Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2021, № 432 дар бораи «Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ», дар толори маҷлисии бинои Нозироти андози ноҳияи Айнӣ семинар – машварати дастурдиҳӣ ба роҳ монда шуд.
Дар семинар – машварат кормандони Маркази хизматрасонии техникӣ ҶДММ «Технология Групп»-и шаҳри Панҷакент Хушбахт Бобомуродов, Зулола Валиева, муовини сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Айнӣ Туймаҳмад Шеров, корманди Нозироти андоз дар ноҳия Фирдавс Ҷабборов ва андозсупорандагону соҳибкорони ноҳия иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи семинар – машваратҳо дар байни андозсупорандагон оид ба муқаррароти қонунгузории андоз, рақамикунонии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб рафта дар асоси нақша- чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад.
Дуруст ба роҳ мондани назорати истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2021, № 432 дар бораи «Тар¬тиби истифодаи дастгоҳҳои на¬зоратӣ-хазинавӣ» қабул карда шудааст, ки мутобиқи банди 3 қарори болозикр Вазорати молия якҷо бо Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо вазифадор гардидаанд, ки барои хариди дастгоҳҳои назо¬ратӣ-хазинавӣ ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ бо ҷалби маблағҳои грантии шарикони рушд барои кумаки техникӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Минбаъд бақайдгирӣ ва азқайдбарории ДНХ-и насли нав тибқи тала¬боти қарори мазкур аз ҷони¬би Маркази хизматрасонии техникӣ ҶДММ «Технология Групп» амалӣ мегардад ва ан-дозсупорандагони амалкунанда ва навтаъсисе, ки ба фаъолият шуруъ менамоянд, уҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба бо муроҷиати Оператори маълумоти фискалӣ вобаста ба хусусияти фаъолият ДНХ дастрас намоянд.
Бояд қайд кард, ки барои беҳтар намудани муносибатҳои андозӣ бо андозсупорандагон, самаранокии фаъолият, дуруст ба роҳ мондани маъмурикунонии андоз, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон ҳангоми хариди мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои хоҷагидор ба сатҳи хизматрасониҳо ба аҳолӣ бо истифодаи услуб ва технологияҳои муосир, ҳамчунин вусъат бахшидан ба рақамику¬нонии иқтисодиёт, истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ муҳим мебошад.
Ҳамзамон бояд хотирнишон кард, ки дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав дар реҷаи вақти воқеӣ нисбат ба дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии амалкунанда дар як вақт якчанд функсияҳо, аз он ҷумла функсияҳои интиқоли маълумот, принтери фискалӣ, терминали пардохтҳои бонкӣ, штрихкод ва сканер дар QR-рамзро муттаҳид ва иҷро мекунад ва муҳлати хизматрасонии он нисбат ба дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии амалкунанда зиёд мебошад. Ҳамчунин расиди дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав як қатор маълумоти иловагии дигар, аз он ҷумла номи маҳсулот (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), миқдор, нарх, меъёрҳои андози низоми содакардашуда, андоз аз арзиши иловашуда, маблағи андоз, шакли пардохт (нақдӣ, ғайринақдӣ ё ҳар ду шакл), маблағи умумии пардохт, сана, вақти пардохт ва QR-рамзро низ дар бар мегирад.
Аз ҷониби масъулон ба андозсупорандагон дастур дода шуд, ки мутобиқи талаботи моддаи 85 Кодекси андоз ҳама гуна муомилоти пулӣ ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули нақд, кортҳои пардохти бонкӣ ва шаклҳои дигари пардохти электронӣ бо истифодаи ҳатмии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ анҷом дода мешавад. Ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ риояи талаботи зерин ҳатмӣ мебошад:
– бақайдгирии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ дар мақомоти андози маҳалли фаъолияти андозсупоранда то оғози фаъолият;
– додани чеки назоратӣ-хазинавӣ барои ҳар як амалиёт;
– пайвастшавӣ бо барномаҳои электронии муҳосибӣ;
-чеки назоратӣ-хазинавӣ бояд дорои маълумоти зерин бошад:
-номи шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ;
-рақами мушаххаси андозсупоранда;
-рақами силсилавии дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ;
-рақами бақайдгирии дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ;
-рақами тартибии чеки назоратӣ-хазинавӣ;
-сана ва вақти додани чеки назоратӣ-хазинавӣ;
-номгӯи мол (кор, хизматрасонӣ), воҳиди ченак, миқдор, нарх, маблағ вобаста ба ҳар мол (кор, хизматрасонӣ), маблағи андоз аз арзиши иловашуда бо назардошти меъёри фарқкунанда ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ, тахфифҳо ва маблағи умумии харид;
-рамзхати чеки назоратӣ-хазинавӣ;
-аломати фискалии дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ.
Инчунин, фаҳмонида шуд, ки муқаррароти ҳамин модда, нисбати ҳисоббаробаркуниҳои пулии шахсони зерин татбиқ намегардад:
1) андозсупорандагон дар мавриди хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо додани ҳуҷҷатҳои ба ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ баробаркардашуда, аз ҷумла расидҳо (квитансия), билетҳо, талонҳо, аломатҳои пардохти почтавӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар, ки шакли онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ менамояд;
2) фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ;
3) супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ ҳангоми фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худӣ;
4) соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатномаи бо шартҳои махсус дар ҷойҳои ғайристатсионарӣ фаъолият менамоянд;
5) соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд;
6) тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
7) андозсупоранда метавонад хазинаи виртуалиро, ки имконияти интиқоли маълумотро ба Системаи ягонаи иттилоотии андоз дорад, истифода намояд;
истифодаи дастгоҳҳои нуқтаи фурӯши мол (кор ва хизматрасонӣ) ва терминалҳои пардохтӣ бе хотираи фискалӣ ва функсияҳои интиқоли маълумот манъ аст;
9) андозсупоранда метавонад дар як вақт дастгоҳи назорати хазинавиро, ки тавассути модули мушаххассозии муштарӣ (СИМ-корт) фаъолият намуда, дорои функсияи қабули кортҳои пластикии бонкӣ (ҳисоботи ғайринақдӣ), рамзи эътинои фаврӣ (рамзњои QR) ва усулҳои дигари ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад, инчунин функсияҳои муҳосиби электрониро дар реҷаи автоматӣ иҷро мекунад, истифода намояд;
Зикр гардид, ки тибқи талаботи моддаи 86 назорати риояи тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ аз тарафи мақомоти андоз аз рӯи самтҳои зерин анҷом дода мешавад:
– истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ;
– маълумоти дар блок ва ё хотираи фискалии дастгоҳҳои назоратӣ–хазинавӣ мавҷудбуда;
– бақайдгирии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ;
Мутасаддиён барои рӯшанӣ андохтан, ҳамчунин, иброз доштанд, ки хариди назоратӣ аз ҷониби мақомоти андоз бе маҳдудияти даврияти он танҳо барои назорати истифодабарии дастгоҳҳои назоратӣ–хазинавӣ ва ба харидорон додани чекҳои назоратӣ-хазинавӣ дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани хариди назоратиро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
Дар асоси талаботи моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии тоҷикистон дар ҳолати риоя нагардидани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, терминалҳои электронӣ ва баҳисобгирии хазина ҳамчунин анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо истеъмолкунандагон ҳангоми фурўши мол ё хизматрасониҳо тавассути пули нақд бе додани пардохтнома (квитансия) ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбиникардаи қисми якуми ҳамин модда,ба шахсони мансабдор ба андозаи аз яксаду ҳаштод то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобіҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Соҳибкорони муҳтарам, татбиқи ҷарима ин роҳи пешгирӣ набуда танҳо зарари молиявӣ ба фаъолият ва пешрафти молиявӣ мебошад.
Аз ин ру, риояи талаботи Кодекси андоз дар мавриди татбиқи ДНХ-и дорои хотираи фискалӣ ба ҳар як соҳибкор ҳатмӣ буда самаранокии фаъолият, дуруст ба роҳ мондани маъмурикуно¬нии андоз, ҳимояи ҳуқуқу ман¬фиатҳои истеъмолкунандагон ҳангоми хариди мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), баланд бар¬доштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои хоҷагидор ба сатҳи хизматрасониҳо ба аҳолӣ бо истифодаи услуб ва техно¬логияҳои муосир, ҳамчунин вусъат бахшидан ба рақамику¬нонии иқтисодиёт, истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ муҳим мебошад.
и ещё 2
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться