Хабарҳои руз

Паёми шодбошии Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Ҳамватанони азиз,
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътаб¬ар буда, таҷлили Рӯзи Парчам дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтих¬ор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарас¬ти тоҷик аст.
Сокинони сарбаланди ноҳияи Айнӣ имрӯз дар қатори дигар шаҳрвандони кишвари азизамон санаи муҳими таърихӣ, рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд.
Бо таманниёти беназир Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамчун санаи фархундаву муқаддас барои миллат шинохта шудааст, ба ҳамаи шумо ҳамдиёрони азиз табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, хушиҳои умр ва ба Тоҷикистони азизу маҳбуб пешрафт ва шукуфоии пайваста таманно дорам.
Парчамдорию парчамбардорӣ барои аҷдодони мо, ҳанӯз пеш аз замони Сосониён, баъд аз он, ки Коваи оҳангар пешдомани худро байрақ карда, ба муқобили душманон бархост, ба расмият ворид шуд. Дар ин бора дар асари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома”, ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагист аз муборизаи Кова ба муқобили Заҳҳоки хунхор ҳикоя карда мешавад. Аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлату давлатдорӣ байни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, забони давлатӣ аст, ки гиромидошту эҳтироми он барои ҳар як сокини кишвар қарз ва фарз мебошад.
Моддаи 18 Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 19 ноябри соли 2009, 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.
Ин санаи таърихӣ собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлат ва ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи Истиқлоли давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.
Мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф шуда, онҳо таҷассумгари Истиқлоли меҳан ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошанд.
Беҳтарин суханони баландмазмун ва воқеиро дар мавриди мақому ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд: “Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
Ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида истодаанд.
5 -июли соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Урметан майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки тақвияти гиромидошти муқаддасоти давлатӣ мебошад.
Ҳамзамон, моҳи ноябри соли 2023 бо иштироки раиси вилояти Суғд дар деҳаи Дарғи Ҷамоати деҳоти Шамтуч майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии сутунпояи Парчами давлатӣ аз сатҳи замин 40 метр, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, дар шаҳраки Сарвода, Ҷамоати шаҳраки Зарафшон низ соли равон майдони Парчами миллӣ бунёд карда шуд, ки дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ нақши босазо мегузорад.
Дар ҳақиқат шинохти ҳар давлати озоду мустақил дар асоси мавҷудияти рамзҳои хоси соҳибихтиёрии он, бахусус тавассути Парчами давлатӣ сурат гирифта, басо муҳим аст, ки шаҳрвандони аз нигоҳи сиёсӣ ҳушёру зирак ва аз диди ҳуқуқӣ соҳибмаърифати он намунаи волои худшиносии миллӣ ва ватанпарварию ватандӯстӣ нишон дода, ба Парчами давлатии хеш эҳтироми доимӣ дошта бошанд, чунки донистани қадру манзалати рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ маънии пос доштани ин сарзамин, гузаштаи таърихии он ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои муқаддаси Истиқлоли давлатиро дорад.
Ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун рамзи шинохти давлати комилҳуқуқу мустақиламон хеле муҳим аст, чун мардуми сайёра Тоҷикистонро тавассути Парчами фарқкунандаи он мешиносанд.
Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Зеро, ҳар ҷое, ки Парчам барафрохта шавад, мардум бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон эҳсоси ватандориву меҳанпарастӣ меафзояд.
Ҷойи сарфарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ, ки рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем.
Дар ин самт зарур аст, ки илова ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад. Бигзор, Парчами давлатии кишвари мо, ки далели пойдор будани сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон аст, бар фарози Тоҷикистон ва мардуми шарифи он то абад парафшон бошад!
Бори дигар ҳамаи Шумоён ва дар шахсияти шумо тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии азизамон муборакбод намуда, ба ҳар якатон зиндагии хурамона, рӯзгори обод, тансиҳативу фазои осоишта ва дар иҷрои ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бурдбориҳо таманно менамоям.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Puede ser una imagen de 2 personas, sala de prensa y texto
Me gusta

Comentar
Enviar
Compartir

Leave a Reply

Back to top button