеранҷонам ва ҳамеша ҳурмату эҳтиром мекунам. Агар Дугдонча дар оянда ҳамроҳи ман зиндагонӣ кардан нахоҳад, ўро сиҳат ва саломат оварда ба дасти хешонаш месупорам». Ин қасами зангиранда дар як нусха навишта ба дасти арўс дода мешуд. Агар шавҳар дар ҳаққи зан беадабӣ мекард, ўро аз ин ваъдаи додааш огоҳ мекарданд. Ин ақди никоҳ яке аз ҷўсарчашмаҳои нодиртарини таърихӣ ба шумор рафта, аҳамияти калони илмӣ дорад.
Деваштич подшоҳи Панҷ
Баъди аз чоп баромаданӣ ҳуҷҷатҳои суғдӣ ва таҳлилу муоисаи онҳо бо дигар адабиёти таърихию бостонӣ мо метавонем бисёр тарафҳои ҳаёт ва фаъолияти Деваштичро барқарор намоем.
Чи тавре ки дар боло ишора рафт, Деваштич дар мактубаш ба амири Хуросон ал-Ҷарроҳ худро Дивастӣ номидааст. Аммо мутахассисони суғдшинос исбот кардаанд, ки Деваштич шакли дурусти номи суғдии вай буда ва Дивастӣ тарзи навишт ва талаффузи арабии он мебошад. Аксарияти ҳуҷҷатҳои маҳкамаи Абаргар бо номи Деваштич ва корҳои ў алоқаманд мебошанд. Вай дар баъзе аз онҳо шоҳи Панҷ ва дар баъзе дигарашон подшоҳи Суғду шоҳи Самарқанд номида мешавад. Ҳоло дар миёни олимон дар бораи кадом солҳо шоҳи Панҷ ва дар кадом солҳо подшоҳи тамоми Суғд будани Деваштич фикру мулоҳизаҳои зиёди ба якдигар мухолиф вуҷуд доранд. Ин ҷо мо имконият надорем, ки дар хусуси ҳамаи ин мубоҳисаҳо таваққуф намоем. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои аз архиви худи Деваштич ёфтшуда, ў аз солҳои 708 то 722 дар яке аз вилоятҳои Суғд – Панҷ шоҳигарӣ кардааст. Маркази вилояти шаҳри Панҷ, яъне Панҷакент буд. Мо ҳоло дақиқ гуфта наметавонем, ки ба вилояти Панҷ кадом ноҳияҳои ҳозираи болооби Зарафшон дохил мешуданд. Аммо аз рўи баъзе тахминҳо давлати Панҷ аз тарафи ғарб бо рустоқи Дарғами Самарқанд ва аз тарафи шимолу шарқ бо рустоқҳои Киштуту Моғиёни вилояти Бутамон ҳамсарҳад буд. Дар солҳои 715 – 716 ба вилояти Панҷ Бутамон ҳам дохил карда мешавад.
Аз кадом деҳа ва авлод будани Деваштич ба мо маълум нест. Пеш аз Деваштич дар Панҷ подшоҳи дигаре бо номи Чикин Чур будааст. Ў бо Деваштич ягон муносибати хешие надорад. Падари Деваштич Иодхшетак яке аз деҳқонони давлатманди Суғд ба шумор мерафт. Ат-Табарӣ Деваштичро деҳқони Самарқандӣ номидааст. Шояд ў аслан аз Самарқанд бошад, чунки аз рўи мактуби ба амир ал-Ҷарроҳ навиштааш парастори писарони ихшиди гузаштаи Суғд – Тархун буд. Мумкин аст, ки баъд аз вафоти шоҳи Панҷ Чикин Чур соли 708 Деваштич бо ёрии Тархун подшоҳи Панҷ таъин шуда бошад, чи тавре ки дар боло зикр кардем, Тархун дар ин вақт подшоҳи ҳамаи суғдзамин буд ва Панҷ яке аз вилоятҳои тобеи он ба шумор мерафт. Соли 710 суғдиҳо Тархунро барои муросокорияш бо арабҳо аз вазифаи ихшидӣ хориҷ мекунанд, ки ин кор боиси худкушии ў мешавад. Деваштич ҳамчун хеши наздики вай писарони Тархунро ба парастории худ мегирад. Мо баъдтар мебинем, ки арабҳо ба ҷои писарони хурди Тархун Деваштичро подшоҳи Суғд эълон мекунанд.
Аз ҳуҷҷатҳои суғдӣ чунин хулоса мебарояд, ки Деваштич дар вақтҳои подшоҳи Суғд буданаш дар Самарқанд не, балки дар Панҷакент меистод. Ҳоло қасри Деваштич дар хароботи кўҳандизи Панҷакенти қадим, аз тарафи бостоншинос А. Исҳоқов кашф шудааст.
Деваштич дар Панҷакент истода бо воқеаҳои сиёсии дар Суғд ва дигар ҷойҳои Осиёи Миёна шуда истода, бо диққат назорат мекард. Чи тавре ки маълум аст, дар ин вақтҳо арабҳо Осиёи Миёнаро забт карда истода буданд. Дар музофоти Суғд ҷанг мерафт. Шоҳигарии Бухоро ва Хоразм бе ҷанг таслим шуда, бо арабҳо якҷоя ба муқобили Суғд мубориза мебурданд. Онҳо соли 712 ба армияи арабҳо як шуда, дар муҳориба ба гирифтани шаҳри Самарқанд иштирок карданд. Арабҳо бошанд Самарқандро гирифта бисёр оташкадаҳо ва буткадаҳоро месўзонданд. Мувофиқи шартномаи басташудаи ихшиди Суғд Ғурак бо сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим самарқандиҳо ба арабҳо бояд 2 миллион дирҳам ва се ҳазор ғуломи ҷавон товони ҷанг медоданд. Ғайр аз ин онҳо ҳар сол ба арабҳо 200 ҳазор дирҳам ва чандсад нафар ғулом хироҷ месупориданд. Аз рўи ин шартнома суғдҳо дигар лашкари худро нигоҳ дошта наметавонистанд ва ибодатхонаҳои маҳаллиро бояд ба масҷид табдил медоданд. Аммо соли 715 амири араб Қутайба дар Фарғона аз тарафи ғуломи худаш кушта мешавад. Дар дарбори халифа дар Бағдод низ барои салтанат кашмакашиҳо сар мезананд. Аз ин ҳодисаҳо шоҳони Осиёи Миёна истифода бурда, барои аз зери асорати арабҳо халос шудан аз навқувва ҷамъ кардан мегиранд. Муаллифи китоби «Қанди Хурд» менависад, ки Самарқандиҳо баъди вафоти Қутайба масҷидҳои мусулмониро сўзонда дину оини аҷдодони худро барқарор карда буданд.
Ихшиди Суғд Ғурак бо туркҳо иттифоқ баста ба муборизаи зидди арабҳо тайёр мешавад. Ў солҳои 718 – 719 ҳатто ба императори Хитой мактуб навишта аз вай барои мубориза ёрӣ мепурсад.
Арабҳо аз кору кирдори зиддиарабии Ғурак огоҳ шуда, мехоҳанд, ки ба ҷои ў ихшиди нав таъин кунанд. Аз ҳамин сабаб онҳо дар ҷустуҷўи писарони ихшиди гузаштаи Суғд Тархун меафтанд. Чи тавре ким о дар боло гуфтем, писарони Тархун дар назди Деваштич буданд. Аммо онҳо хурд буданд ва аз ўҳдаи идора намудани давлат намебаромаданд.
