Гардани Ҳисор дар масофаи 1км дуртар аз деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ, дар роҳи корвонгарди Самарқанду Панҷакент ба сўи Истаравшан, Хуҷанду Фарғона ва Ҳисор воқеъ гаштааст. Аз ин роҳ соли 722 Деваштич ва тарафдорони ў ба сўи қалъаи Муғ рафта буданд. Ин хароба ҳанўз дар соли 1946 аз тарафи бостоншиносон бо сардории Ю. А. Якубовский кашф шуда, ба рўйхати ёдгориҳои пеш аз истилои арабҳо дохил карда шуда буд. Гардани Ҳисор дар баландии 2000м аз сатҳи баҳр, дар чунин ҷое воқеъ аст, ки се тарафи онро ҷарӣ ва кўҳҳои касногузар иҳота менамоянд. Ба даруни он танҳо аз тарафи ҷануб ворид шудан мумкин буд.
Кофтуковҳои солҳои 1964-1966 ва 1971 дар харобаҳои он нишон доданд, ки Гардани Ҳисор – ин боқимондаи қасри бошукўҳ ва маҳаллаи калони истиқоматии асрҳоиVII-VIII-и мелодӣ мебошад.
Қаср дар болои бунёди салибмонанди дузинадор сохта шудааст. Қисми шоҳнишини он дар зинаи болоӣ, ки он 4метр баландӣ дорад, ҷойгир мебошад. Дар ин ҷо як толори 64 метри мураббаъ, як оташкада ва зиёда аз 20 хонаи истиқоматию хоҷагӣ ҷойгир буданд.
Деворҳои қаср ва биноҳои он аз похсаҳои чоркунҷа ва хиштҳо, аз хоки сурху сабзи хом сохта шудаанд. Аз биноҳои кофташуда, толор ва оташкада ҷолиби диққат мебошанд. Дар қад-қади деворҳои толор суфаҳо кашида шудаанд. Дар девори ғарбӣ суфаи махсуси шоҳона сохта шудааст. Дар ин суфа шоҳ ва дар суфаҳои дигар одамони аз ҷиҳати мансаб пасттар менишастанд. Дар ин толор аксарияти ҷамъомадҳои зарурӣ ва маросимҳои тантанавӣ узаронида мешуданд. Дар миёнаҷои толор суфачаи наълмонанде ҳаст, ки дар он оташи муқаддас месўхт. Суфаҳо ва деворҳои толор бо қолинҳои қимматбаҳо зиннат дода шуда буданд. Дар вақти кофтуков мо аз рўи суфаҳои он осорҳои сухташудаи гилемҳои пашмиро дарёфт намудем. Аз афташ одамони қаср фурсати гилемҳои толорро гирифтан надоштанд. Дар вақти ҳафриёти толор боқимондаҳои зиёди чўбҳои нимсўхта ва тамоман сўхтаи кандакорӣ кардашударо ба даст оварданд. Кандакорони суғдӣ бо як маҳорати калон расмҳои меваҷот, растаниҳо ва нақшҳои геометриро дар сутунҳо ва болору ҳошияҳои толор мунаққаш намудаанд. Чўбҳои кандакорикардаи ин толор ва дигар биноҳои қаср бо рангҳои сурх, кабуд ва ғайра зиннат дода шуда буданд.
Оташкадаи боргоҳ як хонаи на онқадар калон буда, дар рў ба рўи меҳроби оташ суфаи барои шоҳон нишастан ва саҷдаю намоз хондан вуҷуд дорад. Ду тарафи меҳроби оташро сутунчаҳои хеле зебои пур аз нақш оро медиҳанд.
Толор, оташкада ва дигар биноҳои қаср ба толорҳои қасрҳои шоҳнишини Панҷакент, Самарқанд, Истаравшан хеле монанд мебошанд.
Дар самти пеш, дар зинаи поён, ки бунёди он 2 метр баландӣ дорад, дарвозаи айвондор, даҳлез, айвон ва якчанд хонаҳои хос ҷой доштанд. Одамон, пеш аз он ки ба қаср ворид шаванд, аз бинои зинадори дарвозадор гузашта ба даҳлез дохил мешуданд. Дутарафи деворҳои даҳлез ва пешайвонро суфаҳо барои нишастан оро медоданд. Дар беруни дарвоза посбонхонаҳо ҷой доштанд. Дар миёнаҷои зинаи поён майдонча воқеъ буд. Дар тарафи шимолу шпрқи он амборҳои ғаллаю дигар озуқавориҳо гирд овард ашуда буданд.
Дар самти ғарбии пойдевори қаср хонаҳои кишоварзонро кашф кардем. Кулбаҳои деҳқонони камбағал аз як хонаи калон иборат буда, он ба қисмҳо тақсим мешуд. Масалан даррав, дар қисми пеш, дар девори шарқӣ оташдон, танўр ва як суфач абарои дегу косаю табақҳоро гузоштан ҷойгир шудаанд. Дар миёнаҷои хона суфаи калон барои хурду хоб ва нишастан вуҷуд дорад.
Дар қисми охир хаммаҳои зиёд барои озуқаворӣ сохта шудаанд. Барои тоза ва аз мушҳо нигоҳ доштани хўроквориҳо даруни хаммаҳо бо гачи ғафс андова карда шудаанд.
Чунин хонаҳои калони архаикӣ то ҳол дар қишлоқи Мадм боқӣ мондаанд. Оташдонҳои бошандагони Гардани Ҳисор хел еаҷоиб буданд. Онҳо дуқабата мебошанд. Дар қабати поён хўрок ва дар боло нон мепўхтанд. Ин оташдон барои сўзишвориро кам сарф кардан аҳамияти калон дошт. Мо аз таҷриба медонем, ки соҳибхона дар як рўз чанд бор хўроки гарм, ба монанди шўрбо, палав, шавла, ширчой ва ғайра тайёр менамояд. Ҳамаи хўрокҳои дар дег мепўхтагӣ дар қисмати поён тайёр карда мешуданд. Баробари дар қисмати поён сўхтани оташи доимӣ қисми боло, яъне ҷои нонпазӣ ҳам ҳамеша гарм меистад ва дар мавриди лозимӣ бо камее оташ он ба дараҷаи нон пўхтан оварда расонида мешуд. Дар байни қабати якум ва дуюм панҷараи оҳанин монда мешуд. Чунин ошдонҳо то ҳол дар баъзе деҳаҳои болооби водии Зарафшон боқӣ монда, ошдони Бозудор ном доранд.
Дудбарои ин оташдонҳо дар даруни девор сохта шудааст, ки он дудро ба боло кашида мебарорад. Аз рўи намуди зоҳирӣ оташдонҳои бозудор ба каминҳои рўсӣ хеле шабоҳат доранд.
Тадқиқотҳои бостонӣ дар хароботи Гардани Ҳисор нишон медиҳанд, ки ин ёдгорӣ яке аз марказҳои калонтарини иқтисодӣ ва сиёсии Бутамон дар асри VII Iбудааст. Қайд кардан лозим аст, ки қасри Гардани Ҳисор ин ёдгории якаю ягона дар Бутамон мебошад. Вай бо нақшаи хеле аҷоиби меъморӣ сохта шуда буд. Дар болои бунёди дузинадор, дар кўҳ, дар баландии зиёда аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда буд. Сохтмони чунин қасри бошукўҳ бо толору оташкада ва даҳҳо хонаҳои хобу хур, маишату истироҳат, амбору бордонҳо аз санъати баланду дониши комили меъмории офарандагони он шаҳодат медиҳанд. Қасри Гардани Ҳисор аз рўи нақшаи худ яке аз шоҳасарҳои нодири санъати меъмории асри VIII-и таърихи халқи тоҷик ба шумор хоҳад рафт. Тадқиқотҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки Гардани Ҳисор маркази Бутамон дар асрҳои VII-VII Iбудааст. Дар ин ҷо фармондори Деваштич Утт менишаст. Қасри Мадм қароргоҳи Деваштич дар ин музофот мебошад.
«Ёдгориҳои болооби Зарафшон» Юсуф Ёқубов
и ещё 4
Все реакции:
Avezzoda Faridun, Тошов Фирдавс и ещё 32