Вируси норасоии масунияти одам яке аз бемориҳоест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Агар ба омори расмии умумии он бингарем, воқеан раванди мураккабу ташвишоварест, ки ягон нафар узви ҷомеаро набояд бетараф гузорад.
Дар ноҳияи Айнӣ ин вазъ зери назорат ва мубориза пурзӯр қарор дорад. Бояд зикр намуд, ки дар ноҳия ба муқобили ВНМО муборизаи пурзӯр бурда мешавад ва ниҳодҳои масъул рӯзафзун ин падидаи номатлубро таҳти назорат мегиранд.
Субҳи имрӯз 25-уми ноябри соли 2024 дар Беморхонаи марказии бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо вируси норасоии масъуният (ВИЧ-СПИД), ки ҳамасола 1-уми декабр онро ҷашн мегиранд, байни кормандони беморхона ва шахсони хоҳишманд ташхиси ВНМО ва гепатити “В” ва “С” ба таври ройгон гузаронида шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби мутахассисони Маркази мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) ва бемории пайдошудаи норасоии масъуния (БПНМ) дар ноҳияи Айнӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуда истодааст.
Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ гуфта мешавад, ки: -Яке аз роҳҳои сирояти он алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона бе истифода аз рифола) муаррифӣ гардидааст. Инчунин, муайян шудааст, ки дигар роҳҳои гузариши он — тамос бо хун (ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳо, хунгузаронӣ, таҷҳизоти тиббии тамизношуда) ва аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ) низ вуҷуд доранд.
Бино ба шарҳи таҳлилгарон, “вируси норасоии масунияти одам, ки маъмулан ВНМО номида мешавад, вирусест, ки мустақиман ба узвҳои алоҳидаи инсон, аз қабили майна, дил ва гурда, инчунин системаи иммунии инсон ҳамла мекунад. Системаи масуният аз ҳуҷайраҳои махсус иборат аст, ки дар ҳифзи бадан аз сироятҳо ва баъзе саратонҳо иштирок мекунанд. Ҳуҷайраҳои ибтидоии ба ВНМО дучоршуда лимфоситҳои CD4 + мебошанд, ки ба фаъолияти мустақим дар организм мусоидат мекунанд. Азбаски ҳуҷайраҳои CD4 + барои фаъолияти дурусти системаи масуният ниёз доранд, вақте ки ба миқдори кофии CD4 + лимфоситҳо тавассути ВНМО нобуд шуданд, системаи иммунӣ базӯр кор мекунад. Бисёр мушкилоте, ки одамони гирифтори ВНМО дучор меоянд, дар натиҷаи нокомии системаи иммунӣ барои муҳофизат кардани онҳо аз баъзе сироятҳои оппортунистӣ (ОИ) ва саратон ба амал меоянд”.
Гепатити В ва С гарчанде таъсирашон ба организм як бошад, яъне ба ҷигари инсон зарар доранд, аммо дар навбати худ аз якдигар бо як зумра хусусиятҳо фарқ мекунанд, масалан:
– хавфи сироятшавӣ. Хавфи сироятпазирии гепатити В зиёдтар аст.
– равиши беморӣ. Гепатити В дар аксар ҳолат шадид мегузарад ва танҳо дар 10-15% ҳолат ба шакли музмин мегузарад. Гепатит С бошад баръакс, дар аксар ҳолат ба шакли музмин гузашта, дар оянда ба сиррози ҷигар ё саратони ҷигар оварда мерасонад.
– оризаҳо. Гепатити В дар баъзе ҳолат оризаи шадид ба намуди энцефалопатияи ҷигарӣ (печеночная кома) медиҳад, ки дар гепатити С он қариб ки дида намешавад.
Инчунин саршавии шаклҳои шадиди ин беморӣ гуногун мебошанд.
– давомнокии табобат ва доруворӣ. Айни замон гепатити С дар тӯли 3 моҳ табобат мешавад, ҳол он ки гепатити В дар тӯли 1 сол ва беш аз он. Дорувориҳо ва арзиши онҳо низ гуногун мебошанд.
и ещё 3
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться