Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун институт, мактаби бузурги тарбиядиҳанда ва ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ, сухан гуфтан ва қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона маҳз дар оила аз бар карда мешавад.
Вобаста ба ин дар толори калони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати амалишавии “Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026” ҳамоиш доир гардид, ки дар он муовини Раиси ноҳияи Айнӣ Зебо Саидзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –сардори шӯъбаи иттилоотӣ ва таҳлилӣ Маҳмадалӣ Сабоҳат Рустам ва Фирӯзахон Салимзода, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Сайёрахон Халифаева, Кумитаи занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо, занони фаъол ва собиқадорони меҳнат ширкат намуданд.
Вохӯрӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва оиладорӣ, устувору пойдор нигоҳ доштани оилаҳо ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо роҳандозӣ мегардад.
Нахуст, муовини раиси ноҳия ба ҳамоиш ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро аз номи Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи оилавӣ бо роҳи тарғиб ва ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ басо арзишманд буда, яке аз омилҳои мустаҳкамии оилаҳо маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимну вохӯрию сӯҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму уствор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар руҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувори солим арзёбӣ менамоянд.
Сипас, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода ба сухан баромада, гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида мавриди амал қарор доранд. Бояд зикр кард, ки тамоми уҳдадориҳое, ки давлат дар самти ҳимоя ва дастгирии оила ба зимма гирифтааст, бевосита аз муқаррароти моддаи 25-и Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар (аз 10 декабри соли 1948) бармеояд.
Дар зимн, якчанд нафар занони фаъоли ноҳия оид ба масъалаи мазкур изҳори ақида намуданд. Зикр гардид, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мустаҳкам гардидани оилаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, давлат баҳри беҳтар намудани шароити оилаҳо, ҳифзи манфиатҳои модару кӯдак ғамхорӣ менамояд ва барои омода кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Сайёрахон Халифаева нуфт, ки бо назардошти гуфтаҳои боло, мо ҳар як узви ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки бо мақсади пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо, баҳри бунёди оилаи солиму устувор, дар руҳияи неки инсонӣ тарбия намудани фарзандон, дарк кардани оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ ва огоҳ гардидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар муносибатҳои оилавӣ, корҳои фамондадиҳиро тавассути суҳбату вохӯриҳо, ВАО пайваста ба роҳ монем. Зеро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии оилавӣ омили муҳими мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
и ещё 9
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться