Аз навиштаҳои Абдураҳмони Мустаҷир дар “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл” 162 сол гузаштааст. То имрӯз дар ин диёри кӯҳистонӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омадаанд. Воқеъоте, ки муаллиф тасвир кардааст, ба замоне рост меояд, ки Россияи подшоҳӣ Осиёи миёнаро зери мустамликаи худ медаровард. Муаллиф дар дафтари хотиравии худ “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл” зисту зиндагонӣ ва ҳама ҳаёту мамоти мардуми деҳоти Фалғарро тасвир намуда, оид ба рӯзгор ва чӣ гуна умр ба сар бурдани мардуми кӯҳистон маълумоти хеле хуб ҳам додааст. Афсӯс, ки таърихнигорони мо, зодагони ин диёри кӯҳсорӣ то он замон ва то кунун дар бораи диёри худ ноҳияи Айнӣ ҳеҷ маълумоте надодаанд.
Мустаҷир дар асари гаронбаҳояш дар бораи зисту зиндагии мардуми болооби водии Зарафшон суханронӣ карда, мегӯяд, ки он замон дар Фалғару Мастчоҳу Фон ва Киштӯду Моғиён мирҳои ниммустақиле ҳукумат доштаанд. Ин мирҳо бо зулму бераҳмӣ халқро ғорат карда, бо вуҷуди аз як қабила будан, боз бар зидди якдигар ҳуҷуму ҷангҳо карда халқро хонасалот(муфлису ночиз, хонахароб) ва деҳаҳоро валангор мекардаанд. Ёв ва ёвагарӣ, ки то ҳол дар борааш бо дард нақл мекунанд, маҳз ҳуҷумҳои ғоратгаронаи ин мирҳо байни якдигар буд. Ана ҳамин мирҳо намехостанд, ки ба Русия тобеъ бошанд. Кӯҳҳои сар ба фалак ва роҳҳои душворгузар мустақилияти онҳоро пойдор нигоҳ медошт, мегӯяд муаллиф.
Ҳамчунин, муаллиф дар бораи ҳодисаҳои роҳ, аҷоиботи табиат ва вазъи атрофро ба мушоҳида гирифта ба машғулият ва касбу кори аҳолии кӯҳистон, хариду фурӯши онҳо, дараҷаи зиндагӣ, маишат, сатҳи саводнокии онҳо, мақоми зан дар оила ва рӯзгордории онҳо маълумоти ҷолиб додааст.
Вақти сафари русҳо ба болооби Зарафшон Кӯҳистон аз ҷиҳати иқтисодӣ аз вилоятҳои гирду атрофи худ фарқ намекард. Деҳаҳои ноободи парешон, заминҳои сахти камҳосили ҳаҷман хурд, пулҳои ларзон, роҳҳои душворгузари пурхатару танг, кулбаю манзил, либосу палос, хӯроку таом ва ҷиҳози фақиронаи мардум, қӯрғонҳои вайрон, заҳмати тоқатфарсои аҳолӣ, ёвагарӣ ва ҷангҳою тохтутозҳои маҳаллӣ аз бенавоӣ, қашшоқӣ ва камбағалии мардум гувоҳӣ медоданд.
Абдураҳмони Мустаҷир, ки дар соли 1870 ба болооби водии Зарафшон сафар карда, дар “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл”, аз он ҷумла дар бораи деҳаи Варзи Манор маълумоти дақиқи таърихӣ додааст
Қӯрғони Варзи Манор
Мо албатта намедонем дар гузашта роҳи пиёдагард аз деҳаи Хушекат то Варзи Манор чӣ самт дошт. Мутаассифона, А. Мустаҷир ҳам дар бораи пули деҳаи Хушекат маълумот надодааст. Агар аз самти деҳаи Искодар ба деҳаи Хушекат омада бошад, бояд дар бораи пул ё купрук маълумот медод. Аз ин сабаб ба хулосае омадан мумкин, ки муаллиф бо ҳамроҳон аз самти деҳаи Хушекат ба Варзи Манор аз тарафи қибларӯя ҳаракат кардаанд.
Деҳаи Варзи Манор, менигорад муаллиф, миёнаи ду кӯҳи васеъ дар мавзеи ҳамворӣ будааст. Муаллиф маълумот медиҳад, ки аз деҳаи Хушекат то деҳаи Варзи Манор ним фарсанг (3км) роҳ аст. Ӯ роҳи байни ин деҳаҳоро хеле пурхатар маънидод карда, мегӯяд, ки аз роҳ то назди дарё ҳазор газ масофа аст. Вақте онҳо аз деҳаи Хушекат ба Варзи Манор меоянд, муаллиф аз Кӯҳи Шобут ёдовар шуда, оид ба дар куҷо ҷойгир будани он ишора менамояд, ки дуруст аст. Кӯҳи Шобут ҳамон кӯҳе, ки дар байни деҳаи Варзи Манору деҳаи Хушекат аст, ҳамон аст ва дар болои он деҳаи Кӯҳрӯд ҷойгир гаштааст.
Баъдан, муаллиф дар мавриди Қӯрғони Варзи Манор ишора кардааст. Ин ҷо муаллиф шояд ҳудуди деҳаи Варзи Манорро дар назар дошта бошад?. Маънии Қӯрғон дар луғат – Қалъа(ҳисор, истеҳком ва ё диж) маънидод мешавад. Бе шак дар имрӯза маркази ноҳияи Айнӣ он замон Қалъае мавҷуд буд. Аз хурдӣ медонам, ки як мавзеи имрӯза кӯчаи ба номи Абдуғаффор Ҷабборовро мардум Қалъа гуфта ном мебурданд ва ҳанӯз ҳам он мавзеъро Қалъа мегӯянд. Аниқтараш, дар хонаи Бобои Маҳкам як ҷое буд, ки мардум онро Қалъа мегуфтанд. Муаллиф ҳам ҷойи ҷойгиршавии онро маҳз дар ҳамон самт нишон додааст. Аз рӯйи нақли муаллиф болои Қалъаро Кӯҳи Ҳаштодталоқ мегуфтаанд, ки ба воқеияти ҷойгиршавии он дуруст меояд. Дар ҳақиқат мо борҳо аз он ҷой дидан кардаем. Дар пушти хонаи номбурда ҷойе дар баландӣ буд, ки тақрибан ним сотихро заминчаи ҳамворро дарбар мегирифт ва аз назди хонача зинапояи аз сангу лойсохта мавҷуд буд. Зинапояҳо тақрибан чор ва ё панҷ адад буданд ва мо гоҳо ба болои он Қалъа мебаромадем. Дар ҳамвории ҳамон ҷой мардуми дар гирду атрофи боғдошта зардолу ва дигар меваҷоти худро бурда қоқ мекарданд. Охирин бор, вақте дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии бахши фарҳанги ноҳия ба ҳайси директор фаъолият мекардам ҳамроҳи рафиқам Пайрав Муллоҷонов, ки дар ҳамсоягии ҳамон Қалъа зиндагонӣ мекунад, дидан кардем. Вақте аз болои он ба гирду атрофаш назар кардем, дидем, ки дар самти шимолу ғарби он ҳанӯз ҳам деворҳои сангини суннатӣ боқӣ мондаанд.
Бояд қайд кард, ки дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ёдгориҳои таърихии халқу миллати тоҷик чандон таваҷҷуҳ карда намешуд. Асосан, абарқудратҳо дар давоми таърих ба халқу миллати тоҷик зулми зиёд карда, аввал давлати тоҷиконро аз байн бурданд, замини тоҷиконро тақсим карданд. Бе шак, мехостанд миллати моро нест кунанд, ки таърихи ин дастанкориҳо возеҳу равшананд. Шояд онҳо фикр намекарданд, ки амалҳои онҳо низ дар таърих нақш мебандад? Имрӯз, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи хеле ками тоҷикон ҳамагӣ 10 миллиону 11 ҳазор нафар зиндагонӣ мекунанд. Вале, дар дунё наздики 40 миллион тоҷик вуҷуд дорад. Аксарияти тоҷикон дар Афғонистон, Ӯзбекистон, дигар давлатҳои ба мо ҳамсоя ва умуман дар ҳама ҷои шарқу ғарб умр ба сар мебаранд. Тоҷиконе, ки дар давлатҳои имрӯз ба мо зиндагонӣ мекунанд, албатта дар замини аҷдодони худ маскун доранд. Зеро, он заминҳо замоне ҳудуди давлати тоҷиконро ташкил медод. Вале, бо мурури замон ва бо дастандаркории абарқудратҳо ноадолатона ба дигар халқу миллатҳо тақсим карда шуд. Бе шубҳа душманон қасдан ва ба хотири несткунии халқу миллату давлати тоҷикон замину ҳама дигар дороиҳои моро аз худ карданд.
Чизи дигареро, ки бояд махсус қайд кард ин пешбарии фаъолияти хуби ҳизби коммунист буд. Коммунистҳо низ дар навбати худ дар пурра мағзшуйии миллат нақши хеле муҳим бозида, замоне ҳатто маркази пойтахти кишварамон шаҳри Душанберо Сталинобод ва маркази вилояти Суғду худи вилоятро ҳам Ленинобод ном гузошта буданд. Онҳо мехостанд номҳои миллӣ ва таърихии шаҳру навоҳии тоҷикнишинро халқ фаромӯш созад ва аз таърихи миллати худ огоҳ набошад. Дар мавриди ёдгориҳои таърихӣ ҳам коммунистҳо дар садаи ХХ-ум бо идеологияи сотсиалистӣ корҳои зиёди нобахшиданӣ анҷом додаанд. Дар ҳар шаҳру ноҳия ва деҳоти ҳудуди РСС Тоҷикистон ҳайкалҳои Ленину дигар шахсиятҳои машҳуру лидерҳои сотсиализмро насб мекарданд ва аҳамияти ёдгориҳои таърихии миллати моро нодида гирифта, аз вайроншавӣ маҳфуз нигоҳ намедоштанд. Албатта, дар кӯҳистон аслан масҷиду мазор ва манораҳо вуҷуд доштанд ва онҳо ҳам бозгӯяндаи таърихи халқу миллат маҳсуб меёфтанд. Коммунистҳо онҳоро аксар вақт ба дин рабт дода, таҳти шиори сотсиалистӣ, ки динро душмани инсон мешуморид, аз таваҷҷуҳи мардум дур мекарданд ва ин сабаб мешуд мероси ниёгони мо аз байн равад.
Коммунистҳо баъзе ёдгориҳои таърихиро ба иншооти барои идеологияи сотсиалистӣ муҳим иваз мекарданд. Масалан, масҷидҳоро ба китобхона ва дигар ҷойҳои фарҳангӣ табдил медоданд. Номи деҳаҳое, ки аҳамияти таърихӣ доштанд қасдан ба номҳои қаҳрамонҳои сотсиализм ва ё барои аз байн бурдани таърихи халқу миллати тоҷик номҳои гумроҳкунанда мегузоштанд. Баъзан, номи деҳаҳо ва ҳатто номи одамонро наомӯхта ба таври хато дар ҳуҷҷатҳо менавистанд, ки ин як рафтори ношоиста нисбати забон ва фарзандони халқу миллати тоҷик буд. Барои мисол Фалғар чӣ бадӣ дошт, ки онро аввал ба Заҳматобод ва баъдан ба Айнӣ иваз карданд? Албатта, устод Садриддин Айнӣ -Асосгузори адабиёти муосири тоҷик барои халқу миллати тоҷик хизматҳои нотакарору бузург анҷом додаанд ва барои номгузорӣ шудани номи он кас ин кӯҳистони маърифатпарвар ва ҳама дигар шаҳру навоҳии ҳудуди кишвар ва ҳар нуқтаи тоҷикнишини дунё муносибу арзанда аст. Вале, гап дар сари он аст, ки идеологҳои коммунист чаро номи Фалғару, Варзи Манору дигар ҷойҳои муҳими аҳамияти таърихӣ ва бозгӯяндаи таърихи халқро дар ҳама ҷо аз байн бурдан мехостанд? Аз тарафи дигар идеологҳои коммунист мағзи сари мардумро шуста, аҳамияти ёдгориҳои таърихиро дар пеши мардум ба як чизи ночиз баробар карда, дар зиёд ҳолатҳо гоҳо бо дасти худи мардум онҳоро аз байн мебурданд, то ки тоҷик таърихи худро фаромӯш кунад. Ва бояд гуфт, ки чунин ҳам шудааст. Зеро, зиёде аз насли калонсоли деҳаи Варзи Манор имрӯз дар бораи таърихи деҳаи худ чизе намедонанд ва бадтар аз ин мутаассифона намедонистаанд ҳам, ки ин ёдгориҳои таърихи барои халқу миллат ва давлати тоҷик чӣ нақшро мебозанд. Афсӯс, ки мардуми калонсоли деҳа ҳатто дар бораи Манораи Варз, ки зиёда аз 1100 сол мешавад дар маркази ноҳияи Айнӣ қомат афрохтааст, маълумоте надоранд ва чизе намедонанд.
Маълум, ки Қӯрғони мазкур дар замони худ хеле боҳашамат будааст ва бо мурури замон ва бо сабабҳои муайяну номуайян аз байн рафтааст. Гарчанде як порча осор аз он даврон боқӣ монда буд. Вале, мутаассифона чанд сол пеш меросхӯри он мавзеъ, сокини маркази ноҳия он хонаву дари куҳнаи бобоиро якҷо бо боқимондаҳои Қалъа бо истифода аз техникаҳои автомобилии замонавӣ ба замини сиёҳ яксон кард. Қӯрғони Варзи Манор, яке аз нодиртарин бозгӯяндаи таърихи ниёгон мавриди омӯзиш қарор нагирифта, ба ҷарӣ партофта шуд. Сад афсӯс, ки мо гоҳо дар давоми зиндагии худ асолати умри ҳеҷ чизу ҳеҷ касро қадр накарда, барои ҳавасу орзуҳои дунявии худ нодир будани баъзе чизҳоро нодида мегирем. Агар аз рӯйи маълумоти муаллиф ҳисоб кунем умри Қӯрғони мавриди назар, ки бо супориши амири Бухоро панҷоҳ сол пеш аз сафари А. Мустаҷир дар соли 1820 бино шуда бошад, дар соли 2020 баъд аз 200 сол нобуд карда шуд. Яъне, таърихи дусадсола дар як лаҳза барбод рафт.
Муаллиф дар бораи регзори дашт ишора карда, албатта Дашти Варзро дар назар дорад, ки дар ҳақиқат пур аз рег аст. Болои он дашт Кӯҳи Болхашаб аст, мегӯяд муаллиф. Албатта, мо дар бораи он аз насли калонсоли деҳа пурсидем ва мутаассифона ҷавоби қаноаткунанда пайдо накардем. Бино ба маълумоти муаллиф болои Кӯҳи Болхашаб агар Кӯҳи Утакаш ё имрӯза бо номи Утикаш бошад, пас маълум мегардад, ки он кӯҳ теппаи имрӯза заминҳои назди “Аманал-склад” аст, ки онро колхозҳои замони Шӯравӣ обод карда, ба заминҳои обии корам ва боғот мубаддал гардонидаанд ва ё муаллиф кӯҳи болои Дашти Хушекатро дар назар дорад.
Сипас, муаллиф аз мавзеи Тангӣ ва купруке, ки мардум тавассути он аз самти Самарқанд ба деҳаи Варзи Манор ворид мешуданд, ёдоварӣ кардааст. Аз рӯйи маълумоти ӯ ба хулосае омадан мумкин, ки мавзеи Тангӣ ҷойи имрӯза пойгоҳҳои обкашии Варз-1-ро мегуфтаанд ва роҳи купрук ба деҳа низ дар ҳамин ҷой будааст. Баъд аз фаромадани кӯҳпора ва пешбанд гардидани оби дарё дар деҳа тағйироти зиёде ба амал омадаанд. Чуноне маълум аст, дар соли 1964 кӯҳпораи калон аз “Кӯҳи Сӯхта” фаромада, пеши дарёи Зарафшонро банд кард.
Кӯҳпора 21 миллион кубометрро дар бар гирифта, пеши обро банд кард ва дар натиҷа кӯл ба миён омада, сатҳи об торафт зиёд мешуд. Даҳҳо миллион куб об ҷамъ шуда, агар об то баробари деҳа ва аз он ҳам зиёд мешуд, об деҳаро пурра шуста бо худ ба сӯи Самарқанд мебурд. Ҳукумати Шӯравӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия ташкил карда, ба ноҳия сафарбар намуд. Сардори комиссия ҷонишини раиси Шӯрои вазирони СССР Новиков таъин гардид. Дар ноҳия роҳбарони ҳизбии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва олимони номдор ҷамъ шуданд.
Вақте кӯҳпора фаромада пеши обро банд мекунад, зиндагӣ дар ин деҳа гӯё бозмеистад. Мардум чӣ кор карданашонро намедонанд. Баъдан аз маркази Иттиҳоди Шӯравӣ, аз шаҳри Маскав барои барқарор кардани он супориш дода мешавад. Сипас, мутахассисон аз Маскав, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Тоҷикистон барои кушодани пеши об чораандешӣ мекунанд. Бо истифода аз техникаҳои ҳамонвақта ва маводи тарканда пас аз се моҳ пеши роҳи об кушода мешавад. Баъд аз кушодани маҷрои об ва бо суръати калон ҷорӣ шудани он зиёде аз заминҳои бе он ҳам ками деҳаро дарё шуста мебарад. Аз ин хулоса баровардан мумкин, ки шояд заминҳои назди Қӯрғон ва қисми зиёди деворҳои қалъаву дигар иншооти дар он ҷо мавҷудбуда бо ҳамин сабаб аз байн рафта бошанд. Зеро, баъд аз кушодани пеши об, ба гуфтаи насли калонсоли деҳа, – об боғу заминҳои гирду атроф, пулҳо, хонаю оғилҳо ва ҳама чизе, ки дар назди соҳили дарё буд, шуста вайрон кард.
Баъдан, дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба гумонам дар вақти сохтмони роҳҳо он купрукро бо сементу оҳан аз нав карданд, ки як муддат ба мардум хизмат кард. Роҳҳоро низ бо асфалт ободтар гардониданд ва то солҳои ҳафтодуми садаи ХХ роҳи мошингарди деҳаи Варзи Манор аз он ҷо мегузашт. Имрӯз, аз он купрук аз ду тарафи дарёи назди пойгоҳи обкашии Варз-1 бетонҳо, яъне ёдгорӣ аз роҳи кӯҳна боқӣ мондаанд. Аммо аз роҳи кӯҳна чизе боқӣ намондааст. Имрӯз роҳи кӯҳна, ки он дар имрӯза кӯчаи ба номи Малик Халифаев ҷойгир мебошад, мардум хона сохта, дар он ҷо умр ба сар мебаранд. Баъдан, дар солҳои ҳафтодуми садаи ХХ вақте роҳсозӣ аз нав оғоз шуд, роҳ шакли имрӯзаи худро гирифт. Муаллиф дар гуфтораш оид ба ҳамин купрук ҳамчунин мегӯяд, ки: –“Пули мазкур агар вайрон шавад, мардуми тоҷикияи Варзи Манор ҷамъ шуда онро аз нав дуруст мекардаанд”. Мо дуруст нафаҳмидем муаллиф тоҷикия гуфта чиро дар назар дорад. Дар луғат мардуми тоҷикия гуфта бошандагони ҷое, аҳолии маҳалле, ё худ аҳолии таҳҷоиро мегӯянд. Шояд муаллиф мардуми тоҷикияи Варзи Манор гуфта, мардуми таҳҷоии ҳамин деҳаро дар назар дошта бошад. Зеро, дар ин деҳа аз қадим мардуми дигар қавму миллатҳо зиндагонӣ намекарданд. Танҳо дар замони ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ халқиятҳои ба мо дӯсту бародар аз қабили русҳову тоторҳо омада муқимӣ шуда, зиёде аз онҳо бо пошхӯрии Шӯрои Советӣ боз аз ин ҷо рафтанд. Баъзеи онҳо бо аҳолии маҳал омехтаву ҳамхун шуданд. Фарзандони онҳо ҳанӯз ҳам дар ин ҷо умр ба сар мебаранд ва инҷо барои онҳо низ Ватан аст, зеро онҳо зодагони ҳамин диёру фарзандони миллати мо шудаанд.
Инчунин, муаллиф аз қиблаи купрук, яъне кӯҳи Нови Миёна ва Нови Бед ишора кардааст. Дар ҳақиқат Нови Миёна дар қиблаи ҳамон пул ҷойгир гаштааст, вале Нови Бедро муаллиф дар поёни Нови Миёна тасвир намудааст. Мо имрӯз Нови Бед гуфта, ҳамон мавзееро медонем, ки аз Нови Миёна чаптар ҷойгир гаштаву дар баробари Нови Миёна аст ва ду-се дарахти бед ҳам дорад, ки ҳатто аз маркази деҳа онро бахусус дар фасли тобистон ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Шояд дар гузашта Нови Бед поёнтари кӯҳро мегуфтаанд ва ё худ муаллиф ҳангоми пурсидан аз мардуми ҳамонвақта макони ҷойгиршавии онро дуруст нафаҳмидааст?.. Аммо, дар ҳар сурат ба ҳақиқат наздик тасвир кардааст.
Дар идомаи гуфтор, муаллиф аз мазори Ҳазрати Имом ёдоварӣ мекунад. Дар ҳақиқат, дар деҳаи Варзи манор ду мазор мавҷуд мебошад, ки якеи онро мардум ҳамчун мазори Ҳазрати Имом ва дигареро мазори Ҳазрати Амир Қозӣ ном мебаранд. Дар бораи ин шахсиятҳо умуман маълумот вуҷуд надорад ва касе намедонад, ки инҳо кӣ будаанду дар кадом аср зиндагӣ кардаанд. Ин ҷо дар ин матлаби кӯчак мехоҳем чанд нуктаро оид ба мазорҳои онҳо баён кунем, то хонандагон каме ҳам бошад атрофи он маълумот пайдо кунанд.
Мазори Ҳазрати Имом
Дар мазори Ҳазрати Имом хоначаи хурде бунёд карда шудааст. Хона холӣ буда, танҳо як дару як тиреза дорад ва дар даруни хона як гилем партофта, як ҷорӯб ҳам гузошта шудааст, ки баъзан даруни онро хайрхоҳон рӯфта пок мекунанд. Майдони гирди хонақоҳ тахминан 10-12 сотихро дар бар мегирад ва ин мавзеъ қабристон аст. Соли 2015 мардуми маҳаллӣ онро азнавсозӣ намуданд. Вале, касе намедонад ин хона барои чӣ сохта шудааст ва чӣ аҳамияти диниву дунявӣ дорад. Аз ҷониби дигар, ба ин мазор касе ба зиёрат ҳам намеояд ва дар бораи ҳаёту фаъолияти Ҳазрати Имом касе аз мардуми маҳаллӣ маълумоти дақиқ ҳам дода наметавонад. Дар китоби “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл”-и Абдураҳмони Мустаҷир, дар ҷое чунин ишора шудааст: “Дар он мавзеъ бузургворе ҳастанд, исми шарифашонро Ҳазрати Имом мегӯянд, ки соҳиби китоби Маҷид будаанд. Муаллифи китоби мазкур ҳамин шахс буда, алҳол китобашон маълуму машҳур мебошад”.
Мо намедонем Абдураҳмони Мустаҷир кадом китобро дар назар дошт ва дар куҷо он машҳур аст. Китоби Маҷид гуфта, зиёде аз одамон Қуръони Маҷид мефаҳманд ва шояд ҳазрат дар замоне умр ба сар бурдаанд ва ягона шахсе дар ҳамин мавзеъ будаанд, ки соҳиби китоб аст, яъне дорандаи китоби Қуръони Маҷид будаанд. Ва ӯро соҳиби китоб мегуфтаанд. Андешаи дигаре низ ҳаст, ки гӯё Ҳазрати Имом муаллифи китоби “Муҳити Бурҳонӣ” будаанд. Вале бояд қайд кард, ки муаллифи китоби “Муҳити Бурҳонӣ” Бурҳониддин шахс аз тоҷикони Косони имрӯза Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Китоби мазкур аз 25 ҷилд иборат буда, бо бо Ҳазрати Имоми дар маркази ноҳия хокшуда ҳеҷ робитае надорад. Модоме мо вобаста ба китоби навиштаи Ҳазрати Имом ва номи ӯ ҳамчун муаллифи ҳамон китоб маълумот надорем, пас оё метавонем дар бораи як чизи номаълум ҳарф занем? Аз ҷониби дигар, он чизе, ки нест, вуҷуд надорад ё худ шояд будаасту гум шудааст…
Қисми зиёде аз мардуми деҳаи Варзи Манор вобаста ба шахсияти Ҳазрати Имом ва мазори он кас барои андешаронӣ намудан худдорӣ мекунанд. Баъзе нафарон бо такя ба ривоятҳо мегӯянд, ки Ҳазрати Имом шахсияти рӯҳонӣ буда, илми фиқҳро медонистаанд ва китоби зиёде ҳам доштаанд. Мувофиқи ривоятҳо Ҳазрати Имом тахминан 300 сол пеш дар ин мавзеъ умр ба сар бурда, аз шаҳри Бухоро омадаанд ва ба мардум аз дини ислом гӯё дарс медодаанд. Тибқи ривоятҳо Ҳазрат тахминан дар ҳамин мазор хок шудаанд. Ин мазор аввалин мазори деҳа буда, дар он қабрҳои зиёде мавҷуданд, ки айни ҳол пур шудааст ва дигар ҷое барои гӯронидани майитон надорад.
Аз рӯи ривояти баъзе нафарон қабри Ҳазрат аз назди шахи дар мавзеи Ангори Поён буда, 101 метр бояд ҷойгир гашта бошад. Аз рӯи ҳисоб қабри ҳазрат бояд дар ҷои имрӯз хонакарда гӯё бошад. Вале, собиқ имоми масҷиди панҷвақтаи деҳа Файёзиддин Саидов мегӯяд, ки қабри Ҳазрат баъди хона маскан дорад. Зеро, ҳангоми бунёду азнавсозии хона дар зери он қабре набуда, мардум дар ҷои холӣ онро сохтаанд. Ривояти дигаре низ мавҷуд аст, ки қабри Ҳазрат асосан дар мавзеи Ҳаптизо(мавзеъ дар кӯчаи ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳия) ҷойгир гашта будааст. Айни замон дар ин мавзеъ (Ҳаптизо) баъзеҳо хонаи истиқоматӣ карда зиндагӣ доранд ва қисми дигари он ҳамчун боғ истифода мешавад.
Бояд гуфт, ки номи Ҳазрати Имом ҳам, дар асл “Ҳазрати Имом” набуда, ин тахаллуси он кас мебошад. Дар кадом асру сол умр ба сар бурдани имоми мазкур низ ба касе маълум нест. Бинобар набудани маълумот дар бораи ин шахсият, касе аз он ҷустуҷӯ ҳам намекунад ва мазор ҳамчун як мазори шахсияти номаълум бо номи мазори Ҳазрати Имом ном бурда мешавад.
Андешаи дигаре низ мавҷуд аст, ки Ҳазрат гӯё аснои ҳуҷуми арабҳо ҳамчун яке аз сарлашкарон ба ин ҷо омада бошанд ва дар ҷанги арабҳо бо Деваштич дар асри VII иштирок намуда, пас аз ғолибият шояд дар ҳамин мавзеъ зиндагонӣ карда, ба таблиғи дини ислом машғул шуда, пас аз маргашон дар ҳамин ҷо хок шуда бошанд. Аз зану фарзандон ва насли Имом низ маълумоте пайдо нест.
Чуноне ки маълум аст, арабҳо баъди ҷорӣ намудани дини ислом бо зӯри шамшер дар қаламрави тасарруфшуда барои дар зеҳни мардум таъсири идеологӣ расонидан аз мазорпарастӣ кор гирифтанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи мо марқади нафаронеро, ки зимни забткориҳояшон фавтида буданд ба зиёратгоҳ табдил дода, дар зеҳни бошандагони маҳаллӣ аз онҳо як шахсияти қудсиро ба вуҷуд оварданд. Ин нафарон ҳамчун ғозӣ (шахсе, ки дар роҳи ислом меҷангид), шаҳиди роҳи ислом (Худо), солиқи роҳи ҳақ, аҳли биҳишт, муқарраби худову паёмбар муаррифӣ мешуданд. Дар натиҷа ин навъи зеҳниятсозӣ дар байни мусулмонон ривоҷ ёфта, мазорпарастӣ ба як анъана ва ҷузъи дин табдил ёфт ва то ҳанӯз ҳамчун абзори ҳуввиятсозии диниву мазҳабӣ мавриди корбурд қарор дорад. Албатта, ин мазор аз ҷониби мардуми деҳаи Варзи Манор мавриди парастиш қарор нагирифтааст ва мардум аниқ ҳам намедонанд, ки қабри Ҳазрати Имом дар куҷои ҳамин мазор аст…
Оромгоҳи Ҳазрати Амир Қозӣ
Мазор ва оромгоҳи Ҳазрати Амир Қозӣ дар мавзеи Дашти Мазори маркази ноҳияи Айнӣ ҷойгир гаштааст. Масоҳати умумии ин дашт дар гузашта хеле васеъ буда, айни ҳол ҳамагӣ 5 гектарро дар бар мегирад. Ҳамчунин дар атрофи оромгоҳи Ҳазрат ҳоло ҳам майитонро қабр мекунанд ва ин ҷо ҳоло қабристони умумии мардуми маркази ноҳия мебошад. Даромадгоҳи мазор ва атрофи оромгоҳро боғу дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва қабрҳои наву кӯҳна фаро гирифтаанд. Дар ҳудуди мазор ду бино: якеи он масҷид дигаре оромгоҳи Ҳазрати Амир Қозӣ аст. Дар замонҳои пешин мӯйсафедон ба ин масҷид омада пинҳонӣ намоз мехондаанд. Зеро дар замони ҳокимияти Шӯравӣ хондани намоз манъ буд.
Бояд қайд намоям, ки атрофи ин мавзеъ муаммоҳо зиёданд. Аснои фаромадани ярч дар соли 1964 ва банд шудани об дар болои деҳаи Варзи Манор мушкилоти зиёде ба амал омад. Мардум барои кушодани он зиёда аз як моҳ ҷидду ҷаҳд намуданд. Техника ва дигар лавозимот барои таркиш додан ҳам истифода шуда буд. Вале, мувофиқи баъзе ривоятҳо гӯё се мӯйсафед ҳангоми тирагии ҳаво (субҳ ё шом дар назар аст) бо асочӯб дар болои ярчи фаромада хат кашидаанд ва пас аз он чуноне ки хат кашида будаанд, об аз рӯи хати кашида маҷро гирифта, пеши дарё кушода шудааст. Албатта ин ҳама ривоят аст ва далели қатъӣ надорад.
Айвони назди ҳамин масҷидро мӯйсафедони деҳа тахминан солҳои 1966-67-и садаи ХХ сохтаанд. Мувофиқи ривоятҳо Ҳазрат тахминан охирҳои садаи 15 ва аввалҳои садаи 16 умр ба сар бурдаанд. Дар кадом сол сохта шудани хонаи авваларо касе намедонад. Ин хона ба ҷои намозгузорӣ монанд аст. Он бо тарҳи хонаҳои харинокӣ дар водии Зарафшон ҷорӣ буда бунёд гардида, дар мобайнаш як сутун ва нӯҳ болдор дорад. Ҳамчунин дар тарафи қиблаи ҳамин хона як минбар бо ду зинаи хурдакак ва дар девори он шакли меҳроб нигошта шудааст ва он гувоҳи аз он медиҳад, ки замоне дар ин хона намоз мехондаанд, яъне ибодатгоҳ будааст. Аниқтараш шояд замоне ин масҷид буда бошад? Бояд қайд кард, ки дар замони ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ(ИШ) ва ҷорӣ гардидани идеологияи бехудоӣ дар ҳудуди давлатҳои собиқ ИШ тамоми масҷидҳо баста шуданд. Дар маркази ноҳияи Айнӣ низ фаъолияти масҷиди дар назди Манораи Варз буда, низ қатъ гардида масҷид ба китобхона табдил дода шуда буд. Гумон меравад, ки дар ҳамон вақтҳо мардуми мусулмон айнан ба ҳамин масҷид пинҳонӣ барои ибодат меомадаанд. Айни замон дар ҳамин хона ҳамчунин намад ва лавозимоти намозгузорӣ(ҷойнамоз) густурда шудааст, вале ман дар ёд надорам, ки касе дар ин ҷо намоз хонда бошад. Вале баъзеҳо мегӯянд, ки дар ин ҷо ҳанӯз ҳам баъзан вақт намоз мехонанд. Ҳоло дар минбарҷои он як чароғи тахминан мутааллиқ ба асрҳои XIX гузошта шуда, даруни он пур аз пахтаю равған мебошад. Яъне ҳанӯз ҳам дар он ҷо аз равған ва пахта чароғ фурӯзон мекардаанд. Аз рӯи гуфтаи мардони солхӯрда ба ин ҷо баъзан аз дигар деҳоти атроф ба зиёрат омада, дар дохили он чароғ фурӯзон карда, дар зери дарахти тути дар беруни мазор буда забҳи ҳайвон менамуданд. Ҳамчунин дар ин хонақоҳ лавозимоти рӯзғордорӣ аз қабилӣ; дегу косаю табақ, қошуқу чойник ва дигар анҷому асбобҳои таомпазӣ, гилему кӯрпаю курпача ва амсоли ин мавҷуд мебошанд. Косаҳои сафолӣ, ки дар байни асбобҳои рӯзғордорӣ дида мешаванд ҳамчунин аз давраи садаи XIX ва аввали садаи XX дарак медиҳанд. Чароғҳои овезон ва косаҳои сафолии дар он ҷо буда, аз асри XIX дарак медиҳанд ва хонаи сохташуда бо айвон, ки дар рӯ ба рӯи офтоббаро бунёд гаштааст инчунин аз сохтмонҳои садаи XIX гувоҳӣ медиҳанд. Дар саҳни айвон ҳоло якчанд тобут, таҷҳизоти дастисози мурдашӯӣ, асбобу анҷоми гӯрканӣ ва дигар ашёҳои зарурӣ нигоҳ дошта мешавад.
Аз тарафи рости хонаи кӯҳна як гӯри хеле калон, тахминан бо бари 1,5 ва дарозии наздики 5 метр мавҷуд аст. Ин қабр мутааллиқ ба яке аз эшонҳои калони деҳаи Варзи Манор, ки дар садаи ХХ умр ба сар бурдаанд мебошад, ки номашон Акбархон будааст. Мо намедонем барои чӣ андозаи қабрҳои мавҷуда ин қадар калон аст, вале ба гуфтаи баъзе аз ашхос сабаби калонии қабрҳои ин нафарон вобаста ба бузургию ҷоҳи онҳо миёни мардум будааст. Дар боғи ҳамин мавзеъ, дар зери садаҳо ҳавзи калоне сохта шудааст, ки мардум дар вақти гӯру чӯбкунии майитон ва обёрии арчаю дигар дарахтон аз он истифода мекунанд. Онро устои кандакор Шомаҳмад Азизов аз ҳисоби мардум бунёд кардаанд.
Дар соли 2009 бо маблағгузории яке аз шахсиятҳои саховатпеша Маликтуроб Туробов, Зиёдулло Давронов, Абдушараф Ҷабборов ва дигар бошандагони Душанбешаҳр бо ташаббуси Алӣ Ҷабборов устои кандакор Шомаҳмад Азизов атрофи марқади Ҳазрати Амир Қозӣ махкам карда шуд. Атрофи қабри калоне, ки дар он ҳазрат хок шудаанд хона сохта шуд ва шифти он кандакорӣ бо се гунбаз гирифта шуд. Дар вақти оғози бинои атрофи қабри ҳазрат зиёде аз сокинон ҳатто барои кофтани тагдеворӣ ҳаросиданд. Ва Шомаҳмад Азизов аввалин шуда, корро дар бунёди оромгоҳ оғоз кард ва бо шафоати кори хайр бунёди оромгоҳ хеле тез ва босифат анҷом ёфт. Айвонаш низ кандакорӣ шуда, барои фотиҳа кардан дар ҳаққи рӯҳи ҳазрат шароити ҷои нишаст фароҳам оварда шудааст. Болои он бо тунука махкам гардида, ба як оромгоҳи боҳашамат табдил дода шуд. Деворҳояш аз хишти пӯхта ва атрофи хона сементпӯш гардидааст. Дарозии қабри ҳазрат тахминан 2Х6 мебошад. Ҳамчунин дар атрофи оромгоҳ аз шаҳри Душанбе арчаҳои зебо оварда шинонидаанд, ки новобаста аз камоб будани мавзеъ бисёр сабзу хуррам менамоянд.
Ба гуфтаи баъзе аз сокинон Ҳазрат дар гузашта қозии водии Фалғар буда, дар ҳамин мавзеъ қозигӣ мекардаанд ва ба Самарқанд рафта, ба марказ оид ба рафти корҳо ҳисобот медодаанд.
Мо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ҳазрат маълумот надорем. Дар бораи оила, хешу ақрабо ва меросбарони ҳазрат низ ҳеҷ маълумоте мавҷуд намебошад. Шояд Ҳазрати Амир Қозӣ низ монанди Ҳазрати Имом яке аз таблиғгарони дини мубини ислом будаанд? Шояд..
Аз хонандагони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки касе дар бораи Ҳазрати Имом ва Ҳазрати Амир Қозӣ, дар бораи ҳаёту фаъолият ва ақрабои онҳо маълумот дошта бошад, ба идораи рӯзномаи “Файзи Зарафшон” пешниҳод намояд. Пешакӣ изҳори миннатдорӣ баён менамоям.
Масҷиду Манораи Варз
Ҳамзамон, муаллиф дар бораи манора ва масҷид ёдоварӣ карда, мегӯяд, ки гӯё масҷиди аввала вайрон шуда, масҷиди ҳозираро баъдан духтари ким-кадом Қозӣ бино кардааст. Дар ҳақиқат дар назди Манораи Варз масҷиди қадима вуҷуд дорад, ки мардуми маҳал то ба имрӯз онро истифода мекунанд. Масҷид дар замони худ хеле боҳашамат ба ҳисоб рафта, устоҳои кандакор онро моҳирона пӯшонидаанд. Тахмин меравад, ки дар гузашта масоҳати масҷид ва манора хеле васеъ будааст. Ҳоло бошад танҳо бинои бе саҳн бо манора мондааст. Мувофиқи гуфтаи бархе аз сокинони деҳа, ки аз гузаштагон шунидаанд, манора бо масҷид тақрибан дар як замон сохта шуда будааст. Вале, бояд ҳатман маълумоти Абдураҳмони Мустаҷирро ба инобат гирифт. Мустаҷир, ки якуним аср пештар дар ин ҷойҳо буд ва шояд бо донишмандону таърихдонони ҳамонвақта дар бораи таърихи масҷид суҳбат ҳам карда бошад. Зиёда аз он, шояд дуруст ҳам бошад, ки масҷиди пешина вайрон шуда бошаду ин масҷидро духтари қозӣ сохта бошад. Ин ҳам як ривоят ва як таърих аст. Бояд қайд намуд, ки масҷид имрӯз хеле зебову муҳташам аст. Гарчанде қисмати берунии он борҳо азнавсозӣ шудааст, вале қисмати дарунии он ҳанўз ҳамон аст, ки буд. Мо аз аксҳое, ки дар давраҳои гуногун гирифта шудаанд, мебинем ки қисмати берунии масҷид яке аз дигаре ба куллӣ фарқ мекунанд.
Манораи Варз аз беҳтарин ва маъмултарин намунаҳои санъати меъморӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон буда, ҳамчун ёдгории наҷиб аз Суғди қадим ба наслҳои имрӯзаи тоҷик ҳамчун мерос боқӣ мондааст. Ин мероси фарҳангӣ таърихи аҷибе дорад. Мувофиқи ривоятҳо дар водии Зарафшон бо дастури ҳокими Ҳиндустон аз тарафи сулолаи Халҷӣ ҳамагӣ ҳафт манора сохта мешаванд. Муаррихон хабар медиҳанд, ки пас аз дидани хобҳои парешон Султон Ҷалолиддин Муҳаммади Халҷӣ бо фатвои муфтӣ ва муаззими мусулмонтабори ҳинд дар кӯҳистони Зарафшон ҳафт манора бунёд менамояд, ки то замони мо 3-адад аз он манораҳо боқӣ мондаанд ва якеи аз онҳо ин “Манораи Варз” мебошад.
Асосан, манора як меъмориест, ки дар назди масоҷид ва мадарасоҳо бунёд карда мешавад. Ва вазифаи асосии манора мувофиқи таълимоти исломӣ ин нишона, даъват ба номоз аст. Вале, бояд қайд кард, ки манора дар як вақт метавонад якчанд вазифаро иҷро кунад. Ривоят мекунанд, ки замоне аз болои ҳамин Манораи Варз муаззин мардумро ба намоз даъват мекардааст ва дар лаҳзаҳои лозима чун истеҳкоми ҳарбӣ; бо дуд (рӯзона) ва бо оташ (шабона) аз вазъи ногувор мардуми ҳамсоядеҳҳоро хабар медодааст. Инчунин манора барои ба хиёбони наздиктарин даъват кардани аҳолӣ барои хондани фармонҳои ҳокимон ва дигар сабабҳо истифода мешудааст.
Дар дохили манора зинапояи морпеч ҳаст, ки барои ба қафаса баромадан хизмат мекунад. Даромадгоҳи манора бошад тақрибан 1 ба 2 метр буда, зинапояҳояш бо чӯб сохта шудаанд. Агар ба қисмати болоии ҳамин манора хубтар назар кунед, як меъмории нодирро мушоҳида мекунед, ки ин аз зебопарастии мардуми ҳамон давра шаҳодат медиҳад. Гарчанде боду борон рўи он кандакориро андак хароб карда бошад ҳам вале, бо диди тез метавон онро ба хубӣ мушоҳида намуд. Дар ҳақиқат меъмории ин манора нотакрор буда, ҳар яке аз қисматҳои он моҳирона сохта шудааст. Манора дар дохилаш зинапояи тобхўрда дорад, ки бо чӯб сохта шудаанд ва тавассути он метавон то баландии манора баромад. Ҳангоми ворид шудан ба дохили он кас ба ҳаяҷон меояд. Зеро, ин манора бештар аз ҳазор сол аст побарҷо, дар худ ҳазорон роз дорад ва шоҳиди ҳазорсола умри мардуми бофарҳангу тамаддуни Варзи Манор мебошад.
Манора, ки дар бари масҷид бо шукуҳу шаҳомат қомат афрохтааст, як мероси бебаҳо аз гузаштагони соҳибфарҳангу тамаддунамон мебошад.
Дар даврони ҳокимияти Иттиҳоди Шўравӣ мавқеъ ва аҳамияти ҳам манора ва ҳам масҷид куллан шакли дигар гирифт. Ҳокимияти Шўравӣ ва сохтори давлати коммунистӣ-сотсиалистӣ ақидаҳои мардумро тамоман дигар кард. Ва чун масҷид холӣ монду касе дигар ба он барои ибодат кардан намедаромад, бино барои хизматрасонӣ ба идораи алоқа (почта) ба истифода дода шуд. Баъдан барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуурнокии мардум бинои масҷид ҳамчун китобхона ба мардум хизмат мерасонид. Аз баландии манора тариқи баландгўяк ба мардум радио шунавонида мешуд. Хушбахтона имрўз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масҷидро ҳамчун ибодатгоҳ мардуми ноҳия истифода мекунанд.
Масҷид ва “Манораи Варз” яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихӣ ба шумор рафта, маҳфуз ва гиромидошти он ҳамчун осори бебаҳои ниёгон имрўз дар ўҳдаи ҳар яки мост. Зеро гузаштагонамон онро сохтанд, ҳифз карданд ва то ба мо оварда расониданд. Ва мо ҳам бояд ин осори пурганҷро ба наслҳои оянда ҳамчун тўҳфа мерос гузорем.
Дашти Ҳаштсар
Мо дар расме, ки соли 1860 кашида шудааст мебинем, ки сурати деҳа тамоман дигар аст. Дар расми мазкур дар деҳа якчанд хонаву иншоот ба назар расида, боғу токзори зиёде дида мешаванд. Ҳамчунин, дар болои деҳа, дар имрӯза мавзеи Дашти Ҳаштсар низ боғу заминҳои корами зиёде ба назар мерасанд.
Муаллиф дар бораи дар куҷо ҷойгир шудани Дашти Чисар, ки имрӯз мо онро Дашти Ҳаштсар ном мебарем низ ишора намудааст. Муаллиф ҳамагӣ ду маротиба аз он ҷой ёдоварӣ карда, дар ҷойе Дашти Чисар ва дар ҷойи дигаре онро Дашти Ҳасар ном бурдааст. Аз рӯйи маълумоти муаллиф дар Дашти Ҳаштсар ҳам он замон мардум кишт мекардаанд ва аз ин маълумот хулоса баровардан мумкин, ки Дашти Ҳаштсар ҳам ба сокинони Варзи Манор тааллуқ дошта, аз ҷумлаи замини кишт маҳсуб меёфтааст. Он замон шояд ин замин об дошта, тахмин меравад, ки тавассути сойи Варз, ки аз деҳаи Зиндакон сарчашма мегирад, обёрӣ мешудааст. Маълум мегардад, ки он замон об тавассути ҷӯйбор аз Дашти Ҳаштсар тавассути мавзеи Нови Нӯш ба поён мефаромадааст. Ҳамчунин, тахмин меравад, аз сабаби хавфи фаромадани сангу шахпораҳо ба хонаҳои истиқоматии мардуми марказ шояд мардум аз обёрии ин заминҳо даст кашида бошанд? Шояд. Муаллиф дар баробари аз Дашти Чисар ёдоварӣ кардан мегӯяд, ки деворҳои он ҷо ҳама аз санги қайроқ аст. Агар, дар мавриди деворҳои аз қайроқсангбудаи мавзеи Дашти Чисар гӯем, мо медонем, ки дар ин мавзеъ дар гузашта ягон иморат набуд. Имрӯз аз сабаби зиёд гардидани аҳолӣ мардум дар ин мавзеъ хона сохта истиқомат мекунанд ва заминҳои пеши ҳавлии худро бо истифода аз қубури асосии аз деҳаи Зиндакон барои маркази ноҳия кашидаоварда сарфакорона истифода мекунанд. Пас, маълум мегардад, ки шояд муаллиф шахсангҳои болои деҳаи Варзи Манор, ки чун деворҳои боҳашамат қомат афрохтаандро дар назар дошта бошад, ки саропояшон аз қайроқсанганд? Нашояд. Албатта, муаллиф ин ҷо деворҳои суннатии аз қайроқсангбудаи деҳаи Варзи Манорро дар назар дорад, ки ҳанӯз ҳам дар бисёр ҷойи деҳа онро мушоҳида карда мумкин аст. Мардум ҳоло ҳам деворҳои гирду атрофи ҳавливу боғ ва оғилу мағалҳояшонро аз қайроқсанг месозанд ва ин деворҳоро деворҳои суннатӣ ном мебаранд.
Дар идомаи гуфтор муаллиф дар назди Қӯрғони Варзи Манор мавҷуд будани Тӯбхона ишора мекунад. Мо имрӯз ин ибораро дар забони тоҷикӣ қариб, ки мушоҳида намекунам. Вале, аз ин гуфтор чунин хулоса баровардан мумкин, ки модоме онро ҳокими давр дар назди Қӯрғон сохта будааст, бе шубҳа он ҷойи нигоҳдошти яроқу аслиҳа аст. Мо аз рӯйи расми деҳаи Варзи Манор дар соли 1860 мебинем, ки дар тарафи чапи деҳа якчанд бинои боҳашамат густурда шудааст. Аз рӯйи он расм гуфтан мумкин, ки он ҳамон Қӯрғон аст. Ва шояд дар назди он, ҳамон тӯбхона ҳам бошад.
Дар баромадгоҳи деҳаи Варзи Манор ба самти дараи Фон пуле мавҷуд будааст, ки онро Пули Варз мегуфтаанд. Бари он якуним газ ва дарозии он понздаҳ газро ташкил медодааст. Аз пул то дарё шаст ё ҳафтод газ будааст.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки муаллиф бо ҳамроҳон ҳангоми идома додани сафари худ ба самти Дараи Фон аз тарафи имрӯза пули мавҷудбудаи назди корхонаи фурӯши сӯзишвории “Айнӣ” раҳсипор шудаанд. Зеро, агар онҳо аз мавзеи Тангӣ, ки дар боло гуфтем сафари худро идома медоданд, муаллиф аввал дар бораи дуоба – яъне якҷоя шудани дарёи Мастчоҳ ва дарёи Фон сухан мекард. Муаллиф аввал дар бораи аз пули душворгузар гузаштанаш ҳикоя карда, баъд дар бораи якҷояшавии дарёҳо ҳарф мезанад. Маълум мегардад, ки пули мазкур дар ҷойи ҳозирааш қарор дошта, баъдан онро бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ кардаанд. Дар ҳамин ҷо муаллиф гуфторашро идома дода аз Кӯҳи Сӯхта ёдовар мешавад ва мегӯяд, ки: -Аз ёнаи Кӯҳи Кумарғ тарафи рости дарёро Кӯҳи Сӯхта мегӯянд. Муаллиф бо ҳамроҳон Кӯҳи Кумарғро дасти чап гирифта, дарёи Фонро ба дасти рост гирифта, ба самти Дараи Фон равона мешаванд, ки ин бешубҳа аз куҷо гузаштани онҳо ва дар куҷо будани пули Варзро пурра тасдиқ менамояд.
Шуғли мардум
Бинобар навиштаи Мустаҷир машғулияти аксари мутлақи кӯҳистониён деҳқонӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ буда, ғалларо ҳар хоҷагӣ барои эҳтиёҷоти худ кишт карда, боз ғаллаи намерасидагӣ, махсусан биринҷро аз водиҳо харида меовардаанд. Вале, касе ғалла намефурӯхтааст. Бисёриҳо боғча, боғ ва ё чорбоғ доштаанд. Як қисми меваи хушки дарахтон, чорво ва як андоза маҳсули чорворо кӯҳистониён дар бозорҳои Уротеппа, Самарқанд, Шаҳрисабз, Ҳисор, Панҷакент, Хуҷанд, Ҷиззах, Каттақурғон, Миёнкол ва дигар шаҳрҳо фурӯхта, ба ивазаш ғалла, намак, асбоби рӯзгор, либос, зебузиннат ва китоб мехаридаанд. Мувофиқи мушоҳида ва гувоҳии Мустаҷир зироати аҳли Кӯҳистон асосан аз ғалладона иборат будааст, ки барои хӯроки мардум ва чорвои онҳо ба кор мерафтааст. Онҳо ҷав, арзан, гандум, боқило, мулк, қӯноқ, зағир, индов, мош, ҷавҳарӣ(ҷуворӣ) мекоридаанд. Аз сабзавот ва обчакорӣ дар Кӯҳистон парвариши шалғам, каду, пиёз, сабзӣ, харбуза, тарбуз маъмул будааст. Дар “Рӯзнома” оид ба ҳаҷми замини деҳаҳо, зироату тарзи киштгардони онҳо маълумоти ҷолиби диққат мавҷуд аст.
Кӯҳистон аз қадим макони боғдорӣ буд. Мустаҷир дар атрофи ҳар як деҳа мавҷуд будани боғотро қайд менамояд. Дарахтони маъмули боғоти Кӯҳистон зардолу, себ, тут, шафтолу, чормағз, чӯбдона(ҷигда – санҷид), олуча, биҳӣ, ношпоттӣ буда, токзорҳо камтар ба назар мерасидаанд. Аз дарахтони бесамар бед, сафедор, арар, сада зиёд буда, онҳо чун масолеҳи сохтмон истифода мешудаанд.
Чорвои аҳли Кӯҳистон аз гӯсфанду гов, буз, хар ва асп иборат буда, дар садаи болои Фалғар чунин одамҳоро бой мегуфтаанд: “Бойҳои мавзеи мазкур аз гӯсфанд бисёр надоранд. Одаме, ки яксаду бист гӯсфанд, ду асп, чаҳор гов ва ду-се хар дошта бошад, онро бой мегӯянд”. Дар бораи бойҳои Мастчоҳ А. Мустаҷир менависад: “Агар касе сад гӯсфанд ва ё бештар дошта бошад, мардуми он ҷо онро бой мегуфтаанд. Он касе, ки замин надошта бошад ва камтар мол дошта бошад, онро камбағал мегуфтаанд”. Ин меъёр барои Фалғару Мастчоҳ буда, барои Фон низ мувофиқ аст. вале, дар миригариҳои Киштӯд ва Моғиён бойҳое, ки за ҳазор сар бештар мол, подпҳои гов, галаҳои асп дошта ва бар замми ин молики заминҳои зиёд ҳисоб мешуданд, низ буданд. Буз ва хар бойигарӣ ҳисоб намешуд. Мурғ хеле кам буд. Ҳаминро низ қайд кардан лозим аст, ки дар дар Кӯҳистон заминҳои мазруъ милки одамони алоҳида ва авқоф буд. Аммо, аз чарогоҳҳо, ки милки подшоҳӣ ҳисоб мешуданд, ҳар кас метавонист истифода кунад ва албатта, барои ин андози муайян медоданд. Бойҳои Кӯҳистон меҳмонхонаҳои маҷҷонӣ ва хайрия доштанд, вале, касе сарою мусофирхонаҳои пулакӣ надошт.
Мувофиқи навиштаҳои Мустаҷир дар Кӯҳистон ҳунармандӣ чандон дар тараққӣ набудааст. Бофандагӣ, дуредгарӣ, ҳарротӣ, наддофӣ, табақтарошӣ, ҳалвогарӣ, ҷувозкашӣ, шимилибофӣ, рағзабофӣ, намадмолӣ, кулолӣ дар баъзе деҳаҳо мавҷуд буда, оҳангарону наългарон бештар будаанд.
Мулло Абдураҳмон ҳамчунин аз ҳунару пешаҳое маълумот медиҳад, ки хоси мардуми баъзе мавзеҳои ин сарзамин будааст. Масалан, дар Варзи Манор як қисми аҳолӣ ба заршӯӣ, истеҳсоли навшодиру зок машғул будаанд, дар Пете зокшӯӣ ривоҷ доштааст. Дар баъзе маҳалҳо гӯгирд истеҳсол мекардаанд. Муаллиф тарзи истеҳсол ва вақти ба ин корҳо машғул шудани одамонро муфассал баён мекунад. Ӯ хабар медиҳад, ки одамони маъдуда ба шикор, баққолӣ ва пилладорӣ низ шуғл меварзидаанд.
Кӯҳистон табиати бой дорад. Олами ҳайвонот, парандаҳо, наботот, чашмасорон ва конҳои он диққати ҳар як сайёҳу мусофир ва муҳаққиқро барҳақ ба худ ҷалб менамояд. Муулло Абдураҳмони Мустаҷир бо камоли ҳавсала қариб дар ҳама мавзеҳо дар ин бораҳо маълумот медиҳад. Мувофиқи мушоҳидаи ӯ дар Кӯҳистон аз ҳайвоноти ваҳшӣ оҳу, гург, рӯбоҳ, хирс, харгӯш(заргӯш), паланг, хук, далла, сияҳгӯш, ҷайра суғур, дар об моҳиҳои хуб, аз парандаҳо кабк, мурғи ҳилол, кабутар, будбул, ҳумо, похтак, уқоб, каргас, булут, зоғи сиёҳ, акка ва ғайра бештар ба назар мерасидаанд. Мулло Абдураҳмон дарахтон ва гиёҳҳои ёбоиро низ дар Кӯҳистон бисёр дида, ҳар замон ҷангалзоронеро тасвир мекунад, ки дар онҳо бурс, арча, заранг, мушша, ғӯш, ялғун, зирк, қароқот, гулхор, хорча, гулбутта, рем(рим), хаданг, чайтан, курт, ангат, мешвок, фарк, яхак ва ғайра рӯйида, меваи баъзеи онҳоро мардум мехӯрдаанд.
Ҳамчунин муаллиф роҷеъ ба урфу одат, таомулу расм ва маишату маросимҳо, тарзи коргузории амалдорон, андозҳо ва маҷбуриятҳои аҳли Кӯҳистон маълумоти муфассал додааст.
Шамсиддин ХАЛИФАЕВ,
РӮЗНОМАНИГОР