Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ ҷавонмардонро пас аз хизмати ҳарбӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз мегиранд

Дар деҳаи Шаватки Боло ба муносибати ба итмом расонидани хизмати ҳарбӣ ва бозгашти бо сари баланд ба хонааш — ҷавонмард Қурбонзода Ҷамшедҷон — чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Дар ин маросим намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, бахши фарҳанги ноҳия, сокинони деҳа, хешу табор ва пайвандон иштирок намуданд. Барномаи фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона, рақсу хониш ва суханрониҳои пурмазмун доир гардида, фазои идона ва хурсандӣ фароҳам овард.
Бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва дастгирии шахсии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, дар тамоми ҷамоатҳои деҳот анъанаи бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифтани аскарони аз хизмати Модар — Ватан баргашта ба роҳ монда шудааст.
Раиси ноҳия дар паёми шодбошии худ таъкид намуд, ки хизмат ба Ватан шараф аст. Ҷавонони мо, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, бо сари баланд ба назди падару модар ва хешони худ бармегарданд, ифтихори диёр ва оинаи нангу номуси миллатанд. Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҳимояи Ватан шарафмандтарин қарзи фарзандӣ аст ва ҷавонони ватандӯст бояд дар сафи аскарони шуҷоъ ном ва обрӯи диёри худро баланд нигоҳ доранд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба Қурбонзода Ҷамшедҷон, волидон ва тамоми пайвандону ҳамдеҳагон барои тарбияи ватандӯстона ва иҷрои намунавии хизмати ҳарбӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар охир, маросими идона бо сурудҳои миллӣ, рақсу шодӣ ва даъвати ҷавонон ба дӯст доштани Ватан, сулҳ ва ваҳдат ҷамъбаст гардид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Back to top button