Хабарҳои руз

ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Дар асоси иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 1 декабр Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ гузаронида мешавад.
Вобаста ба ин имрӯз 29-уми ноябри соли 2024 дар толори маҷлисии мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамоиш бахшида ба Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ доир гардид.
Муовини чкуми Раиси ноҳияи Айнӣ ҳозиринро аз номи Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки дар мамлакат шароити корӣ барои хизматчиёни давлатӣ сол аз сол беҳтар гардида, музди маоши хизматчиёни давлатӣ марҳила ба марҳила зиёд мегардад. Танҳо дар 10 соли охир музди маоши хизматчиёни давлатӣ се маротиба ё баробари 60 % зиёд шудааст, ки он ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ мусоидат менамояд. Дохил шудан ба низоми хизмати давлатӣ ва фаъолият дар мақомоти давлатӣ барои ҳар хизматчии давлатӣ шараф ва ифтихор аст. Зеро халқ бо таваҷҷуҳ ва эътиқоду боварӣ дар симои ҳар корманди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ намояндаи давлатро мебинад ва бо эҳсоси боварӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти рӯзмарраи худ муроҷиат менамояд. Аз ин рӯ, ҳар хизматчии давлатиро мебояд ба ин боварии халқ сазовор бошад ва кумаки беғаразонаи худро дар муҳлати муқарраргардида ба муроҷиаткунанда расонад.
Ҷашни Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати шабонарӯзии хизматчиёни давлатии ин ниҳоди давлатиро қадр менамоянд ва эътимод бар он доранд, ки роҳбарони ҳокимияти давлатӣ сиёсати Ҳукумати мамлакатро дар маҳал татбиқ менамоянд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 чунин таъкид гардидааст: «Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат намоем. Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезинамудаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем».
Ҳамчунин, муовини раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Абдушукур Хокирозода баромад намуда, аз ҷумла чунин гуфт: -Набояд фаромӯш сохт, ки пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Айнӣ ва баррасии мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ба фаъолияти самарабахши хизматчиёни давлатии воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии деҳот алоқамандӣ дорад. Танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба иҷрои вазифаҳои хизматиамон муваффақ месозад.
Дар ҳамоиш даъват ба амал оварда шуд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд дорои нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ бошанд ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ тавонанд иқдоми аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ намуда, Ватани азизамонро ба давлати ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳанд.
Дар зимн, як қатор хизматчиёни фаъол бо Сипосномаҳои Раиси ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ гардиданд.
и ещё 6
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться

Leave a Reply

Back to top button