
Дар доираи анъанаҳои неки ватандӯстӣ ва эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ, дар деҳаи Пишанзаи Ҷамоати деҳоти Анзоб маросими тантанавии пешвозгирии сарбозоне баргузор гардид, ки хизмати муқаддаси Модар-Ватанро бо сарбаландӣ анҷом додаанд.
Дар ин чорабинии пуршукуҳ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ҷамоат, сокинони деҳа ва хешовандони сарбозон ширкат доштанд.
Хизмат ба Ватан ифодаи садоқат, муҳаббат ва масъулияти ҷавонмардона нисбат ба давлату миллат арзёбӣ мегардад. Бозгашти ҳар як сарбози тоҷик пас аз адои хизмати ҳарбӣ нишонаи мардонагӣ, далерӣ ва ифтихори миллӣ аст.
Сокинон ва масъулон сарбозонро бо гармӣ истиқбол гирифта, аз шуҷоату матонати онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки хизмати ҳарбӣ — мактаби зиндагӣ ва таҷрибаи бузурги мардона буда, иҷрои содиқонаи он барои ҳар ҷавон ифтихори бузург аст.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин қабули тантанавӣ на танҳо рамзи шодию ифтихор, балки нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба хизматчиёни ҷавон мебошад, ки бо муҳаббати беандоза ба Ватан ба ҳаёти осоишта бармегарданд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба сарбозони сарбаланди Ватан Сипоснома ва Ифтихорномаҳо тақдим гардиданд. Ҳамчунин, барои онҳо аз рӯи ихтисос бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданашон мусоидат карда мешавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ














