Хабарҳои руз

Семинар – машварати дастурдиҳӣ оид ба ҳисоббаробаркунӣ дар ноҳияи Айнӣ

Мусаллам аст, ки фаъолияти озоди соҳибкорӣ заминаӣ муҳими рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорию камбизоатӣ, ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ, афзоиши даромадҳои аҳолӣ ва воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ маҳсуб меёбад.
Вобаста ба ин дар толори маҷлисии бинои Нозироти андози ноҳияи Айнӣ бо иштироки соҳибкорону андозсупорандагон семинар – машварати дастурдиҳӣ роҳандозӣ гардид.
Сардори нозироти андоз дар ноҳия Оқилҷон Шодиев ба ҳамоиш ҳусни ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 23 декабри соли 2022 қайд намуданд, ки: «Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.
То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст».
Мувофиқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат дода шудааст.
Аз ин лиҳоз, аз ҷониби роҳбарияти олии давлат ҷиҳати беҳтар намудани фазоӣ сармоягузорӣ ва аз байн бурдани санҷишҳои ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорон пайваста чораандешӣ карда мешавад.
Дар давраи истиқлолият заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ ва ниҳодии дастгирии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон ташаккул дода шуданд.
Дар ин самт қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва ғайраҳо қабул гардида, фазоӣ соҳибкориро боз ҳам фарохтар гардонид.
Чунончи, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” принсип ва тарзу усулҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ, хусусиятҳои таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки манфиатҳои субъектҳои соҳибкориро ифода мекунанд, диққати махсус дода шуд.
Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ҷиддан содда ва бақайдгирии давлатӣ тибқи низоми “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд.
Ҷиҳати танзими санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида, тибқи он банақшагирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯйи низоми хавфҳо, истифодаи манбаи маълумот ва технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шуд.
Сиёсати давлатӣ дар самти дастгирӣ ва ҳимояи давлатии соҳибкорӣ пайваста дар ҳоли такмил қарор дорад.
Ҳоло дар кишвари мо барои соҳибкорон ва сармоягузорон имтиёзҳо ва сабукиҳои зиёди андозӣ муқаррар карда шудаанд.
Чуноне ки маълум аст, баъди қабул шудани Кодекси нави андоз аз 1 январи соли 2022, шумораи андозҳо аз 10 намуд ба 7 намуд оварда шуда, дар ҳар як намуди андози муқарраргардида озод кардан аз андоз ҳамчун имтиёзи андозӣ пешниҳод гардидааст.
Ҳукумати кишвар ташаббусу пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Вале тавре, ки корҳои назоратии мақомоти андоз нишон медиҳанд, ҳоло ҳам як қисми андозсупорандагон дидаву дониста, ба вайрон кардани қонунгузории андоз роҳ медиҳанд.
Дар моддаи 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки «Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист». Пас иҷрои талаботи Конститутсия қарзи шаҳрвандии ҳамаи мост!
Дар иртибот ба ин, таъкид месозам, ки риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву давлат ва нишон додани маърифати баланди ҳуқуқиву молиявӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳимми пешрафти кишвар маҳсуб меёбад.
Дар воқеъ соҳибкорон бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиши худро барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш намоянд ва дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.

Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

9

Leave a Reply

Back to top button