Деваштич албатта ҳамчун хеши Тархун муқобили Ғурак ва тарафдори он буд, ки арабҳо вайро аз ихшиди хориҷ намоянд. Аз ҳамин сабаб ў зоҳиран бо арабҳо худро мусулмони ҳақиқӣ во намуда боварии онҳоро ба даст оварда буд. Ин сиёсати Деваштич аз мактуби ба амри Хуросон ал-Ҷарроҳ навиштааш баръало намоён мешавад. Деваштич дар ин мактуб худро мусулмони ҳақиқӣ нишон додани шуда, номи оллоҳ ва саломатии сари амирро ҳамчун намояндаи худо дар замин гаштаю баргашта ёд мекунад. Аммо Деваштич мактуби ба амир навиштаашро фиристода наметавонад, чунки халифа ал-Ҷарроҳро барои зулму асорати зиёди нисбат ба халқҳои ғайри мусулмон кардааш ва норозигию шўришҳоро ба вуҷуд оварданаш аз вазифа озод мекнад. Соли 719 ба ҷои ал-Ҷарроҳ амири Хуросон Абду ар-Раҳмон ибни Найм таъин мешавад. Дар ҳамин вақт дар Суғд шўриши зидди арабҳо сар мезанад. Ба ёрии суғдиён туркҳо бо сардории Корсулмеоянд. Дастаҳои суғдӣ ба аскарони дар Самарқандбудаи арабҳо ҳуҷум оварда, онҳоро ба таслим шудан маҷбур мекунанд. Арабҳо сулҳ талаб мекунанд, ки мувофиқи он 40 ҳазор дирҳам ва 70 нафар одамонро товони ҷанг медоданд.
Амири Хуросон аз ин воқеа огоҳ шуда ба муқобили шўришгарони Самарқанд бо сардории Мусаиб ибни Бишр лашкари калон мефиристад. Аммо арабҳо дар ҷанги суғдиҳо шикасти сахт хўрда Самарқандро партофта мераванд. Халифаи Бағдод соли 720 Абд ар-Раҳмонро барои шўриши суғдро хобонда натавонистанаш аз вазифаи амири Хуросон озод мекунад ва ба ҷои ў Сайд ибн Абд ал-Азизро таъин мекунад. Амири нав мехоҳад, ки дар хобондани шўриши Самарқанд аз қувваи одамони маҳаллӣ истифода барад. Онҳо медонистанд, ки Деваштич зидди Ғурак мебошад. Бинобар ин ўро ихшиди Суғд эълон карда аз қувваи ў дар хобондани шўриши Самарқанд истифода бурдани буданд, чунки деваштич одами хеле машҳур ва маълум буд.
Ҳамин тавр соли 720 Деваштич ихшиди Суғд ва шоҳи Самарқанд таъин мешавад. ў дар ин вазифа д усол кор мекунад. Ихшиди Суғд, яъне подшоҳи тамоми вилоятҳои Суғд ба шумор мерафт. Маркази Суғд шаҳри Самарқанд буд. Ихшиди Суғд шоҳи вилояти Самарқанд ҳам ҳисоб мешуд. Аз ин ҷост, ки подшоҳи тамоми Суғдро ихшиди Суғд ва шоҳи Самарқанд меномиданд.
Деваштич ихшиди Суғд ва шоҳи Самарқанд
Мо намедонем, ки Деваштич баъди ба вазифаи ихшидӣ гузаштанаш дар хобондани шўриши Самарқанд ба Сайд ибн Абд ал-Азиз ёрӣ расонидааст ё не. Муаллифи таърихи «Қанди Хурд» менависад, ки Сайд ибни Абд ал-Азиз дар Навбоғи Самарқанд хайма зада қариб як сол ба муқобили суғдҳо ҷанг кард. Аз ҳуҷҷатҳои суғдии архиви махфии Деваштич маълум мешавад, ки ў аз рўзи ба ихшидӣ таъин шуданаш ба муборизаи зидди арабҳо тайёрӣ медид. Вай ба шоҳигариҳои гирду атрофи Суғд ва дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна мактубҳо фиристода, онҳоро ба мубориза барои аз арабҳо озод намудани Туронзамин даъват менамояд.
Деваштич ба воситаи қосидҳои махфии худ ба подшоҳони Чоч (Тошкент), Фарғона ва туркҳои ҳамсоя мактубҳо фиристода аз онҳо барои мубориза бар зидди арабҳо ёрӣ мепурсад. Ба ин мактуби аз Чоч фиристодаи қосиди Деваштич Фатуфарн гувоҳӣ медиҳад. Мо ҳоло он мактубро айнан меорем. «Ба ҷаноби аълоҳазрат, такягоҳ, ихшиди Суғд ва шоҳи Самарқанд Деваштич, аз ғуломи пургунаҳ ва камтарин Фатуфарн хабар. Ба шумоаълоҳазрати бузургворам дуру два таъзим гуфта хабар медиҳам, ки ман ба сарзамини Чоч омадам ва гома ба шоҳ додам ва он чизеро ки даҳанӣ фамуда будед, ба ў гуфтам. Номаҳоеро, ки ба тобеон ва подшоҳи Фарғона навишта будед, ман онҳоро ба дасти яке аз навкарони шоҳи Фарғона фиристодам. Шоҳам маро бубахшед, ки ман худам ба тарафи Фарғона ва туркҳо рафта натавонистам, зеро тамоми рҳҳоро душман зер карда гирифтааст. Аз Каган, туркҳо хабар нест, мегўянд, ки онҳоро ҳеҷ дидан мумкин нест. Аз Тудун ва Ёрдамчӣ мактубҳои ҷавобӣ гирифтам. Барои бозгаштан роҳ нест, вилояти Истаравшан тамоман таслим шудааст. Шоҳам ман яккаю танҳо бе ҳамсафар мондам ва пеш рафта наметавонам ва барои ҳамин ман бозгашта ба Чоч омадам ва аз шумо, шоҳам бисёр метарсам. Ҷанобам, Тудун мувофиқи сулҳи бо арабҳо бастааш ба қафо гаштааст. Ҷанобам, мувофиқи сулҳи басташуда, Ҷамравоз ва лашкаркаши форс ба тарафи поён рафтанд ва мегўянд, ки онҳо барои қувва ҷамъ намудан рафтанд. Баъзе одамҳои дигар гурехта ба сўи боло рафтанд ва ҳанўз барнагаштаанд. Тудун бо Тарбанд (сардорони қабилҳои турк) шартнома баста ҳамаи заминҳоро гирифтаанд. Аз рўи гапҳо Ёрдамчӣ аз ин шартнома хеле ғамгин шуда ва барои ба назди шумо омада натавонистанаш метарсад. Шоҳам ман барои шумо ягон хабаре фиристода наметавонам. Ин номаро бо дасти Марвон бо роҳи Канд (Конибодом) равон кардам.
Ба ҷаноби аълоҳазрат, такягоҳи бузург ихшиди Суғд ва шоҳи Самарқанд Деваштич аз ғуломи ҳақир Фатуфарн хабар».
