Тоҷикистон кишвари биҳиштосову дорои мавзеъҳои зиёди пурасрор ва таърихӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасолаи худ нисбати соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши ҷойҳои таърихӣ аҳамияти хоса медиҳанд, ин аст, ки солҳои 2019-2021-ро дар ҷумҳурӣ Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Яке аз дурдонаҳои Тоҷикистон, ки дар водии Зарафшон воқеъ буда, дар байни сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ маъруфу машҳур гардидааст ин Искандаркӯл маҳсуб меёбад.Искандаркӯл дар ҳавзаи дарёи Зарафшон калонтарин, зеботарин ва пурмуаммотарин кӯл ба ҳисоб рафта, дар байни силсилакӯҳҳои Ҳисору Зарафшон, ки онро кӯҳсори Фон меноманд (ноҳияи Айнӣ), дар баландии 2195 м аз сатҳи баҳр ҷойгир гардидааст. Искандаркӯл аз ҷиҳати бузургии майдони фарогирифтаи худ дар байни кӯлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи чордаҳумро ишғол карда, 72 м умқ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доираи давродавр дорад. Шаффофии оби кӯл дар тобистон 1,10-1,60 м ва дар охирҳои тирамоҳ ба 10м мерасад. Дар таркиби оби кӯл биокарбонатҳо, сулфатҳо, фосфатҳо, оксиди калтсий, силитсий, хлор, оҳан, манган, сурма ва симоб мавҷуданд. Дар ҳавзаи Искандаркӯл ва Искандардарё хокҳои қаҳваранги ишқорнок, хокҳои марғзорҳои даштӣ ва хокҳои баландкӯҳӣ даштӣ паҳн шуда, 3,2-8,4% порухок доранд. Дар атрофи Искандаркӯл наздики 1300 намуди растанӣ меруяд. Онҳо аз набототи алафӣ, буттагӣ ва дарахтӣ иборат ҳастанд. Олами ҳайвоноти атрофи Искандаркӯл аз ҳашаротҳо, обхокиҳо, хазандаҳо, ширхӯрҳо ва алалхусус аз паррандаҳо (119 намуд) бой аст. Зимистони мавзеи Искандаркӯл мулоим буда, тобистонаш салқину форам мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи январ-5°с (минимум-19°с) буда, баҳор аз дахаи аввали моҳи апрел оғоз меёбад ва ҳарорати миёнаи моҳи июл+18°С (максимум +34°С)-ро нишон медиҳад.
Дар соҳили шимолу ғарбии Искандаркӯл, яъне шафати чапи резишгоҳи дарёи Саратоғ аз зери шахи оҳаксанге, ки бевосита ба доманаи кӯҳ пайваст шудааст, аз тарқишҳои зиёди он рӯде берун меояд, ки сокинони маҳал онро Панҷчашма ном мебаранд ва дар бағзе адабиётҳои илмӣ Ғорчашма номидаанд. Дар соҳили чапи резишгоҳи оби ин рӯд, дар доманаи кӯҳ ҳаволи калоне мисли ғор воқеъ гардидааст. Шояд аз ҳамин хотир ин чашмаро “Ғорчашма” номида бошанд. Дар шафати қафои чашма гилемсанги паҳн воқеъ гардидааст, ки онро як навъ дафтарчаи хотираи Панҷчашмаю Искандаркӯл номидан равост. Санаи аз ҳама барвақт сабт шуда “6 июни соли 1870” мебошад, ки он аз ҷониби солдатҳои рус навишта шудааст.
Кӯҳҳои Фонро рӯду дарёҳои Ҳазормеш, Саридевол, Париён, Саритоғ, Замбар, Арг, Сарема ва дигарҳо бурида, дараю водиҳои ҳайратангезро ба вуҷуд овардаанд. Кӯҳҳое, ки гирду атрофи Искандаркӯлро иҳота кардаанд4-5 ҳазор метр баландӣ доранд. Ба назарчунинменамояд, киИскандаркӯлчункосаипуроб дар кафи даст истода бошад. Дар атрофи он якчанд қуллаҳои осмонбус, ба монанди қуллаиБоронсанч(Чулбой)-3354м, қуллаи «Шафақҳои гулгун»-4315м, қуллаи Энергия -5120м, қуллаи Ганза-5300м вақуллаиЧимтарға -5489м исботи ин гуфтаҳоянд. Аксарвақткӯҳҳовақуллаҳоибаландиатрофикӯлрочодарисафедибарфҳои доимӣ вапиряхҳопӯшонидаанд, кирӯдударёҳороғизомебахшанд.
Оиди пайдоиши Искандаркӯл ва синну соли он дар байни муҳаққиқону олимон як фикри мушаххас вуҷуд надорад. Яке аз муҳаққиқони кишвар чунин меоварад: “Дар натиҷаи лағжиш-фурӯғалтии кӯҳпорае, ки аз кӯҳҳои Ҳазормеши нишебиҳои шимоли қаторкӯҳҳои Ҳисор, шарқии Искандаркӯл 3600±80 ҳазор сол муқаддам дар охирҳои плейстотсену аввалҳои голотсен рух дода, чунин боҳашамате будааст, ки якбора маҷрои Проискандардарёро баста, сатҳи об то баландии 2400м аз сатҳи баҳр баланд шуда, чокии ғулмонанди секунҷа ба Искандаркӯл табдил меёбад. Сатҳи оби Искандаркӯл рустои Саритоғ, Кончоч ва кӯли Моронро фаро гирифта буд. Бо мурури замон дар натиҷаи тағйир ёфтани шароитҳои физикӣ-палеогеографӣ ва динамикии маҳал, ки асосан шусташавӣ ва аз байн рафтани ҳавзаи болоии сарбанд буд, сатҳи об паст фаромада дар релеф изу пай, сангрезаҳои суфташудаи соҳилҳои қадим, манораю “занбуруғ”-ҳо ва рустаниҳо дар соҳили рости рӯди Саритоғ, маҳаллаи Кончоч, кӯҳи Боронсанҷ ва якҷояшавии рӯдҳои Саритоғу Париён ва соҳилҳои Искандаркӯл аз худ мерос мондаанд. Азбаски шусташавии соҳилҳо давр ба давр тапиш мехӯрданд, пастшавии сатҳи оби Искандаркӯл то сарбанди имрӯзааш ба шакли амудӣ 4 маротиба паст рафтааст: 2-4 (15-20), 30-40, 70-75 ва 70-148 метр. Сарбандҳои баландӣ 200-250 м, ки аз лағжиш-фурӯғалтиҳои пешина пайдошуда буданд, аз сабаби ноустувор будан аз байн мераванд.
Аз кӯл як дарё ҷорӣ мешавад. Ин дарё дар масофаи зиёда аз 1 км дуртар аз кӯл аз болои кӯҳи афтида ҷорӣ шуда, ба ҷараёни қадимии худ меафтад ва яке аз шаршараҳои зебои дунёро ба вуҷуд меорад, ки дар байни олимон ва сайёҳон бо номи “Ниагара”-и Фон маъмул аст. Ин шарашараи зебо дар охирҳои асри XIX аз тарафи сайёҳ ва табиатшиноси рус В.И. Липский кашф карда шуд. Ҳангоме, ки об аз боло ба поён мерезад, аз зарабаи сахти афтиш ба чаҳор тараф пош хӯрда, овози даҳшатноку саҳмнок мебарорад. Дар нимаи дуюми рӯз нурҳои Офтоб ба ин чакраҳои пошхӯрдаистода бархӯрда тиру камони зебоеро пайдо мекунанд. Баландии шаршара 24 метрро ташкил медиҳад (ин якум остонааш аст, дигар қабатҳояшро дидан ба ҳар кас муяссар намегардад). Ҳоло барои дурусту бехавф тамошо кардани ин шаршара дар болои шах (санги калон)-и ҳавлноки овезон панҷараи оҳану бетонии бехавф сохта шудааст.
Дар адабиётҳо Искандаркӯл бо номҳои гуногун ёдоварӣ мешавад. Ва то ҳол дар байни аҳолии гирду атрофи минтақа нақлу ривоятҳои ҷолибе боқӣ мондааст.
Дар “Ҳудуд-ул-олам” Искандаркӯлро бо номи Дарёжа дар қатори ҳафт дарёи обаш ширин ҷой дода, чунин маълумот оварда шудааст: “Дарёжа к-андар ҳадди Субрушана (Истаравшан) аст, ки аз чаҳор рӯд бипайвандад, ки аз Буттамон гушояд, андар миёни кӯҳҳост. Аз ӯ рӯде бигшояд, ки оби Самарқанду Бухорову Суғд аз он ҷост, миқдори чаҳор фарсанг андар чаҳор фарсанг. Ва ин аз он дарёякҳое аст, ки маъруф аст ва мар варо андар кутубҳои ахбор ёд кардааст…”.
