
Ҷаҳони муосирро хатарҳои рӯзафзуни терроризму экстремизми байналмилалӣ рӯз то рӯз фаро гирифтааст ва он моро ба он водор месозад ,ки бар зидди ин гурӯҳҳо дастаҷамъона мубориза барем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суҳбату вохӯриҳояшон ба мардуми кишвар таъкид менамоянд,ки террорист ватан миллат, бегона ё худӣ, дин ва мазҳаб надорад ва ҷавонону шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода баҳри ободу зебо гаштани ватани азизамон кӯшиш намоянд. Дар ҷаҳони имрӯза терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби зишт дошта ва пурдаҳшату хатарафзо буда, ба ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлатӣ ва рушди устувори давлат таҳдиди бевосита менамояд. Терроризм яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнин буда, дар шакли содир намудани кирдорҳои мақсаднок аз қабили тирпарронӣ, таркиш, оташ задан, несту нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлативу ҷамъиятӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият ва давлат хавфнок зуҳур меёбад. Мо ҷавонони саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузори аз чунин давлати ободу ҳуқуқбунёд бояд пайваста дар фикру зикри донишомузӣ бошем.Маҳз дониши замонавӣ , ҷаҳонбинӣ ва шуури сиёсӣ ҳамчун ҷавонони боэътимод метавонад моро аз ангезаҳои номатлуб эмин дорад. Мо набояд фирефтаи гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ нашавем. Боиси сарфарозист, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ҳукумати кишвари Тоҷикистони мо яке аз амнтарин кишварҳои сайёра буда, барои таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон саҳми сазовори худро мегузорем.
Авезов Бобобек Абдумаҷидович
омӯзгори МТМУ рақами 5- и деҳаи Дарғи
ноҳияи Айнӣ.