Мусоҳиба бо директори Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангал дар ноҳияи Айнӣ” Беҳрӯз Мавлонов
– Нахуст, мехостем чанд сухан дар бораи иқлим, хусусиятҳои табиию ҷуғрофии он ва шароити ҷойгиршавии ноҳияи Айнӣ бигӯед.
– Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати континентӣ буда, дар марзи минтақаҳои иқлими субтропкӣ, муътадил ва дар қисми ҷануби Осиёи Марказӣ ҷойгир мебошад. Хусусиятҳои табиию ҷуғрофии он барои ташаккули анвои ба хоси маҳаллии хоку иқлим шароит фароҳам меоварад. Иқлими хушки маҳал барои ташаккули ҳайат, сохтор ва гуногунии биологӣ омили асосӣ ба ҳисоб меравад. Соҳаи хоҷагии ҷангал қисми муҳими иқтидори табиии захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҷангалҳо дар ҳама давру замон дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, пешгирии биёбоншавӣ, нигоҳдории гуногунии биологӣ, паст кардани шиддати тағирёбии иқлим, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва чӯб ҷои намоёнро ишғол менамоянд.
Муносибати инсон ба ҷангалзорҳо ва оқилона истифодабарии захираҳои ҷангал яке аз масъалаҳои афзалиятнок барои устувории сиёсат, иқтисодиёт ва экологияи кишвар ба шумор меравад. Соҳаи муҳимтарини одамизод дар хоҷагии ҷангал ин истифодабарии он мебошад. Дар рафти зиндагияш одамизод дар корҳои хоҷагии худ ҳаматарафа ба ҷангал ва муҳити биологӣ таъсири худро мерасонад. Ҷангал ин манбаи табиии барқароршаванда мебошад ва яке аз мақсадҳои асосии ҷангалпарварӣ ин истифодабарии самараноки он вобаста ба барқароршавиаш мебошад, то ки истифодабарии ҷангалзорҳо самаранок шуда, маҳсулнокӣ зиёд гардад. Агар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 дарсадаш кӯҳсор бошад, 7 дар сад ҳамворӣ, ҳудуди ноҳияи Айнӣ 97 дар сад кӯҳсор ва танҳо 3 дар сад ҳамворӣ. Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ” дар миқёси системаи кӯҳии Ҳисору-Олтой ҷойгир шудааст, ки онро аз 4 тараф қаторкӯҳҳои Зарафшон, Туркистон ва Ҳисор печонида гирифтаанд. Баландии кӯҳҳо зиёда аз 5000 метр аз сатҳи баҳр баланд мебошад. Ҳамин тавр, Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ аз ҳисоби релеф ба ноҳияи баландкӯҳ мансуб шудааст. Релефи он ноҳамвор буда, 54, 8 дар сади масоҳати хоҷагиро шахпораҳои душворгузар ва регзору шағалзору нишебиҳои тез ташкил медиҳанд.
– Ҷангал барои зиндагии мардум чӣ аҳамият дорад?
– Самаранокии фонди ҷангал ва истифодабарии дурусти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Ҷангал, на танҳо манбаи ҷӯбу тахта, балки манбаи асосии ҳовои тоза ва муҳити зист низ мебошад. Азбаски минтақаи ҷойгиршавии Тоҷикистон минтақаҳои кӯҳистонӣ аст, дар нишебкӯҳҳо ва кӯҳистонҳо равандҳои таназзули хок бисёранд, бинобар ин нигоҳдории дарахтони ҷангалташкилдиҳанда дар ин минтақа аҳамияти калони экологиро мебозад. Бояд қайд намоем, ки ҷангалҳои Тоҷикистон ба қатори ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигоҳдорӣ, санитариву гигенӣ ва солимгардонӣ мансуб мебошанд.
Дар ин замина, бояд махсус таъкид кард, ки як ҷузъи табиат, пеш аз ҳама, ҳифзи ҷангалзор мебошад, ки кормандони Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ” бо истифодаи чорабиниҳои пешбинишуда ин рисолатро ҳамеша иҷро мекунанд. Ҷангалҳои дар қаламрави ноҳияи Айнӣ мавҷуд буда ба қатори ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ дохил шуда, асосан вазифаҳои ҳифзи хок, обнигаҳдорӣ, санитариву-гигиенӣ ва солимгардониро иҷро менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз, дар Хоҷагии ҷангали ноҳия бештар ба вазифаҳои экологии ҷангал аҳамият дода мешавад. Хоҷагии ҷангал новобаста аз вазифаҳои аҳамияти муҳити зистдошта, инчунин, барои таъмини аҳолӣ бо гиёҳҳои шифобахш, хошок, меваҷот, чарогоҳ, чуби сохтмонӣ ва ғайраҳо саҳми босазо дорад.
– Заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳия дар умум чӣ қадарро ташкил медиҳанд?
– Масоҳати умумии заминҳои фонди давлатии ҷангали ноҳия 193592 гектарро ташкил медиҳанд, ки аз он 177458 гектар заминҳои фонди озоди ҷангал буда ва 16120 гектараш бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06-06-2013 сол таҳти рақами 249 барои истифодаи дарозмӯҳлат ба хоҷагии деҳқонии шаҳрҳои Турсунзода (3957 гектар), Панҷакент (12149 гектар) ва хоҷагии деҳқонии Суғдиён (14 га) вобаста карда шудаанд.
– Ҷамъоварӣ ва истифодаи ҳосили ҳамин меваҷот дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Дар муассиса аз аввали сол инҷониб 5 тонна чукри, 500 кг гиёҳҳои шифобахш, 300 кг пиёзи анзур, 38 тонна хошок тайёр карда шудааст. Барои тараққӣ додани соҳаи занбӯрпарварӣ дар соли 2020 оилаи занбӯри асал 10 оила зиёд карда шуда, ба 125 оила расонида шуд. Дар хоҷагӣ 71 сар моли майда мавҷуд аст, ки 40 сар моли наслдиҳанда мебошад ва аз онҳо 35 сар насл гирифта шудааст. Барои пурзӯр намудани ҳифзи ҷангал дар хоҷагӣ 5 сар аспи корӣ мавҷуд мебошад.
– Истифодаи чарогоҳҳои дар ҳудуди ноҳия буда, аз ҷониби шаҳрвандон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
– Ба истифодабарандагони чарогоҳ дар ин муддат 113 чиптаи истифодабарии ҷангал дода шуда, ба суратҳисоби муассиса аз ҳамин ҳисоб 82920 сомонӣ маблағ ворид шудааст. Барои таъмин намудани ҳайвонот ва паррандагони ваҳшӣ бо хӯрока дар фасли зимистон 800 килограмм резаи гандум, 550 килограмм кунҷола, 300 килограмм биринҷмайда 9,5 тонна хошок, 550 килограмм намак ва 320 килограмм сабзӣ истифода бурда шуда, аз ҳисоби маблағҳои хоҷагидорӣ 7430 сомонӣ хароҷот карда шуд.
– Дар тобеи Хоҷагии ҷангали ноҳия чанд парваришгоҳ мавҷуд аст?
– Дар Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ” арчаи зарафшонӣ (Juniperus Seravshanica), арчаи нимдоирашакл (Juniperus semiglobosa) ва арчаи туркистонӣ (Juniperus turkestanica) вомехӯранд, вале аз ҳама зиёдтар дар ин ҷойҳо арчаи зарафшонӣ (Juniperus Seravshanica) ва арчаи туркистонӣ (Juniperus turkestanica) паҳн шудааст. Бояд қайд намоем, ки 70% масоҳати парваришгоҳҳои табии давлатиро арчазорҳо ташкил медиҳанд. Синну соли миёнаи дарахтони арча дар парваришгоҳҳо аз 230 сол зиёд аст. Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ дорои 2 парваришгоҳ: парваришгоҳи Искандаркӯл (27874 гектар), парваришгоҳи Ориён (4120 гектар) ва 3 минтақа: минтақаи ҷангалпарварии Айнӣ (65748 гектар), минтақаи ҷангалпарварии Фалғар (61254 гектар) ва минтақаи ҷангалпарварии Урметан (34596 гектар) мебошад.
– Дар ҷангалзорони ноҳия асосан кадом намуди дарахтон ва гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд?
– Вобаста ба маҳал ва мавқеи ҷойгиршавии хоҷагии ҷангал намуди асосии дарахтону буттаҳои ҷангалташкилкунанда арча, тӯс, бодоми талх, сафедори сиёҳ, фарк, айлант, хаданг, зирк, вағнич, олуча, эфедра ва ғайраҳо рушд ва инкишоф меёбанд.
Дарахтони асосии ҷангали ноҳияи Айнӣ арчаҳои зарафшонӣ, курашакл, туркистонӣ, туси зарафшонӣ, туси туркистонӣ, ангет, эфедра (хома), туғ, ирғай, зирки серхор, сурх, қашгарӣ, хуч, сада, қаракот, олуча, сафедор, ар-ар, бед, яхманак, бодоми бухороӣ, бодомча, фарк, себи куҳӣ, чормағз,тут ва ғайраҳо мебошанд.
Дар ҳудуди ҷангали ноҳияи Айнӣ гиёҳҳои шифобахши чойкаҳак, ров, зира, хуч, зирк, кокути, хома, вешим, пиёзи анзур, хуйрок, бӯи модарон, ковра, мухаллас, бузланҷ ва ғайраҳо бо захираҳои калон паҳн шудаанд.
– Барои ҳифзи ҷангал хоҷагӣ чӣ чораҳо андешида истодааст?
– Дар назди кормандони соҳаи ҷангал вазифаи хеле муҳим, пеш аз ҳама, бунёд ва барқароркунии ҷангалҳои нав, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо гузошта шудааст. Барои зиёд намудани ҷангалҳои нав дар шароити имрӯза ба қадри имкон замина мавҷуд аст. Вобаста аз шароити экологӣ дар ҳудуди Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ типҳои гуногуни экосистемаҳо мавҷуданд, ки хусусиятҳои характерноки худро доро мебошанд. Ҳар як экосистема таркиб ва намуди худро доро аст.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷангалзорҳо аз сӯхтор дар муассиса Ситоди марказӣ созмон дода шуда, дар бинои маъмурӣ, минтақаҳои ҷангалпарварӣ ва парваришгоҳҳо рӯйхати навбатдорон дар мавсими сӯхтор тартиб дода шуда, китоби бақайдгирии навбатдорон ташкил карда шудааст.
Ҳамзамон, биноҳои маъмурии минтақаҳои ҷангалпарварӣ ва парваришгоҳҳо бо таҷҳизоти сӯхторхомушкунӣ таъмин карда шуда, дар ҷойҳои намоён лавҳаҳои зидди сӯхтор гузошта шудааст.
Дар муассиса бо усули “Идоракунии муштараки ҷангал” амалишавии лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таввасути идоракунии устувори захираҳои табии аз ҷониби шуъбаи оҷонсии ҳамкории техникӣ ва тараққиёт (АСTED) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳори соли равон барои бунёди ҷангал бо роҳи “Идоракунии муштараки ҷангал” (ИМҶ) бо ҷалби аҳолии маҳал байни Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ” шартнома ба имзо расида буд.
Масоҳати умумии бунёду барқароркунии ҷангал дар заминҳои фонди давлатии ҷангал 38,77 гектарро ташкил медиҳад. Иҷроиши шартнома дар шаш моҳи соли равон 38,77 гектарро фаро гирифт, яъне дар заминҳои фонди давлатии ҷангал дар масоҳати 38,77 гектар ниҳолҳои омехта ба миқдори умумии 49000 бех шинонида шуд. Шумораи умумии истифодабарандагон дар доираи идоракунии муштараки ҷангал дар муассиса 124 нафарро ташкил медиҳад.
Атрофи қитъаҳои замине, ки барои шинондани ниҳолҳо ба истифодабарандагони ҷангал дар масоҳати 38,77 гектар вобаста карда шудааст, бо симтур маҳкам карда шуда, барои кашонидани об бо қубурҳои полиэтиленӣ таъмин карда гардидааст.
Дар боқимонда қитъаи замин дар масоҳати 12 гектар корҳо идома доранд. Ниҳолҳо аз тарафи АСТЕD аз ниҳолхонаи ташкилоти ҷамъиятии “Ниҳолзор”- и шаҳри Ваҳдат дастрас карда шуда, дорои сертификати фитосанитарӣ мебошанд.
Корҳои бунёди ҷангал, ки дар боло зикр гардидааст дар заминҳои Фонди давлатии ҷангали минтақаи ҷангалпарварии “Фалғар” ба иҷро расонида шудаанд. Тирамоҳи соли равон дар минтақаи ҷангалпарварии Урметан, парваришгоҳи “Ориён” дар масоҳати 10 гектар кишти тухми бодоми талх гузаронида мешавад. Баҳори соли равон низ дар масоҳати 12 га пурракунии зиччии ниҳолҳо гузаронида шуда, 350 гектар корҳои нигоҳубини ниҳолҳо иҷро карда шуд. Бо мақсади ободонӣ ва кабудизоркунӣ аз ҳисоби ниҳолхонаҳои хурди муассиса ба ташкилоту корхонаҳо, ҷамоатҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва мактабҳо ба тариқи ройгон ба миқдори 960 бех ниҳоли туя дода шудааст.
Инчунин, бо ташкилоти ғайридавлатии “Чезви” оид ба амалӣ намудани барномаи “Идораи муштараки ҷангал” дар асоси шартномаи байни муассиса ва аҳолии ҷамоати Фондарё кор дар ин самт идома ёфта истодааст. Дар асоси нақша-чорабиниҳо муассиса майдони ниҳолхонаи хурдро тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 зиёд намуда, парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан, сӯзанбарг ва буттагиро ба роҳ мемонад.
– Дар Тоҷикистон яке аз намудҳои асосии ҷангалзор, ин ҷангалзори арча ба ҳисоб меравад. Андешаи Шумо дар ин хусус.
– Бале, дуруст гуфтед, яке аз калонтарин ҷангалзор ва масоҳати ҷангалзор дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масоҳати ҷангалзори арча ба ҳисоб меравад, ки он 150000 гектарро дар бар мегирад. Дар бисёре аз қаторкӯҳҳои Тоҷикистон ҷангалзори арча манзараи табииро низ ташкил менамояд, ки кас аз тамошои он ҳаловат мебарад.
Арчазорҳо дар баландиҳои 1500 то 3400 м паҳн шудаанд, ки таркибашон аз алафҳои гуногуни намояндаҳои хӯшадорҳо иборат аст. Дар Муассисаи давлатии “Хоҷаги ҷангали ноҳияи Айнӣ” дарахтони арча бо омехтагии дарахтони фарматсияи ҷангалзори шиблияк, дар баландиҳои 1200 – 2200 м аз сатҳи баҳр вомехӯранд. Намудҳои дарахтони арча дар ин шароит то синни 4-солагиашон 14 – 18 см қад мекашанд. Инкишофи дарахтони ҷавони арча бошад, пурра аз шароити нашъунамо вобаста мебошад. Дар синни 6-солагӣ решаи меҳварии арча то 75 – 80 см ва ба паҳлӯ бошад, то 25 – 30см тӯл мекашад, дар синни 50-солагӣ решаҳои дарахти арча то чуқурии 4 – 4,5м ва ба паҳлӯ бошад, ба чуқурии 3 – 4 м ба дигар тарафҳо тӯл мекашад. Бештари ҷангалзорҳои арча дар қисми болоии ҷангалзорҳо воқеъ мебошанд. Тамоми ҷангалзорҳои арчаи Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ дар тарафи нишебиҳои шимолии қаторкӯҳҳои Зарафшон ҷойгир буда, танҳо як қисми кӯчаки онҳо дар қаторкӯҳҳои Туркистон асту халос.
– Имсол чанд нафар аз вайронкунандагони қонуни ҷангал ҷарима карда шуданд?
– Дар муассиса аз аввали сол инҷониб аз тарафи нозирони давлатии ҷангал нисбат ба вайронкунандагони қонуну қоидаҳои ҷангал 89 протоколи маъмурӣ тартиб дода, шахсони муҷрим ба маблағи 21492 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Аз ин маблағ 18792 сомонӣ аз тарафи шаҳрвандон ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ пардохт карда шудааст. Ҳашт парванда, ки маблағи ҷаримаашон 2700 сомониро ташкил медиҳанд, дар истеҳсолот қарор доранд ва ин маблағ дар муҳлатҳои муайяннамудаи қонун пардохт карда мешаванд. Дар давраи аз 01. 01. 2020 сол то 10. 09. 2020 сол аз тарафи кормандони ҳифзи ҷангали муассиса ҳамагӣ 97 ҳолати вайронкунии қонуни ҷангал ошкор карда шуда, маблағи умумии зарар ба миқдори 6750сомонӣ муайян гардидааст. Аз ин миқдор санадҳо 11 адад барои бурриши ғайриқонунӣ ва зарар расонидан ба дарахту буттаҳои ҷангалӣ ба маблағи зарар 1937 сомонӣ, 13 адад барои шикори ғайриқонунӣ ба маблағи 1102 сомонӣ, 5 адад барои чорвочаронӣ ба маблағи 348 сомонӣ, 14 адад барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ба маблағи 696 сомонӣ, 6 адад барои вайрон кардани қоидаҳои сӯхтор бо маблағи 348 сомонӣ ва 44 адад барои дигар қонунвайронкуниҳои ҷангал ба маблағи 2854 сомонӣ мебошад.
Маблағи умумии зарари ба ҷангал расонидашуда 6750 сомонӣ буда, аз он 5165 сомонӣ аз тарафи вайронкунандагони қонун пардохт шудааст. Дар ин давра 17 санад ба маблағи 1450 сомонӣ барои дида баромадан ба прокуратураи ноҳия пешниҳод шуда, маблағи он пурра барқарор карда шудааст. Шаш маводи қонунвайронкунӣ, ки маблағи зарарашон 1585 сомониро ташкил медиҳад, дар истеҳсолот қарор дорад.
– Шумо ҳамчун мутахассис сабаб ва омилҳои асосии таназзули ҷангалро дар чӣ мебинед?
– Аз сабаби ғайриқонунӣ буридан ва бо мақсади ҳамчун маводи сӯзишворӣ истифода бурдан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ масоҳати ин гуна ҷангалзорҳо хело ва хело кам шудаанд. Ин ҳолати ғайриқонунӣ, яъне буридани дарахтон метавонад ба афзудани раванди таназзулу шусташавии хок ва дигар ҳолатҳои фавқулода оварда расонад. Барои ин омӯхтани ҳолати барқароршавӣ ва рушди табиии дарахтони арча яке аз ҷузъҳҳои ҳалли ин мушкилот дар муассисаи мо ба шумор меравад. Дар солҳои охир оид ба ин масъала дар мақолаҳои илмӣ ягон маълумоти дақиқ дода нашудааст, аз ин лиҳоз, ба ин масъала бояд ҷиддӣ назар намоем. Дар ҳолати буриши ғайриқонунии ҷангал ба тағирёбии биосеноз таъсири манфӣ расонида, занҷири пайвастагӣ канда ва дар як муддати кӯтоҳ ҳангоми нобуд шудани яке аз қисматҳои биогеосеноз парокандашавии он дарҳол мушоҳида мешавад. Ҳамаи компонентҳои биогеосеноз ба ҳамдигар алоқамандии зич дошта, ба худ хусусиятҳои хос доранд ва бо ҳамдигар дар якҷоягӣ инкишоф меёбанд.
– Дар Хоҷагии ҷангали ноҳия барои мубориза бо ҳашароти зараровар чӣ чораҳо андешида мешаванд?
– Дар Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ” бо мақсади ҳифзи ҷангалзор аз ҳашароти зараровар ва ҳар гуна бемориҳои замбурӯғӣ ва муҳофизат намудан аз сӯхтор ҳамасола чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо давра ба давра иҷро карда мешаванд. Ҳар сол бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор ва ҳашароти зараррасон корҳои мушоҳидавӣ ва коркард бо заҳрхимикатҳо гузаронида мешавад.
– Дар охир чӣ гуфтанӣ ҳастед?
– Дар охир аз ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳия хоҳиш менамоям, ки барои нигаҳдории ҷангалзорҳои минтақаҳои худ кӯшиш ба харҷ диҳанд ва баҳри пешгирӣ намудан аз бурришҳои ғайриқонунии ҷангал мусоидат намоянд. Зеро мо танҳо дар якҷоягӣ метавонем, ки ҷангалзорҳои ноҳияро бештар кунем ва ҳавои хубу тозаи экологии ноҳияро нигоҳ дорем.
– Ташаккур барои суҳбат!
– Саломату сарбаланд бошед!
Суҳбаторо
Шамсиддин ХАЛИФАЕВ,
“Файзи Зарафшон”
и ещё 4
Все реакции:
Вы, Абдураззок Халифаев, Khalifaeva Sadbarg и ещё 85