Ал-Истахрӣ ӯро Бачан –(макони об ҷамъшуда), ибни Ҳавкал-Чан, ал-Муқаддасӣ-Маҷмаъ ва ибни Хурдодбеҳ-Ҳаштодондар гуфтаанд.
Маркварт ҳисоб мекард, ки калимаи суғдии “ҷан” маънои ҷӯйбор (канал)-ро медиҳад. Диққати бузургро ба ин калима О.И. Смирнова бахшидааст. Ӯ чунин мешуморад, ки тарзи бештар дурусти он “ҷай”, бо маънои макони обҷамъшуда (водоем) ё обанбор (водохранилище) мебошад. “Калимаи “ҷай” дар топонимикаи болооби Зарафшон қайд карда шудааст” (Смирнова, 1950, с. 57). Калимаи “дарё” дар забони адабии тоҷик то асрҳои IX-XII мафҳуми кӯл, дар тафовут аз рудро дошт (Фарҳанги тоҷикӣ, с. 337). Мумкин аст калимаи “дарёжо” дар Ҳудуд-ул-олам калимаи таҳриф ёфтаи “дарёча” бошад. Зимнан дар тарҷумаи форсии Ибни Хавкал калимаи “чан” мисли дарёча таҳвил шудааст. Он вақт равшан хоҳад шуд, ки номи дарёжа дар Ҳудуд-ул-олам ҳамчун дарёча (кӯл) аст.
Ҳеҷ кас аз ҷуғрофидонҳои асримиёнагӣ, ғайр аз Ибни Хурдодбеҳ мафҳуми ин кӯлро намебиёрад. Ибни Хурдодбеҳ ӯро Ал-Ҳаштодондар ишорат менамояд. Маркварт пешниҳод карда буд, ки ин исмро мисли Ҳаштодон дара ё Ҳаштодонзара – кӯл хонд. Смирнова чунин меҳисобад, ки маънои калимаи Ҳаштодондараи ибни Хурдодбеҳ оварда номаълум аст ва зоҳиран он то замони мо дар ҳолати сахт таҳриф (хато) шуда омадааст. Лекин эҳтимоли зиёд аст, ки ибни Хурдодбеҳ номи аслии кӯл – Ҳаштодон ё Ҳаштозонро хабар додааст ва танҳо хотимааш “дара” шояд калимаи тағйир ёфтаи “дарё” –кӯл бошад, яъне кӯл Ҳаштодондарё гуфта мешуд.
Ал-Истахри ва ибни Хавкал меоваранд, ки дар гирди кӯл деҳот ҳаст, вале муаллифи Ҳудуд-ул-олам аз ин ҳеҷ чиз намегӯяд. Аз ҷониби археологон ин минтақа кам омӯхта шудааст, лекин ҳоло дар атрофи кӯл русто нест. Аз ҳама деҳаи наздик Саритоғ аз кӯл 7-8 км болотар ҷой гирифта, 15 км дар поёнтари он қишлоқи Ҷиҷик воқеъ аст. Дар қисмати ҷанубу шарқии кӯл майдонҳои кишт мебошанд.
Ғайр аз ибни Хурдодбеҳ, ҳеҷ кадоме аз ҷуғрофидонҳои асримиёнагӣ номи Искандардарёро намеоранд. Ибни Хурдодбеҳ ӯро Чирт тавсиф мекунад. Юсуюшоҳ Ёқубов ин калимаро бо номи Ҷиҷик вобаста карда, Чиртро шакли таҳрифшудаи Ҷиҷик меноманд.
Бобур Мирзо ҳангоми сафараш ба воситаи ҳавзаи Зарафшон дар асари худ “Бобурнома” қайд менамояд, ки байни кӯҳҳои Фон кӯли азиме вуҷуд дорад (яъне номи кӯлро наовардааст).
Дар “Харитаи генералии империяи Россия соли 1776 – Трускотт ва Шмидт” (номи аслиаш “Tabula geographica generalis Imperii Russici ad norman novissimarum observationum astronomicarum concinnata”, “Генеральная карта Российской империи, составленная по новейшим астрономическим наблюдениям”.), ки аз ҷониби Академияи илмҳои Санкт-Петербург тартиб дода шудааст, бо номи кӯли Таран (Taran – дар забони русӣ маънои манҷаниқро мефаҳмонад) дарҷ ёфтааст.
Дар яке аз асарҳои гаронбаҳои таърихӣ – “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл”, ки соли 1870 таълиф шуда, роҷеъ ба вазъияти иқтисодӣ, ҳолати иҷтимоӣ, сатҳи зиндагӣ ва дараҷаи мадании Кӯҳистон маълумот медиҳад, доир ба Искандаркӯл маълумотҳои диққатҷалбкунандае оварда шудааст. Ва дар он пайдоиши кӯлро асосан ба Искандари Мақдунӣ рабт медиҳанд. Гуфта мешавад, ки Искандар ҳафт сол лашкар кашида, ҳамаи вилоятҳоро мусаххар карда меояд. Замоне ки ба вилояти Самангон (Самарқанд) мерасад, заминҳои онро об гирифта буд. Аз мардуми маҳаллӣ мешунавад, ки дар мавзеи Кӯҳистон Саратоғ ном кӯҳи баланде ҳаст. Дар поёни он кӯҳ кӯли азим мебошад ва аз он оби бисёр ҷорӣ шуда, ин вилоятро хароб намудааст. Искандар ба онҷо баромада фармон медиҳад то сад банданд. Бо сабаби оне ки “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл” аз забони халқ гирифта китобат шудааст, дар он мавзеъ (Искандаркӯл) на ҳама кас қабули онро доштаанд, ки садди онро Искандар бунёд намудааст. Ва муаалиф дар ҷои дигар меорад: “Баъзе Кӯли Искандар мегӯянд ва баъзе кӯли Искандар не мегӯянд”.
Шарқшинос академик В.В. Бартолд чунин меҳисобад, ки Искандаркӯл бо ҳамин ном дар асрҳои миёна маълум набуд ва ин номро кӯл ба худ пасонтар (охирoҳои асри XVIII аввали асри XIX) гирифтааст.
Аллома Б. Ғафуров доири ин масъала танҳо бо як ҷумла иктифо намудаанд: “Мувофиқи афсонае, Искандар гӯё то саргаҳи дарёи Зарафшон омада будааст, ки дар он ҷо вуҷуд доштани кӯле бо номи Искандар (Искандаркӯл) низ ба ин гувоҳӣ медиҳад”.
Владимир Ширкин (1966) ривояти Пётр Осипович Пашков роҳбалад, олим ва сайёҳро мухтасар чунин овардааст: “Искандар Мароқанд (Самарқанд)-ро забт карда ба сӯи кӯҳистониёни озодидӯст ҳуҷум кард, аммо мардуми таҳҷоӣ шӯриш бардошта бо дастаҳои муташаккил бо яроқу найза мусаллаҳ гардида, ба қалъаҳои қушунҳои Искандари Мақдунӣ ҳамла оварда, кӯшиш мекарданд, ки истилогаронро аз диёри худ пеш кунанд. Искандар аз собитқадамӣ ва ҳуҷуми кӯҳистониён ба ғазаб омада, қарор дод, ки онҳоро ҷазо диҳад ва ҷанговарони савораи ба худ содиқро фармон дод, ки шаҳраки кӯҳистониёнро харобу валангор кунанд ва ҷанговарон пеши роҳи дарёро бастанд, об баланд шуд, шаҳрак ғарқ гардид ва кӯл пайдо шуд. Бошандагони водӣ, ки пойини кӯл зиндагонӣ мекарданд, бо истилогарон муборизаи пуршиддатро давом доданд. Искандар қарор дод, ки онҳоро ҷазои қатъӣ диҳад ва фармон дод, ки дарғоти қисми болоии сарбанди обро бардоранд, дарғотро бардоштанд ва обанбори калон нишемангоҳи кӯҳистониёнро аз байн бурд. Кӯҳистониён муттаҳид шуда ба монанди селоби кӯҳсорон ба соҳили кӯл, ки қувваҳои асосии Искандар дар он ҷо буданд, ҳаракат карданд. Дар задухӯрди ақибронӣ Искандар аспашро баргардонд ва дар соҳили чапи ноустувор ҳамроҳи дарғотҳои соҳил ба кӯл афтод. Искандар аз об баромад, вале аспи ӯ (Бутсефал) аз оби хунук ва соҳили ҷарӣ ростафтода баромада натавонист. Вай дар кӯл ғарқ шуд. Мардуми таҳҷоӣ қисса мекунанд, ки моҳтобии ҷумъа асп барои чаридан ба марғузорҳои Ҳазормеш ва Саридеволу Панҷчашма мебарояд”.
Вале рабт додани кӯл ба номи Искандари Мақдунӣ дуруст намебошад. Зеро ки бисёре аз таърихшиносон фикри оиди рафтани Искандари Мақдуниро ба саргаҳи Зарафшон рад намудаанд.
Чуноне, ки суғдшиносон собит намудаанд, “иски” ва ё “аски” дар забони суғдӣ маънои “боло” ё “баландӣ”-ро медиҳад. Дар ҳавзаи дарёи Зарафшон номҳои дар таркибашон “иски” ё “аски” дошта кам нестанд. Масалан, Искодар, Искодарак, Исковат, Искидарғ, Искансара, Аскиғар, Аскихо, Аскикозот, дар Хатлони қадим-Искандара ва дар вилояти Тошканд шаҳраки Искандар маълуманд. Пас бо қатъият метавон гуфт, ки ҷузъи аввали калимаи Искандаркӯл дар ҳақиқат ишора ба баландӣ мебошад. Ҷузъи дуюми калима “дар” чи гунае ки дар болотар гуфта гузаштем ба ақидаи баъзе олимон шакли тағйир ёфтаи “дарё” мебошад, ки он дар аввал маънои “кӯл”-ро дар тафовут ба рӯд мефаҳмонд. Аз ин хотир метавон хулоса баровард, ки “Искидар” ё “Искандар” маънои кӯл дар баландиро медиҳад. Ва ҷузъи сеюми номи “Искандар-кӯл” на “кӯл” балки “қул” мебошад. Суғдшинос А.Л. Хромов дар асари худ “Очеркҳо дар бораи топонимия ва микротопонимияи Тоҷикистон” (Д.1975) “қул”-ро ҳамчун калимаи суғдӣ – чарогоҳ маънидод намудааст. Акнун гуфтан мумкин аст, Искандаркӯл шакли омехта ва суфта шудаи калимаҳои “Иски (баландӣ)-дарё (кӯл)- қул (чарогоҳ)” бошад. Кӯл худаш зебост, гирду атрофаш бо алафу буттаву дарахтони ҳазорҳо баҳору зимистонро дида ба он даҳҳо зебогии дигарро зам мекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки аҷдодони халқи тоҷик дар гузашта асосан ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул буданд. Мардуми маҳаллӣ макони зисти худро кӯл бо чарогоҳи беназир мефаҳмиданд ва он шахсоне, ки ба ин ҷо қадам ниҳоданд аз шукӯҳу шаҳомати макон ва дар баландӣ мавқеъ гирифтани он ба ҳайрат омада, дар бозгашт ба ҳамшаҳриёни худ мавзеъи зикр шударо чунин тавсиф менамуданд: “КӮЛЕСТ ДАР БАЛАНДӢ БО ЧАРОГОҲИ ХУБ” (Искандаркӯл). Ба ҳамин маънӣ яке аз шоирони маҳаллӣ фармудааст:
Дар диёрам чун ҳавои кӯҳсорон дилкаш аст,
Рақсу бозӣ дар миёни марғзорон дилкаш аст.
Чаҳ-чаҳи булбул бубину қаҳ-қаҳи кабки дарӣ,
Мавҷи оби кӯҳсору чашмасорон дилкаш аст.
Инҷо мақолаи худро бо овардани суханони Владимир Ширкин – варзишгар – кӯҳнаварди машҳури даврони Шӯравӣ ба поён мерасонем:
“Он чиз аст, ки сайёҳонро аз минтақаҳои гуногуни дунё, бахусус давлатҳои собиқ ИҶШС ба Искандаркӯл ҷалб менамояд?
Чаро ин кӯл яке аз зеботаринҳо ба ҳисоб меравад?
Аввалан сайёҳонро зебогии ба худ хоси Искандаркӯл, кӯҳҳои сер долу дарахти гирду атроф, худи хатсайр ба ин ҷо ҷалб мекунад. Бо кӯл бисёр нақлу ривоятҳо аз замони Искандари Мақдунӣ иртибот доранд. Оби кӯл ранги ҳайратангези сабзу кабудро дорост. Дар ҷараёни рӯз намуди худро иваз карда меистад, гоҳе изумруди равшан, гоҳи дигар кабуди сабзтоб, гоҳе фирӯзагӣ, гоҳи дигар қурғошимӣ бо мавҷҳои шонамонанди нуқрагун. Гӯё дар ин ҷо лавҳаи рассомии ҳарранга – аз сабзи тира то кабуди равшан ҳамааш гирд оварда шудааст. Лаззат гирифтан аз кӯл дар шаби моҳтобӣ, замоне ки ҳамаи гирду атроф тарҳ ва ранги афсонавии мафтункунандаро ба худ мегирад, имкон дорад”.
Все реакции:
Бобоҷон Нурзод, Firuza Sharifova и ещё 36