Ҳоло ба мо бисёр ҷойҳою номҳои дар ин мактуб навиштаи Фатуфарн номаълуму номафҳум мебошанд. Масалан, Тудун бо Тарбанд бок ӣ ва дар куҷо шартнома баста замин гирифтаанд? Ёрдамчӣ кӣ будааст, ки аз шартномаи дар боло баста ғамгин шуда ба назди Деваштич омада наметавонад ва ғайраҳо. Лекин ҳамаи ишораҳои Фатуфарн барои Деваштич маълум буданд. Чунки мактуби Фатуфарн махфӣ буд ва ҳамаи ному воқеаҳои шудагузаштаро ошкор навишта наметавонист. Роҳҳоро душманон зер карда буданд ва метавонистанд қосидро бо мактуб дастгир намояду аз шўриши тайёркардаи Деваштич огоҳ шаванд. Бинобар ин дар миёни Деваштич ва ҷосусҳои ў барои ифодаи ноиҳои шахсон ва воқеаҳои ҷудогона аломатҳои интихобӣ вуҷуд доштанд.
Аз номаи Фатуфарн хулоса мебарояд, ки вай дар вақти хеле пурошўб ва вазъияти сахт барои ҷосусони Деваштич навишта шудааст. Фатуфарн аз тарси он ки ба дасти душман наафтад, мактубро ба Марвон ном арабе фиристода буд, чунки арабҳо одамони худро тафтиш намекарданд. Шояд Марвон яке аз арабҳои зархаридкардаи Деваштич барои ҷосусӣ бошад. Аз номаи Фатуфарн маълум мешавад, ки иттифоқчиёни Деваштич Тудуну Тарбанд бо арабҳо шартнома баста, аз муборизаи якҷоя бо Деваштич ба муқобили арабҳо даст кашидаанд. Баъзе аз иттифоқчиёни дигари Деваштич аз арабҳо тарсида ҳудуди водии Фарғонаро тарк карда ба тарафҳои номаълуме рафтаанд. Шоҳи Чоч бо ҳамроҳии Ёрдамчӣ аз сабаби ҳамаи роҳҳоро забт кардани арабҳо ёрдам фиристода наметавонад. Чи тавре ки баъдтар мебинем, подшоҳи Фарғона Алутар хоинӣ карда ба тарафи арабҳо мегузарад. Аз мактуби Фатуфарн ва даҳҳо дигар мактубҳои аз архиви Деваштич ёфтшуда маълум мешавад, кивай бо арабҳо зоҳиран муросокорӣ карда, пинҳонӣ ба муқобили онҳо қувва ҷамъ мекардааст. Деваштич агарчӣ аз тарафи арабҳо Ихшиди Суғд интихоб шуда бошад ҳам, вай фармону хоҳиши онҳоро баҷо меоварад. Ба ин рафтори ў мактуби надими амири Хуросон Абду ар-Раҳмон ибни Субҳ шаҳодат медиҳад, ки дар он гуфта мешавад:
«Бисмиллоҳи ал Раҳмону ал Раҳим. Аз номи амир менависад, Абд ар-Раҳмон ибн Субҳ, – ба ҷаноби Ихшиди Суғд ва шоҳи Самарқанд Деваштич ҳурмату эҳтиром. Дина Ниҷитак ва мағ Курчӣ аз пеши амир омаданд ва бо номи ту хати нохуш оварданд. Ту магар аз ман пинҳон ба дасти Ниҷитак ва Курчӣ ба амир ягон хате фиристода будӣ? Амир ба ман хат карда аз ту хеле норизо шудааст. Ман баъдтар он мактубро ба ту мефиристам, то ки вайро бо чашмонат бубинӣ ва бовар намоӣ. Амир баъзегапҳоро дар хат навишта даҳонакӣ ба Ниҷитак ва Курчӣ гуфтааст. Онҳо аз гапҳои амир хеле тарсида, барои ту ғам мехўранд. Агар ту минбаъд ба амир хат нависӣ, ба ман ҳам як нусхаи онро равон кун, то ким ан ҳам аз мазмуни он бохабар бошам. Ту гапҳои Ниҷитак ва Курчиро нағзакак гўш кун ва бо гуфтаҳои амир амал намо, варна аз амир боз дигар фармонҳо ҳам омада метавонад». Охири хат ба мо нарасидааст.
Чи тавре ки аз мазмуни мактуби Абд ар-Раҳмон маълум мешавад, Деваштич бо дасти қосидони худ Ниҷитак ва Курчӣ ба амир Сайд Абд ал-Азиз хат навишта, шояд дар он гапҳои ба ў хеле номаъқул гуфта бошад. Амир аз суханони Деваштич сах ранҷида ба надими худ, ки дар Самарқанд меистод, мактуб навишта, ўро сарзаниш менамояд, ки чаро вай гузоштааст, ки Деваштич ба ў чунин нома фиристад. Бинобар ин Абд ар-Раҳмон деваштичро огоҳ менамояд, ки минбаъд ба амир хат карданӣ бошад, бо маслиҳати ў амал кунад ва агар ҳеҷ илоҷаш набошад, як нусхаи онро ба вай фиристад.
Абд ар-Раҳмон Деваштичро огоҳ мекунад, ки агар фармонҳои амирро бе чуну чаро иҷро накунед, боз фармонҳои дигар ҳам меоянд, яъне гуфтанӣ ҳаст, ки агар аз иҷрои фармонҳои амир саркашӣ кунед, ў аз вазифаи ихшидӣ хориҷ мекунад. Дар охири соли 721 амир Абд ал-Азиз барои аз ўҳдаи шўриши Суғдро хобонда натавонистанаш аз вазифаи амирии Хуросон озод карда шуда, ба ҷои ў Сайд ал-Харошӣ таин карда мешавад.
Сайд ал-Харошӣ одами сиёсатдон буд, ў ба тамоми ҷойҳои Осиёи Миёни мактубҳо фиристода, аз шоҳону мардумони ин диёр талаб мекунад, ки бо хубӣ ҷангро бас карда, дини исломро қабул кунанд. Сайд ал-Харошӣ ба Ғурак хат навишта, ба ў ваъда медиҳад, ки агар ў шўришчиёнро аз ҷанг кардан боздорад, аз нав ба вазифаи ихшидӣ таин карда мешавад. Ғурак ба зудӣ ба тарафи арабҳо гузашта шўришчиёнро ба таслим шудану хироҷ супоридан даъват менамояд. Бисёр оилаҳои давлатманди Суғд ба шўришгарон хиёнат карда ба тарафи арабҳо мегузаранд.
Аммо қисми дигари онҳо бо сардории Карзанҷ ба даъвати Ғурак эътибор надода, Суғдро тарк карда, ба тарафи Фарғона равон мешаванд. Деваштич ба ҳамаи ин ҳодисаҳо бо диққат назорат мекард. Вақте ки ал-Харашӣ Ғуракро боз аз нав ба вазифаи ихшидӣ таин намуд, Деваштич кўшиш кард, ҳарчӣ зуддтар шўриши нав тайёр кунад, аммо вақт аз даст рафта буд. Ба тарафи арабҳо гузаштани Ғурак қувваи шўришгаронро хеле кам кард. Бисёр одамон аз таъқиби арабҳо пинҳон шуда мегаштанд. Шўришгарон аз сардорони худ дилхунук шуда буданд. Бесабаб набуд, ки Карзанҷ бо дастаашба қувваҳои Деваштич ҳамроҳ нашуда, ба сўи Фарғона меравад. Онҳо ба амирони худ боварӣ надоштанд. Агар ба тарафи Панҷ омада бо дастаи Деваштич ҳамроҳ шаванд, мумкин аст, ки Деваштич ҳам ба монанди Ғурак хоин шуда ба тарафи арабҳо гузарад. Чунин ҳодисаҳо дар он вақтҳо хеле зиёд рўй медоданд ва ба ҳеҷ кас боварию эътимод намонда буд. Аммо дастаи Карзанҷ хато кард, ки ба сўи Фарғона рафт, зеро Деваштич не, балки подшоҳи Фарғона Алутар хоин баромаад. Суғдҳо ҳамин ки ба Хуҷанд расиданд, аз подшоҳи Фарғона хоҳиш намуданд, ки барои онҳо азводии Аспара (Исфара) ҷой диҳад. Алутар ваъда дод, ки баъди чил рўз ба онҳо ҷой тайёр карда медиҳад. Аммо ў пинҳонӣ бародараш Ниланро пеши Сайд ал-Харашӣ фиристода, дар бораи суғдиҳои гуреза ва нақшаи онҳо хабар дод. Сайд ал-Харашӣ вақтро ғанимат дониста бо лашкари зиёде ба дунболи онҳо шуд.
Баҳори соли 722 дастаҳои арабҳо ба қалъаи Хуҷанд наздик шудаанд. Суғдиҳо мефаҳманд, ки онҳоро Алутар фиреб додааст, бинобар ин дар атрофи қалъа хандақи калон канда болои онро хаспўш карда, ба сўи қалъа ақиб менишинанд. Қисми бисёри арабҳо вақти ҳуҷум ба хандақ меафтанд. Арабҳо атрофи қалъаро гирифта манҷаниқҳои деворшиканро устувор менамоянд. Суғдиҳо шабона ба лагери арабҳо ҳуҷум оварда, ба онҳо талафоти калон мерасониданд. Аммо дар муҳосира онҳо бисё истода наметавонистанд. Арабҳо ба онҳо ваъда доданд, ки агар таслим шуда, ба Суғд баргарданд ва хироҷ диҳанд, аз гуноҳашон мегузаранд. Суғдиҳо розӣ шуданд. Вақте ки онҳо яроқҳоро супориданд, арабҳо ҳуҷум карда, онҳоро куштан гирифтанд. Суғдиҳои фиребхўрда бо мушт бо арабҳо ба ҷанг даромада, то дами охирини худ мубориза бурданд. Ал – Харашӣ Фарғона, Чоч, Хуҷанд ва Истарафшанро гирифта, ба Хуросон бармегардад. Акнун вилояти Панҷ ва Бутамон монда буд, ки дар он ҷо гурўҳи дигари суғдиҳо бо сардории Деваштич ҷамъ омада буданд.
Дар ҷустуҷўи қароргоҳи Деваштич
ва фармондори ў Утт
Дар миёни дастаҳои суғдӣ ҳуҷҷатҳои хоҷагӣ ва маъмурӣ аз он ҷумла аризаҳо, дастурҳо, забонхатҳо, рўйхатҳои даромаду баромади давлатӣ дар Бутамон ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Ин ҳуҷҷатҳо бо номи Деваштич ба фармондор Утт ном шахс, ки дар Бутамон менишастааст, вобаста мебошанд. Калимаи фармондор вазифаи шахсе аст, ки он аз номи Деваштич дар Бутамон истода, фармонҳои ўро иҷро мекард. Калимаи Фармондор яъне шахси дастури подшоҳро доранда мебошад, аммо калимаи Утт то ба ҳол тарҷима нашудааст. Чуноне ки аз дастхатҳои суғдӣ маълум мегардад, музофоти Бутамон яке аз марказҳои иқтисодии давлати Панҷ ба шумор мерафт. Дар Бутамон валиаҳди шоҳ Деваштич – фармондор Утт меистод. Ӯ тамоми боҷу хироҷи вилоятро ҷамъ карда, дар хазинаи давлатӣ нигоҳ медошт. Ҳамаи даромаду баромади ҳаррўзаи хазинаи давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешуд. Деваштич ба воситаи ҳамин фармондор аз болои деҳаҳои Бутамон назорат мекард. Фармондор дар як ҷои Бутамон нишаста, ба воситаи одамони худ аз болои ҳамаи деҳаҳои он назорат мекард. Деваштич дар Бутамон қароргоҳе дошт, ки дар он фармондор меистод. Аммо дар кадом деҳа нишастани Фармондор маълум нест. Бинобар ин соли 1864 гурўҳи бостоншиносони Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониш бо роҳбарии Б. Я. Ставиский ва аспиранти ў муаллифи ин сатрҳо ба ҷустуҷўи нишастгоҳи Фармондори Деваштич баромадем. Мо дар масофаи 12 км дуртар аз қалъаи Абаргар дар назди деҳаи Мадм, дар ҷое ки ҳоло бо номи Гардани Ҳисор машҳур аст, ба кофтуков сар кардем.
Гардани Ҳисор дар масофаи 1км дуртар аз деҳаи Мадм, дар роҳи корвонгарди Самарқанду Панҷакент ба сўи Истаравшан, Хуҷанду Фарғона ва Ҳисор воқеъ гаштааст. Аз ин роҳ соли722 Деваштич ва тарафдорони ў ба сўи қалъаи Муѓ рафта буданд. Ин хароба ҳанўз дар соли 1946 аз тарафи бостоншиносон бо сардории Ю. А. Якубовский кашф шуда, ба рўйхати ёдгориҳои пеш аз истилои арабҳо дохил карда шуда буд. Гардани Ҳисор дар баландии 2000м аз сатҳи баҳр, дар чунин ҷое воқеъ аст, ки се тарафи онро ҷарӣ ва кўҳҳои касногузар иҳота менамоянд. Ба даруни он танҳо аз тарафи ҷануб ворид шудан мумкин буд.
Кофтуковҳои солҳои 1964-1966 ва 1971 дар харобаҳои он нишон доданд, ки Гардани Ҳисор – ин боқимондаи қасри бошукўҳ ва маҳаллаи калони истиқоматии асрҳои VII-VIII-и мелодӣ мебошад.
Қаср дар болои бунёди салибмонанди дузинадор сохта шудааст. Қисми шоҳнишини он дар зинаи болоӣ, ки он 4метр баландӣ дорад, ҷойгир мебошад. Дар ин ҷо як толори 64 метри мураббаъ, як оташкада ва зиёда аз 20 хонаи истиқоматию хоҷагӣ ҷойгир буданд.
