Хабарҳои руз

Роҳпаймои бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

Санаи 23-уми ноябри соли 2024 дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ва кулли сокинони ноҳия роҳпаймои бо шиору овезаҳо ва парчамҳои хурду калон баргузор гардид.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақ-саду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчам¬бардорӣ барои аҷдоди мо – тоҷикон, ҳанўз аз замонҳои дури таърих сарчашма гирифта, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дар худ дошт. Дар ин раванд, эҳтиром ба Па¬рчами миллӣ ин муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқ, ба рўҳи поку мероси аҷдоди бузурги худ буда, ҳар кадоми моро ба ваҳдату сулҳу субот, созандагиву ободгариҳо, тавоноиву нерўмандӣ ҳидоятгар мебошад.
и ещё 3
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

4

Leave a Reply

Back to top button