Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

23 ноябр дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Пас аз ворид гардидани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола ба хотири арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва бузургдошти оину суннатҳои миллиамон таҷлил мегардад, самимона табрику муборакбод намуд.
Қайд карда шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили Рӯзи Парчам дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўйи кор омад, яке аз муҳимтарин рўйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории нав¬ини тоҷикон маҳсуб меёбад.
Дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари бисту се масъалаи мубраму бузург, ки оқилонаву дурандешона баррасӣ ва ҳал гардиданд, санаи 24-уми ноябри соли 1992 яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ -Парчами давлатӣ низ қабул гардид.
Минбаъд бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2009 зимни суханронӣ ба муно¬сибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ин санаи таърихӣ ҳамчун “Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон карда шуд.
Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат санаи 30 августи соли 2011 дар арафаи ҷашни 20 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе Парчами кишвар, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо баландии 165 метр барафрохта шуд.
Моҳи июли соли 2021 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти мамлакат Парчами давлатӣ бар пояи баландиаш 45 метр парафшон гардид.
5 -июли соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Урметан майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки тақвияти гиромидошти муқаддасоти давлатӣ мебошад.
Ҳамзамон, моҳи ноябри соли 2023 бо иштироки раиси вилояти Суғд дар деҳаи Дарғи Ҷамоати деҳоти Шамтуч майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии сутунпояи Парчами давлатӣ аз сатҳи замин 40 метр, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, дар шаҳраки Сарвода, Ҷамоати шаҳраки Зарафшон низ соли равон майдони Парчами миллӣ бунёд карда шуд, ки дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ нақши босазо мегузорад.
Албатта, барои тақвият бахшидани эҳсоси худшиносию худогоҳии ҳамв-атанон, дар вуҷуди аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон парвариш додани ғурури миллӣ, шинохти қадри муқаддасоти кишвар ва ҳисси ватандўстию меҳанпарастӣ қариб, ки дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия майдондҳои Парчами давлатӣ ба истифода дода шуда истодаанд, ки дар назди онҳо баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ аҳамияти зи¬ёди тарбиявию ахлоқӣ дорад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, зеро парафшонии парчам барои дар рўҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон нақши бориз дорад.
Эътироф шудани Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳаммаънои самимона дӯст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб за¬мину ҳар қатра оби ин диёри куҳанбунёд аст.
Мо, парчамбардорони миллатро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар азму талоши худро баҳри татбиқи дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири пешрафту ободии Ватани муқаддасамон ва фароҳам овардани шароити мусоид бар¬ои зиндагии шоиста равона созем.
Зимнан, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, – сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилояти Суғд, Тоиров Музаффар Носирович табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Дар охир, аз ҷониби аҳ¬ли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб пешниҳ¬од шуда, ҳамоиши идо¬на дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.
и ещё 25
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться

Leave a Reply

Back to top button