масъалаҳои мубрам

ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ ДАР СОҲАИ САНОАТ

Дар қаламрави ҳозираи ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз аз давраҳои қадим бо конҳои тилло, нуқра, мис, қурғошим, оҳан, намак, лаъл, лоҷувард, зок, сангҳои қиматбаҳо ва ғайра маълум буданд. Ҳатто дар Помири Шарқӣ дар куҳи Бозордара бошишгоҳи бузурги истеҳсолу истихроҷ ва хариду фурӯши маъдан берун аз кишвар ба роҳ монда шуда буд.

Ба таври плани омӯзишӣ ва азхудкунии захираҳои табиӣ ва зеризаминии ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди револютсияи Октябр ба миён омад, зеро барои пешрафти тараққиёти хоҷагии халқ зарурияти қатъӣ буд. Аз ин ҷост, ки дар солҳои 30-юми асри гузашта барои омӯзиши захираҳои номбурда аз тарафи олимони намоёни соҳаҳои гуногуни назди Академияи фанҳои СССР якчанд маротибу экспедитсияҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил карда, муайян намуданд, ки 93 фоизи қаламрави ҷумҳуриро куҳсор ташкилкарда, 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ   аз он ҷорӣ шуда, мавқеи ҷуғрофӣ ва релефаш дар сохтмони якчанд ГЭС-ҳои калонтари монанди Дашти Ҷум, Роғун, Норак, Қайроқум ва инчунин, садҳо ГЭС-ҳои калону хурди дигар имконпазир аст, ки аҳамияти бузурги умумииттифоқӣ ва минтақавӣ дошта, ҳоло амалӣ шуда истодааст.

Барои зарурият ва талаботи замон ҳанӯз соли 1928 дар назди Советти азирони (девони вазирон) ҷумҳуриамон Управленияи геологӣ таъсис дода шуд, ки дар ҳайати кормандонаш олимони намоёни соҳаи геология ҷалб карда шуда, дар омӯзиши захираҳои табиӣ ва зеризаминии ҷумҳуриамон ҳиссагузор шуда омада истодаанд. Натиҷаҳои он аст, ки аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ ҷумҳуриамон (725 млрд квт-соат) яке аз ҷойҳои аввалинро гирифта, кишвари содиркунандаи нерӯи барқ мешавад. Ҳоло 400 намудаи захираҳои сарватҳои зеризаминӣ кашф карда шуда, 70 навъи он ба манбаъҳои нодири табиӣ мансубанд. Аз ҷумла, барои омӯзиши захираҳои табиӣ водии Зарафшон, ки бо номи дарёи он гузошта шудааст, аз захираҳои нодири табиии зеризаминӣ бой аст. Ҳанӯз дар асри 19 сайёҳи араб Яъқубӣ аз тилло бой будани реги дарёи Зарафшонро тавсиф намуда, менависад: “ Дар ин дарё порчаҳои рехтаи тилло мавҷуд аст ва дар Хуросон чунин дарёе нест, ки аз он зиёдтар тилло дошта бошад”.

Аз ин ҷост, ки барои омӯзиши захираҳои табиии зеризаминии водии Зарафшон, ки ноҳияҳои Масчоҳи Куҳӣ, Айнӣ ва Панҷакентро дарбар мегирад, аз аввалҳои солҳои 40-уми асри гузашта барои муайян намудани сарватҳои зеризаминии водии Фон-дарёи ноҳияи Айнӣ аз он дараи Яғноб, ки масоҳаташ 84154 га аз ин дараи 30998 га чарогоҳ ва 602 га замини корам мебошад, геологҳо роҳҳои пурпечутоби душворгузарро тай намуда, корҳои иктишофӣ-тадқиқотӣ гузаронида, натиҷаю ҷустуҷуҳо нишон дод, ки дар мавзеъҳои Пиндар (Марғеб), Тагобиқул, Кумарғ, Уч-кадо, Сойи Ихноу, Диҷикруд ва дигар мавзеъҳо зери заминаш  дорои зиёда аз 20 намуди маъданҳои нодир, аз ҷумла муҳимтаринаш тилло, нуқра, волфрам, синк, мис. Сурма. Симоб. Топпий. индий. фосфор ва дигар элементҳои химиявӣ мавҷуданд ва шохобҳои дарёи яғноб дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда дар бунёди корхонаҳои саноатӣ металургӣ воситаи муҳим мебошанд. Аз соли 1942 саркарда дар тарафи чапи ҳавзаи дарёи Яғноб. Ки ин мавзеъро Диҷикруд ном мебаранд. Майдони маъдан (рудное поле) аз тарафи геологи намоён ва машҳур А.П. Недзведски тавсия мешавад, ки ҳамчун объекти муҳим ба таври систематикӣ омӯхта шуда, дар ин объекти омӯзишӣ хизматҳои геологҳо В.И. Верхов. Я. А. Губайдуллин д.р. Мучандзе, З.З.Мудотиев, Т.А. Мазитов, М.М. Кухтиков, Р. Б.Баротов ва чандин нафари дигар гелогҳои намоён ҳиссагузоранд, ки ин мавзеъ пурра омӯхта шудааст.  Дар асоси он комбинати маъдантозакунии Диҷикруд калонтарин дар ҷумҳурӣ буда, асосан сурмаю симоб истеҳсол карда, дар он аз тамоми гӯшаҳои собиқ СССР зиёда аз 20 миллат кор карда, вобаста ба васеъ намудани ҳаҷми корҳо ва истеҳсоли маъдан шумораи кормандон афзуда, посёлкаи типи шаҳрӣ бино карда шуда, маҳсулоти корхона ҳанӯз дар давраи Ҷанги бузурги Ватанӣ барои сохтани асбобҳои лавозимоти ҷангӣ истифода бурда мешуданд.

Дар доираи солҳои рушди саноат солҳои 2022-2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки “Тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаҳои бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи корӣ имконпазир мебошад”. Ғайр аз ин, қайд карданд, ки “омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани боигариҳои зеризаминӣ кори осон нест. Боигариҳои зеризаминӣ худ ба худ ба хазинаи давлат ворид намешавад ва истихроҷу коркарди онҳо ҷустуҷӯю меҳнати вазнин, хароҷоти зиёд ва вақти тӯлониро тақозо мекунад”.

Бо ҷалби ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой дар мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ корхонаи ҶДММ “Талко-флюорит” корхонаи истеҳсоли флюоритдар майдони 9 га бунёд ёфта, дастгоҳу таҷҳизоти Ҷумҳурии Чин барои 240 нафар кормандон ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст. Инчунин, дар ин ноҳия дар мавзеи Кончоч (дар заминаи конҳои Кончоч, Чулбой, Шаҳкон…) корхонаи бузурги саноатии Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “Толко-Голд”, ки дар он 800 нафар коргарону мутахассисон кор мекунанд, ки дар ин корхонаи азими саноатӣтилло, нуқра, сурма, симоб, флюорит истеҳсол карда шуда истодааст. Мувофиқи ҳисобкуниҳои пешакӣ дар ин ҷо фақат захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тонна мебошад. Инчунин, дар ин ноҳия корхонаи истихроҷи тиллои Кумарғу Боғи Мурод низ ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин дар ноҳияи Панҷакенти водӣ дар баробари корхонаҳои амалкунандаи металургӣ, инчунин, корхонаи истихроҷи тиллои Тарор бо истифодаи конҳои маҳаллии гирду атрофаш кор карда омада истодааст. Қисме аз аҳолии маҳаллии водӣ ба    заршӯӣ машғул буда, аз он даромади калон мегиранд., зеро дарё порчаҳои тиллоро аз қадимулайём шуста меорад, зеро рӯди Зарафшон аз ҷинсҳои куҳӣ пеш аз ҳама аз зар бой мебошад.

Ҳоло аз болооб то поёноби водии Зарафшон якчанд конҳои тиллои захираашон гуногун кашф карда шуда, чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст корхонаҳои коркарди тилло ва дигар металҳои қимат фаъолият дошта, кашф ва истихроҷу коркарди он мунтазам давом дорад. Инчунин, дар водии Зарафшон калонтарин конҳои ангишт, масалан дар ноҳияи Панҷакент кони ангишти Киштуд, дар ноҳияи Айнӣ кони ангишти Фон-Яғноб ва дар ноҳияи Масчоҳи куҳӣ кони Ғузн мавҷуданд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ барои истифодабарӣ хизмат менамоянд.

Ҳамин тавр дар корхонаҳои саноатии водии Зарафшон ҳазорҳо нафар мутахассисони хориҷиву маҳаллӣ фаъолият дошта, маоши хуб мегиранд ва дар зербунёди иқтисоди ҷумҳурӣ бо таъмини иҷрои ҳадафҳои стартегии миллӣ, ки боиси ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ –иҷтимоӣ мегардад, ҳадафи чорум-раванди саноатикунонии кишвар-асоси ободии кишварамон мегардад. Аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба шакли индустриалӣ-аграрӣ тарақӣ мекунад. Иқтидори содиротии корхонаҳо афзуда, барои рақобатпазирӣ замина гузошта, шумораи корхонаҳои саноатӣ афзуда, ҷумҳуриамон ба яке аз кишварҳои тарақикарда табдил меёбад. Барои ин кадрҳои лаёқатманди дорои дониши баланд лозиманд.

Барои ба ин соҳиб шудан мувофиқи тасияи Пешвои миллат боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим ба илмҳои дақиқу табиатшиносӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кард, зеро пешрафти иқтисодиёт аз тарафи мо- омӯзгорон ба васеътар ба хонандагон омӯзонидани илмҳои дақиқ вобаста мебошад, ки ҳоло барои ба ин мақсад расидан имкониятҳои васеи иттилоотӣ- компютерӣ мавҷуданд.   (воситаҳои зарурии аёнӣ).

Барои васеъ намудани корхонаҳои мавҷуда ва навтаъсис кадрҳои коргари техникӣ дорои ихтисосҳои соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати металургӣ заруранд. Аз ин ҷо, агар дар яке аз ноҳияҳои водии Зарафшон таъсиси Коллеҷи металургии куҳӣ бо ихтисосҳои васеи фарогир имкон бошад, аз манфиат холӣ нест.

Шодиев Латиф-омӯзгори МТМУ №33, н.Айнӣ

Leave a Reply

Хабарҳои дигар
Close
Back to top button