Деворҳои қаср ва биноҳои он аз похсаҳои чоркунҷа ва хиштҳо, аз хоки сурху сабзи хом сохта шудаанд. Аз биноҳои кофташуда, толор ва оташкада ҷолиби диққат мебошанд. Дар қад-қади деворҳои толор суфаҳо кашида шудаанд. Дар девори ғарбӣ суфаи махсуси шоҳона сохта шудааст. Дар ин суфа шоҳ ва дар суфаҳои дигар одамони аз ҷиҳати мансаб пасттар менишастанд. Дар ин толор аксарияти ҷамъомадҳои зарурӣ ва маросимҳои тантанавӣ гузаронида мешуданд. Дар миёнаҷои толор суфачаи наълмонанде ҳаст, ки дар он оташи муқаддас месўхт. Суфаҳо ва деворҳои толор бо қолинҳои қимматбаҳо зиннат дода шуда буданд. Дар вақти кофтуков мо аз рўи суфаҳои он осорҳои сухташудаи гилемҳои пашмиро дарёфт намудем. Аз афташ одамони қаср фурсати гилемҳои толорро гирифтан надоштанд. Дар вақти ҳафриёти толор боқимондаҳои зиёди чўбҳои нимсўхта ва тамоман сўхтаи кандакорӣ кардашударо ба даст оварданд. Кандакорони суғдӣ бо як маҳорати калон расмҳои меваҷот, растаниҳо ва нақшҳои геометриро дар сутунҳо ва болору ҳошияҳои толор мунаққаш намудаанд. Чўбҳои кандакорикардаи ин толор ва дигар биноҳои қаср бо рангҳои сурх, кабуд ва ғайра зиннат дода шуда буданд.
Оташкадаи боргоҳ як хонаи на онқадар калон буда, дар рў ба рўи меҳроби оташ суфаи барои шоҳон нишастан ва саҷдаю намоз хондан вуҷуд дорад. Ду тарафи меҳроби оташро сутунчаҳои хеле зебои пур аз нақш оро медиҳанд.
Толор, оташкада ва дигар биноҳои қаср ба толорҳои қасрҳои шоҳнишини Панҷакент, Самарқанд, Истаравшан хеле монанд мебошанд.
Дар самти пеш, дар зинаи поён, ки бунёди он 2 метр баландӣ дорад, дарвозаи айвондор, даҳлез, айвон ва якчанд хонаҳои хос ҷой доштанд. Одамон, пеш аз он ки ба қаср ворид шаванд, аз бинои зинадори дарвозадор гузашта ба даҳлез дохил мешуданд. Ду тарафи деворҳои даҳлез ва пешайвонро суфаҳо барои нишастан оро медоданд. Дар беруни дарвоза посбонхонаҳо ҷой доштанд. Дар миёнаҷои зинаи поён майдонча воқеъ буд. Дар тарафи шимолу шпрқи он амборҳои ғаллаю дигар озуқавориҳо гирд оварда шуда буданд.
Дар самти ғарбии пойдевори қаср хонаҳои кишоварзонро кашф кардем. Кулбаҳои деҳқонони камбағал аз як хонаи калон иборат буда, он ба қисмҳо тақсим мешуд. Масалан даррав, дар қисми пеш, дар девори шарқӣ оташдон, танўр ва як суфача барои дегу косаю табақҳоро гузоштан ҷойгир шудаанд. Дар миёнаҷои хона суфаи калон барои хурду хоб ва нишастан вуҷуд дорад.
Дар қисми охир хаммаҳои зиёд барои озуқаворӣ сохта шудаанд. Барои тоза ва аз мушҳо нигоҳ доштани хўроквориҳо даруни хаммаҳо бо гачи ғафс андова карда шудаанд.
Чунин хонаҳои калони архаикӣ то ҳол дар қишлоқи Мадм боқӣ мондаанд. Оташдонҳои бошандагони Гардани Ҳисор хеле аҷоиб буданд. Онҳо дуқабата мебошанд. Дар қабати поён хўрок ва дар боло нон мепўхтанд. Ин оташдон барои сўзишвориро кам сарф кардан аҳамияти калон дошт. Мо аз таҷриба медонем, ки соҳибхона дар як рўз чанд бор хўроки гарм, ба монанди шўрбо, палав, шавла, ширчой ва ғайра тайёр менамояд. Ҳамаи хўрокҳои дар дег мепўхтагӣ дар қисмати поён тайёр карда мешуданд. Баробари дар қисмати поён сўхтани оташи доимӣ қисми боло, яъне ҷои нонпазӣ ҳам ҳамеша гарм меистад ва дар мавриди лозимӣ бо каме оташ он ба дараҷаи нон пўхтан оварда расонида мешуд. Дар байни қабати якум ва дуюм панҷараи оҳанин монда мешуд. Чунин ошдонҳо то ҳол дар баъзе деҳаҳои болооби водии Зарафшон боқӣ монда, ошдони Бозудор ном доранд.
Дудбарои ин оташдонҳо дар даруни девор сохта шудааст, ки он дудро ба боло кашида мебарорад. Аз рўи намуди зоҳирӣ оташдонҳои бозудор ба каминҳои рўсӣ хеле шабоҳат доранд.
Тадқиқотҳои бостонӣ дар хароботи Гардани Ҳисор нишон медиҳанд, ки ин ёдгорӣ яке аз марказҳои калонтарини иқтисодӣ ва сиёсии Бутамон дар асри VIII будааст. Қайд кардан лозим аст, ки қасри Гардани Ҳисор ин ёдгории яккаю ягона дар Бутамон мебошад. Вай бо нақшаи хеле аҷоиби меъморӣ сохта шуда буд. Дар болои бунёди дузинадор, дар кўҳ, дар баландии зиёда аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда буд. Сохтмони чунин қасри бошукўҳ бо толору оташкада ва даҳҳо хонаҳои хобу хур, маишату истироҳат, амбору бордонҳо аз санъати баланду дониши комили меъмории офарандагони он шаҳодат медиҳанд. Қасри Гардани Ҳисор аз рўи нақшаи худ яке аз шоҳасарҳои нодири санъати меъмории асри VIII-и таърихи халқи тоҷик ба шумор хоҳад рафт. Тадқиқотҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки Гардани Ҳисор маркази Бутамон дар асрҳои VII-VIII будааст. Дар ин ҷо фармондори Деваштич Утт менишаст. Қасри Мадм қароргоҳи Деваштич дар ин музофот мебошад.
Аз ҳуҷҷатҳои суғдӣ маълум мешавад, ки Деваштич вақтҳои зиёд дар ин қаср нишаста бо корҳои давлатӣ ва айшу нўш машғул будааст. Чи тавре ки дар поён мебинем, Деваштич ин ҷоро маркази шўришгарон интихоб карда, захираҳои ҳарбӣ ва озуқавориро дар ҳамин макон гирд меовард.
Чораҷўиҳои Деваштич
дар Бутамон пеш аз ҳуҷуми арабҳо
Деваштич баъд аз он ки аз Фатуфарн ва дигар ҷосусони водии Сайҳун мактубҳо гирифт, донист, ки иттифоқчиёни у туркҳо ва шоҳони маҳаллӣ тарсончакӣ намуда, баъзеяшон бо арабҳо шартномаҳои имтиёзнок баста ва қисми дигарашон аз ҳудуди Мовароуннаҳр баромада рафтанд ва умеди ёрӣ аз онҳо нест. Деваштич донист, ки подшоҳи ва умеди ёрӣ аз онҳо нест. Деваштич донист, ки подшоҳи Фарғона чун Ғурак дар ҳаққи ҳамватанони худ хиёнат кардааст. ў на танҳо дастаи Карзанҷро ба ал-Харашӣ, балки тамоми план ва сирру асрори Деваштичро низ ошкор карда буд.
Деваштич омадани арабҳоро интизор шуда барои муқобилият қувва ҷамъ менамуд. Деваштич ба рустоқҳои гирду атроф мактуб фиристода онҳоро бо ҳар роҳу восита ба мубориза барои озод намудани Ватан даъват мекард. Яке аз мактубҳои ба ҳокими рустоқи Хохсари вилояти Самарқанд навиштаи ў далели ин муддаост. Дар ин мактуб чунин гуфта мешавад: «Аз подшоҳи Деваштич ҳокими Хохсарро дуру два эҳтиром. Ҷаноб, хеле вақт шуд, ки аз шумо ягон гапу хабар намешунавам. Ман ба ту пеш аз ин гуфта будам, ҳамон тавре ки гуфта будам, амал кун. Худро эҳтиёт намо. Ман акнун дар қатори шоҳони камқувват афтодам, лекин ман ба наздикӣ ҳаммаи замини худамонро муттаҳид намуда, дар пеши ту, бар замини Руст мерасам. Ту бояд то омадани мо худро эҳтиёт намоӣ, дам гир ва боқувват бош. Ман чунин хабарҳои тоза дорам. Савораҳои мо фуромада омаданд ва аз Каган барои ман унвони калон оварданд. Бисёр савораҳои дигар аз он ҷумла туркҳо омаданд. Дар рўзи апвахроҷ аз подшоҳи Фарғона сарлашкаре омадааст, ким ан ўро дастгир намудам. То моҳи нав ман барои мубориза тайёр мешавам. Барои ҳамин ман ба ту хат фиристодам. Чӣ аҳвол дорӣ, чӣ кор мекунӣ, барои чӣ ту пинҳон нишастаӣ? Аз одамҳо боз киҳо ҳастанд? Агар мумкин бошад, ба ман хат навишта маро огоҳ кун. Агар ягон воқеа шавад, хабар намо, ман ёрдам мекунам. Аммо одамро эҳтиёт кардан лозим аст, бигузор ҳеҷ талафот нашавад. Аз шоҳ Деваштич ба ҳокими Хохсар Афарун».
Аз ин мактуб ва дигар дастхатҳо маълум мешавад, ки бисёр сарварони Суғд аз тарси ал-Харашӣ пинҳон шуда мегаштанд. Деваштич онҳоро бо ваъдаю сиёсатмадорӣ ба мубориза даъват менамояд. Ба ҳар ҳол ҳокими Хохсар Афарун дар муҳорибаҳои Бутамон ҳамроҳи Деваштич иштирок менамояд. Эҳтимол, бисёр чизҳои дар мактуби Афарун навиштаи Деваштич, аз он ҷумла омадани туркҳо ва аскарони зиёд, рост набошанд, чунки мактуби Фатуфарн ва дигар далелҳоба он шаҳодат медиҳанд, ки Деваштич на аз туркҳо ва на аз дигар ҷойҳо ёрӣ гирифта натавонистааст. Лекин мо дар боло гуфтем, ки бисёр одамон аз тарси арабҳо пинҳон шуда мегаштанд. Деваштич онҳоро бо ваъдаҳо дилпур намуда, барои мубориза бар зидди арабҳо ба тарафи худ ҷалб менамуд. Агарчӣ ў дар мактубаш ба Афарун дар бораи дар моҳи нав ба ҷанги зидди арабҳо тайёр шуданаш гуфта бошад ҳам, дар амал вай қувваи кофӣ надошт. Деваштич медонист, ки дар Панҷакент ба муқобили арабҳо ба муддати дароз истодагарӣ карда наметавонад. Аз сабаби кам будани қувва вай барои мубориза ноҳияи кўҳии мушкилгузарро интихоб намуд. ў барои мубориза ба муқобили арабҳо истеҳкомҳои Абаргар, Кум ва Мадмро омода менамуд. Ин нақшаро Деваштич дар дили худ қарор дода, ба фармондори дар Бутамон будааш фармуда буд, ки тамоми озуқаворию захираҳои ин ҷоро ба ҳисоб гирад ва беҳуда хароҷот накунад.
Аз рўи дастхатҳои хоҷагию ҳисоботии фармондор маълум мешавад, ки вай дар Бутамон ғалла, меваҳои хушк, гову мол, хулоса ҳамаи захираҳои хўроквориро ба рўихат гирифта буд.
Аз болои таъмини хўрокворӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ худи Деваштич назорат мекард, барои ҷамъ намудани хўрокворӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ худаш бевосита иштирок мекард. Мардумони гуруснаро бо иҷозати Деваштич ғалла ва дигар хўроквориҳо медоданд. Ба ин ҳуҷҷатҳои А-2, А-3, А-16 ва ғайра шаҳодат медиҳанд. Масалан дар ҳуҷҷати А-2 чунин гуфта мешавад: «Аз ихшиди Суғд ва шоҳи Самарқанд Деваштич ба фармондор Утт дуруд. Вақте ки мактуби манро мегиред, ба гуруснагони деҳаи Рарз (яке аз деҳаҳои калонтарин дар ноҳияи Айнӣ мебошад) 300 кафиз ғалла диҳед ва таъхир накунед. Аз ихшиди Суғд, шоҳи Самарқанд ба фармондор Утт».
Чунин мактубҳо дар архиви фармондор зиёд мебошанд. Дар мактуби Б-11 гуфта мешавад: «Ба ҷаноби сарватманд ва такягоҳи бузург Фармондор Утт аз хизматгори шумо Спадак дуру два эҳтироми зиёд. Ҷаноб, аз деҳаҳои Зировадк, Искодар ва Аншак ба назди шумо ғалла оварданд. Шумо онҳоро бо одамҳояшон ба рўйхат гире два ба сўи мо фиристед. Мо рўйхати ҳамаи он одамонеро, ки аз шумо ғалла гирифтанд, тартиб додем, аммо шумо ҳам номҳои онҳоро нависед. Шоҳ Деваштич фармон медиҳад, ки рўйхати пурраи онҳо тартиб дода шавад, гўсфандонро низ ба ҳисоб гиред. Аз Зировадк боз 63 гўсфанди дигар фиристодем, рўйхати онҳоро низ тартиб додан лозим. Шоҳ Деваштич ҳоло пеши шумо омада наметавонад ва агар орд ҳам камӣ кунад, хабар деҳ».
Аз дигар ҳуҷҷатҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар баъзе деҳаҳои Бутамон лавозимоти ҳарбӣ, ба монандитиру камон, тирдон, ханҷару шамшер, найза сипа рва ғайра тайёр менамуданд.
Масалан, сардори деҳаи Зировадк Хуфарн ба фармондор ин тавр менависад: «Ҷаноби фармондор, шоҳ Деваштич ба ман фармуд ба шумо хабар диҳам, ким ан ба шумо ғаллаю асбобҳои аспонро фиристодам».
Дар мактуби дигар ба фармондор хабар дода мешавад, ки аз деҳаи Зировадк 5 зину лаҷоми дигар асбобҳои асп, 20 банди пашмин, 250 тири пайкон ва 150 зин ва чанд чарм гирифта шуд.
Ҳамаи он чизҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои суғдӣ зикр шудаанд, ба монанди пўсти хом, чарм, банд, афзоли асп моҳияти ҳарбӣ доштанд, чунки пўсти хомро дар сипарсозӣ, тири пайконсозӣ, зинсозӣ, тиру камон ва ғайра истифода мебурданд. Дар шароити кўҳистон барои аз як овринг ба овринги дигар гузаштан, аз кўҳ баромадан ва фуромадан, ё аз дарё гузаронидани бору одамон банди зиёд лозим буд. Бинобар ин одамони Деваштич аз деҳаҳо банд ҷамъ менамуданд. Дар миёни ҳуҷҷатҳои суғдӣ як мактуби Деваштич, ки оғоз ва анҷоми он вайрон шудааст, вуҷуд дорад. Дар ин хат гуфта мешавад, ки: «..ғалла ва дигар навъҳои озуқавориро дурустакак пинҳон куне два аз болояшон посбон монед. Ман ба ту як тирдон, як ҷуфт мўкӣ ва ғайра фиристодам». Чи тавре ки аз мазмуни ин мактуб маълум мешавад, Деваштич ягон таҳдидеро дар назар дорад, ки ба фармондор нома фиристода, масъалаи дар ҷои бехатар нигоҳ доштани озуқавориро таъкид мекунад. Шояд дар ҳамин вақт арабҳо ба Панҷ ҳуҷум кардаанд, ки Деваштич аз омадани онҳо ба фармондор хабар медиҳад. Чи тавре ки тадқиқотҳои бостонӣ дар деҳаҳои Кум ва Абаргар нишон медиҳанд, агар ҳимоятгарони онҳо аз озуқа таъмин мебуданд, душман онҳоро ҳеҷ гоҳ гирифта наметавонист, чунки ин қалъаҳо аз ҳамаи тарафҳо бо ҷарию кўҳу обҳои касногузар иҳота шудаанд. Ба ин қалъаҳо фақат ба воситаи як роҳи борик ворид шудан мумкин буд, ки онро қувваи ками бошандагони он метавонистанд ҳимоя намоянд. Деваштич инро нагз медонист ва бинобар ҳамин барои ҳарчи зиёд ҷамъ кардани хўрокворӣ ва нигоҳ доштани онҳо ғамхорӣ менамуд. Дар асрҳои миёна, дар шароити кўҳистон аскарон ва оилаҳои зиёди деҳқонони аз дасти арабҳо гурехтаро бо хўрокворӣ дар муддати якчанд моҳ таъмин намудан кори хеле душвор буд. Мо аз «Таърихи Табарӣ» медонем, ки аз Панҷакент ба ғайр аз дастаҳои ҳарбӣ боз 100 оилаи давлатманди суғдӣ омада буданд. Аз ин ҷост, ки одамони Деваштич бо зўрию нағзӣ аз деҳқонони бутамон ғаллаю меваҳои хушкашонро кашида гирифта, барои ҷанговарон захира менамуданд. Чи тавре ки баъдтар мебинем, ҳимоячиёни Абаргар дар муддати 3 – 4 моҳ мардонавор ба муқобили арабҳо истодагарӣ карданд.
Ҳуҷуми арабҳо ба Панҷ ва Бутамон
Чи тавре ки маълум аст, арабҳо шўришгарони суғдии дар Хуҷандбударо бераҳмона қатл карданд. Онҳо аҳолии Хуҷандро барои он ки суғдиҳоро дар хоки худ роҳ доданд, ваҳшиёна мекуштанд ва ҷазо медоданд.
Ал-Харашӣсоли 722 баъди забткориҳои соли 715- и Қутайба ибни Муслим дубора Чоч, Фарғона, Хуҷанд ва Истаравшанро фатҳ намуда, ба ҳамаи шўришгарону мухолифони истилогарони араб ҷазои бераҳмона дод.
Аммо халқи матини ин диёрҳо ба арабҳо сари итоат нафуроварда ба муқобили онҳо мубориза мебурданд. Одамони Деваштич дар ноҳияҳои забткардаи душман ташвиқот бурда, шахсони зидди арабро ҷамъ намуда, ба тарафи Панҷу Бутамон мефиристоданд.
Аз ҳуҷҷатҳои суғдии архиви Деваштич маълум мешавад, ки дар муҳорибаи Мадм, Кум ва Абаргар намояндагони гўшаю канорҳои Осиёи Миёна иштирок доштаанд. Дар задухўрди Бутамон ҳокимони рустоқҳои Партан, Хохсар, Мадрушкат, Киштут, Моғиён ва бисёр деҳаҳои Бутамон иштирок доштанд.
Ал-Харашӣ баъди шўриши суғдиҳоро дар Хуҷанд хобондан ва водии Фарғонаро забт кардан ба муқобили Деваштич лашкари калоне мефиристад. Мувофиқи ахбороти ат-Табарӣ ва ал-Мадайнӣ сарфармондеҳи он Сулаймон ибни Абу Сарӣ таин шуда буд. Ба арабҳо дастаҳои хоразмшоҳу Бухоро, Ахарун (ноҳияи ҳозираи Қаратоғу Шаҳринавро дар бар мегирифт) ва Шуман (Ҳисор) ёрӣ медоданд.
Деваштич барои муқобилиятнишон додан ба чунин лашкари гарон қувва надошт. Ӯ пойтахти давлати худ шаҳри Панҷакентро монда, бо ҳамроҳии дастаи худ ва 100 оилаи давлатмандони панҷ ба тарафи Бутамон ақиб менишинад. Мумкин аст Деваштич ва тарафдорони ў гумон доштанд, ки арабҳо Панҷакентро ғорат карда ба кўҳистон аз дунболи онҳо намеоянд, аммо ин тавр нашуд.
Дастаҳои араб шаҳри Панҷакентро ғорат карда, оташ задан два аз қафои Деваштич ба сўи Бутамон раҳсипор шуданд.
Аввалин задухўрди дастаҳои араб бо суғдиён дар назди деҳаи Мадм дар қасри зебои Гардани Ҳисор ба вуқўъ пазируфт. Дар ин ҷангдастаҳои бисёр рустоқҳои Бутамон ба монанди Киштут, Моғиён, Мадрушкат ва Фалғар иштирок доштанд. Суғдиҳо дар ин ҷанги нобаробар шикаст хўрда ба тарафи деҳаи Кум қафо менишинанд. Душман қасри Мадмро талаву тороҷ намуда, оташ мезанад. Бисёр ашёву анҷом сўзонида мешавад.
Ат-Табарӣ менависад: «Ҳисоре, ки Деваштич ва ҳамроҳони ў дар он пинҳон шуда буданд, аз се тараф бо дарёи Суғд иҳота шудааст». Дар ҳақиқат мустаҳкамаи Абаргарро аз ду тараф дарёи Зарафшон ва аз ҷониби сеюм рўди Кум ҳалқавор печонидаанд. Аз самти чаҳорум Абаргарро кўҳи Муғ муҳофизат менамуд. Ғайр аз ин роҳи даромад ва ҷойҳои одамгузари кўҳро бо девори сангин устувор карда буданд. Суғдиҳо дар паси ин девор ва кўҳпораҳои Муғ камин гирифта, ба қалъа душманро наздик шудан намемонданд.
