Таваҷҷӯҳ ба ҳаммаи сокинони минтақаи водии Зарафшон расонида мешавад, ки сар аз санаи 29-уми ноябр то 3-юми декабр бо сабаби яку якбора паст гардидани ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳо ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст гардида дар баъзе минтақаҳо боришоти шадиди борон ва барф пешбини шудааст.
Бо сабаби паст гардидани ҳаво ва боришоти барф дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд, Айни-Панҷакент, Айни-Куҳистони Мастчоҳ, фаромадани тарма, ва сангпораҳо аз эҳтимол дур нест.
Аз ҳамма ронандагон хоҳиш карда мешавад ки ҳангоми ҳаракат бо худ занҷирҳо дошта бошанд.
Аз ҳаммаи ронандагон ва мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафар худдори намоянд. Ва бе зарурият ба сафар набароянд. Чунки шуморо дар хона интизоранд.
Ҳангоми рух додани ҳодисаи фавқулодда ба рақамҳои зерин занг занед.
Телефонҳо барои тамос
+992938802874
+992929790607
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
11