Санаи 12-уми декабри соли 2024 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иҷлосияи бистудуюми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) бо иштироки Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода баргузор гардид.
Дар иҷлосияи бистудуюми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сардорони Раёсат, шуъбаву бахшҳои зерсохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони хоҷагиҳои деҳконӣ ва дигар шахсони ба кори иҷлосия дахлдор ширкат варзиданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби котибот кори иҷлосия оғоз ёфт.
Мувофиқи рӯзномаи иҷлосия масъалаҳо:
-дар бораи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ даъвати ҳафтум;
-дар бораи ташкили Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати ҳафтум;
-дар бораи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботї оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати ҳафтум;
мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Худи ҳамин рӯз кори иҷлосияи бистудуюми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) кори худро ба анҷом расонид. Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 5
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться