Ёдгориҳои бостонӣ ва мавзеҳои сайёҳии ноҳияи Айнӣ

Дидбонгоҳи “Абаргар” – наздикии деҳаҳои Хайрободу Куми ноҳияи Айнӣ

Дар наздикии деҳаи Хайрободи Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ, поёнтар аз Қалъачаи Муғ харобазори боз як мавзеи таърихӣ бо номи “Абаргар” мавҷуд аст, ки ҳанӯз аз ҷониби олимони бостоншиноси тоҷик ба пуррагӣ омӯхта нашудааст. Мувофиқи ривоятҳо ин мавзеъ ҳам яке аз ёдгориҳои таърихии халқи кӯҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, замоне ҳамчун дидбонгоҳ ба суғдиёни Қалъачаи Муғ хизмат мекардааст. Қисми зиёди таърихи халқи мо аз ин ҷо сарчашма мегирад.
Ат-Табарӣ менависад: «Ҳисоре, ки Деваштич ва ҳамроҳони ў дар он пинҳон шуда буданд, аз се тараф бо дарёи Суғд иҳота шудааст». Дар ҳақиқат мустаҳкамаи Абаргарро аз ду тараф дарёи Зарафшон ва аз ҷониби сеюм рўди Кум ҳалқавор печонидаанд. Аз самти чаҳорум Абаргарро кўҳи Муғ муҳофизат менамуд. Ғайр аз ин роҳи даромад ва ҷойҳои одамгузари кўҳро бо девори сангин устувор карда буданд. Суғдиҳо дар паси ин девор ва кўҳпораҳои Муғ камин гирифта, ба қалъа душманро наздик шудан намемонданд. Маҳз дар ҳамин дидбонгоҳ, дар замони ҳуҷуми арабҳо ба кӯҳистони Суғд аҷдодони мо бо истилогарон ҷангиданд. Қаҳрамониҳо нишон доданд. Замоне дар ин мавзеъ гузаштагони мо, суғдиёни пуршараф гашту гузор мекарданд:
ДИДОРИ ОФТОБ
Суғдиён бар пешвози Офтоб
Ҳар саҳар даф мезаданд.
Ҳар саҳар дар саҳнаи Наврӯзгоҳ
Рақс мекарданд,
Шеър мехонданд,
Бо ҳазорон шавқи дил каф мезаданд.
Ҳар саҳар дар домани самти тулӯъ
Нағма мепечиду оҳангу суруд.
Ханда мепечиду бонги шавқу шӯр
Ҳар саҳар дар домани чархи кабуд.
Ҳар саҳар бар пешвози Офтоб
Завқ буду ханда буд –
То бидонад Офтоб
Зиндагонишон х(в)ашаст.
То бидонад Офтоб
Дар дили онҳо шарори оташ аст.
То бидонад Офтоб
Қисмати ӯ низ рӯзи дилкаш аст…
Чун расад вақти видоъ,
Бегаҳи дар домани самти ғуруб
Боз ҳам каф мезаданд,
Боз ҳам даф мезаданд,
То набинад Офтоб
Дар рухи онҳо ғубори хастагӣ.
То нагӯяд Офтоб
Нест ононро ба рӯзи дигаре дилбастагӣ…
Инчунин дар ҳар ғуруб
Завқ буду ханда буд.
Инчунин чангу чағона
Ғулғула андар фалак афканда буд,
То ки фардо ҳам барояд офтоб,
То ҳама бошанд аз ӯ баҳраёб.
ЛОИҚ
Шамсиддин Халифаев
и ещё 11
Все реакции:

Сабур Носиров, Фарзона Низомова и ещё 48

Leave a Reply

Back to top button