Бинои қалъа аз хатти ҷанг дар масофаи 600-700 метр дар баландиевоқеъ буд. Дар майдону гирду атрофи васеи қалъа молу гови зиёд ва занҳои пиру кўдакон озодонаю бехавф зиндагонӣ мекарданд. Арабҳо роҳҳои баромади қалъаро гирифта, интизори худ ба худ таслим шудани ҳимоятгарони Абаргар буданд. Суғдиҳо, албатта, зимистон дар ин ҷо зиндагонӣ карда наметавонистанд. Хўрокворӣ ва лавозимоти ҳарбӣ низ наздик ба тамом шудан омада буд, дар қалъа аҳвол бад шудан мегирифт. Дар охир Деваштич аз Сулаймон ибни Абу Сарӣ талаб мекунад, ки ўро бо ал-Мусаиб ба назди амир ал-Харашӣ фиристад. Сулаймон ба ин розӣ шуда Деваштичро бо ал-Мусаиб ба пеши ал-Харашӣ равон мекунад. Сабаби шўришгаронро партофта рафтани Деваштич ба мо маълум нест. Шояд вай мехост, ки ал-Хараширо розӣ кунад ва барои суғдиҳои Абаргар аз ў авфи умумӣ пурсад. Аммо амир ўро ба зери назорат гирифта, ҳар ҷое, ки мерафт, Деваштичро ҳамроҳи худ мебурд.
Ҳимоятгарони Абаргар баъди рафтану наомадани Деваштич ноилоҷ шуда бо арабҳо гуфтушунид мекунанд. Онҳо аз арабҳо талаб мекунанд, ки таслим мешаванд, ба шарте ки Сулаймон онҳоро бо зану фарзандашон зинда монад. Арабҳо ба ин шарт розӣ мешаванд ва суғдиҳо дари қалъаро боз мекунанд. Мо намедонем, ки Сулаймон ба аҳдаш вафо кардааст ё не.?
Баъди хобондани шўриши Бутамон, дар Кеш (Шаҳрисабзи ҳозира) ҳам мардумон ба муқобили арабҳо баромада буданд. Сайд ал-Харашӣ шўриши Кешро бераҳмона пахш карда, дар роҳи бозгашт дар наздикии шаҳри Робинҷон (Катақурғони ҳозира) Деваштичро ваҳшиёна ба қатл мерасонад.
(Амир Ҳарошӣ бифармуд, ки Деваштичро аз дасту аз пойҳо ва аз гарданаш алоҳида-алоҳида занҷирбанд намуда, ба панҷ барзагови бузург бубанданд. Пас аз ин барзаговҳоро ба панҷ самт биронданд…)
Сари ўро барои халифа Умар ибни Ҳубайра ба Ироқ ва дасти чапашро барои Сулаймон ибни Абу Сарӣ мефиристонад. Ҷасади маҷрўҳи Деваштич чанд рўз дар офтоб мемонад. Арабҳо эълон карда буданд, ки касе ба ҷасади вай даст расонад, ба қатл расонида мешавад. Ба ин нигоҳ накарда суғдиҳо шабона мурдаи Деваштичро дуздида дар дахма пинҳон менамоянд.
Ат-Табарӣ менависад, ки гўё халифа аз куштани Деваштич дар ғазаб шуда Сайд ал-Хараширо аз вазифаи амири озод мекунад. Аммо дар асл ин тавр набуд. Халифа Умар аз чунин ваҳшиёна кушта шудани Деваштич тарсида буд, ки мабодо ин боиси шўриши нави суғдиҳо нашавад. Бинобар ин ў барои ғазаби халқ ва тарафдорони Деваштичро кам кардан ал-Хараширо аз вазифааш хориҷ менамояд.
Ҳамин тавр шўриши суғдиҳои Панҷу Бутамон бо сардории Деваштич соли 722 аз тарафи арабҳо бераҳмона пахш карда шуд.
Сабаби шикаст хўрдани шўришгарон парокандагии қувваҳои онҳо буд. Ҳар як шаҳр, вилоят кўшиш менамуд, ки бо қувваи худ аз болои аскарони бешумори низомии арабҳо ғолиб ояд. Онҳо дар мубориза ба якдигар ёрӣ намедоданд. Арабҳо аз ин парокандагии ҳокимони маҳаллӣ моҳирона истифода бурда, шўриши онҳоро ба осонӣ мағлуб менамуданд.
Аскарони араб аз ҷиҳати миқдор даҳчанд аз суғдиҳо зиёд буданд. Онҳо дорои яроқу аслиҳа, таҷрибаи бои ҷангӣ ва низоми ҳарбӣ буда, ба осонӣ аз болои дастаҳои шўришгар ғолиб меомаданд.
Охирсухан
Мо дар асоси бозёфтҳои бостонӣ ва баъзе сарчашмаҳои хаттӣ дар бораи баъзе саҳифаҳои таърихи аввалҳои асри миёнаи болооби Зарафшон, ки дар қадим бо номи Бутамон машҳур буд, таваққуф намудем.
Ба Бутамон рустоқҳои Яғноб, Мадрушкат (Масчо), Парғар (Фалғар), Киштут, Моғиён ва Фароб дохил мешуданд. Ин диёри пурфайзу хушобу ҳаво бо манзараи зебои табиат ва ёдгориҳои бостонии пурбаҳояш машҳури ҷаҳон мебошад. Дар кўҳҳои Бутамон аз қадимулайём мис, оҳан, нуқра ва тилло истеҳсол мекарданд. Симоб ва навшодири бутамониро дар асрҳои миёна дар ҳамаи бозорҳои Ҳинду Чин, Турону Эрон, Мисру Ироқ ва Юнону Рим дидан мумкин буд.
Бошандагони ин сарзамини кўҳан дорои таърихи бою маданияти баланд буданд. Қайд кардан кифоя аст, ки бозёфтҳои хатти суғдие, ки дар яке аз харобаҳои Кушки Абаргар – қалъаи Муғ ба даст омадаанд, аз он шаҳодат медиҳанд. Мо имрўз ба шарофати ин дастхатҳои нодир дар бораи забону адабиёт, хатту савод, санъату маданияти баланд, доду гирифт, – хулоса таърихи мукаммали яке аз халқҳои калонтарини гузаштагони тоҷик – суғдҳо бо ифтихор сухан мегўем.
Бисёри ин дастхатҳои нодир бо қалами худи бошандагони ин сарзамин нисбат доранд.
Арабҳо дар ду бори истилои худ ин сарзаминро ба ғорат бурданд. Дар миёни онҳо бутҳои заррини аз ибодатхонаҳои Бутамон ғораткардаашон дар таърих хеле машҳур мебошанд. Бутҳои заррин, ҳайкалчаи гачини аз деҳаи Кум ва чўбҳои нимсўхтаи пур аз нпқшҳои нодири аз харобаи Гардани Ҳисор (Мадм) бадастомада нишон медиҳанд, ки офарандагони онҳо устодони моҳиру гулдасти замони худ буданд. Чўбҳои гулбурикардашудаи аз Гардани Ҳисор ёфтшуда ба меҳроби машҳури Искодар, сарсутунҳои Урметан, обурдону Курут шабоҳат доранд. Баъзе тадқиқотчиён тахмин менамуданд, ки нақшаҳои меҳроби Искодар, сутунҳои Обурдону Урметан маҳсули дасти устоҳои шаҳрҳои Самарқанд ва дигар марказҳои мадании Осиёи Миёна мебошад. Бозёфтҳои Гардани Ҳисор, Панҷакент ин фикрҳоро ба куллӣ рад менамоянд. Мо метавонем гўем, ки дар болооби Зарафшон дар асрҳои XII-XIII мактаби махсуси нақшу нигоришҳо вуҷуд дошт. Офарандагони ин шоҳасар – мардуми маҳаллӣ дар таърихи санъати тасвирӣ-наққошӣ ба монанди ҳамватану ҳамзамонашон Абуабдуллои Рўдакӣ бузург буданд.
Юсуф Ёқубов