Бо мақсади ҳимояи сарҳади давлатӣ, омодабошии ҷанги, тайёрии дастаҳои худмуҳофизати минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, пешгирии хатарҳои диверсионию тахрибкорӣ аз ҷониби дастаҳои мусаллаҳ, ташкили хадамоти комендантӣ ва инчунин омодагии захираҳои ҳайати афсарию шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта санаи 3-юми декабри соли 2024 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ чорабинӣ оид ба омодагии мудофиаи ҳудудӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар чорабинии муҳими сиёсӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим бо сафарбаркунии зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони касбу кори гуногуни дар ҳайати шахсии захиравибуда ва ҷузъу кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо бонги хатар дар майдони Варзишгоҳи марказии ноҳия ҷамъ оварда шуда, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд. Инчунин, беш аз 450 техникаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар ҳолати омодабошӣ тайёр карда шуданд.
Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии ноҳия дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии руҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмониро дар бар мегирад.
Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни баромад гуфт, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳон ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад. Дар марҳалаи ҳозира, ҳамчунин, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар суханрониаш ҳама ҷамъомадагонро аз номи МИҲД-и ноҳия изҳори сипос гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки: “Тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дошта, ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз мегардад. Имрӯз маълум гардид, ки мардуми сарбаланди ноҳия барои ҳифзи марзи Ватан омодаанд, зеро ҳузури Шумо имрӯз дар ин ҳамоиш аз он гувоҳӣ медиҳад. Талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқ, барои миллат ва Ватан беҳамтост ва мо низ бояд дар бари Сарвари давлат истодагарӣ намуда, фидоии ин хоку марзу бум бошем”.
Раиси ноҳия сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовар кунонид, ки кулли сокинони ноҳияи Айнӣ бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи дурусти онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, барои ҳимояи амнияту оромии Ватани маҳбуб шабонарӯзӣ омодаанд ба Ватани хеш ва Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша содиқ хоҳем буд.
и ещё 33
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться