
Картошка аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсолӣ дар ҷаҳон баъди гандум ва шолӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд. Дар Тоҷикистон онро нони дуюм меноманд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани майдони кишти картошка ва аз ин лиҳоз зиёд намудани истеҳсоли он ва мӯътадил нигоҳ доштани нарх дар бозорҳои кишвар дар ноҳияи Айнӣ тадбирҳои зиёд амалӣ гардида, тайи соли охир масоҳати кишти картошка бамаротиб зиёд гардида истодааст.
Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 нақшаи кишти картошкаро сокинони ноҳияи Айнӣ барзиёд иҷро намуданд.
Асосан, картошка дар ноҳияҳои болооби водии Зарафшон хеле хуб парвариш ва рушд меёбад. Айни ҳол бо мусоид омадани боду ҳаво дар ноҳияи Айнӣ рушди ин зироат хеле хуб ба назар мерасад.
Рӯзибой Раҳимзода, -Раиси ноҳияи Айнӣ зимни боздид аз рушди майдонҳои кишти картошка ва суҳбат бо деҳқонон гуфт, ки картошка зироати васеъ киштшаванда буда, барои бисёр минтақаҳои ҷаҳон ҳам амнияти озуқаворӣ ва ҳам фоидаи иқтисодӣ медиҳад.
Зикр гардид, ки дар воқеъ, картошка як зироати муҳимест, ки барои истеъмоли ғизо дар саросари ҷаҳон ба таври васеъ парвариш карда мешавад. Картошка зироати гуногунҷабҳа буда, онро дар хок ва иқлимҳои гуногун парвариш кардан мумкин аст. Картошка дар тамоми ҷаҳон яке аз зироатҳои беҳтарин ба шумор меравад. Илова ба гуногунҷабҳагии худ, картошка, инчунин маҳсулоти серғизо буда, дорои витаминҳо, минералҳо ва нахҳоест, ки барои саломатии хуб муҳиманд.
Воқеан ҳам, картошкапарварӣ дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон саҳми муҳими амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодии кишварҳо ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, саноати картошка барои бисёр одамон чӣ дар хоҷагӣ ва чӣ дар коркарду тақсимот зиёде аз сокинонро бо ҷойи кор таъмин менамояд.
Соли ҷорӣ бо ибтикори МИҲД-и ноҳияи Айнӣ мардуми зиёде ба ин шуғл фаро гирифта шуданд, ки ин ҳам дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат мекунад, ҳам нафарони зиёде аз ҳосили фаровон ва фурӯши он фоида ба даст меоранд ва ҳам барои қариб як сол захираи хӯрокаи худро таъмин менамоянд.





Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться