Хабарҳои руз

Омодагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч хубанд

Имрӯз 13-уми декабри соли 2024 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар Ҷамоатҳои деҳоти Шамтуч аз як қатор муассисаҳои таълимию фарҳангии деҳаҳо дидан карда, бо мардуми ҷамоат мулоқот ва сӯҳбат намуд.
Зимни боздид аз мактабу муассисаҳои фарҳангӣ Муқим Муродзода аз рафти хониш бо толибилмону омӯзгорон ва кормандони хонаҳои фарҳангу китобхонаҳо сӯҳбат кард. Маълум гардид, ки раванди таълим дар муассисаҳои тарбиявӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, савияи дониши толибилмон низ дар сатҳи хеле хуб қарор дорад. Ҳамчунин мактабҳои деҳот бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маводи сӯхт таъмин гардида, дар масъалаи зимистонгузаронӣ низ мутасаддиён маводи заруриро саривақт омода намудаанд.
Дар муассисаҳои фарҳангии ҷамоат низ фаъолият ба таври бояд ба роҳ монда шуда, муассисаҳо давра ба давра таъмир шуда истода, китобхонаҳо пайваста бо китобҳои нав таъмин ва хонаҳои фарҳангӣ бо лавозимоти барои инъикоси фарҳанг зарурӣ дастрас мебошанд. Зимни мулоқот бо фаъолони деҳаи Вешаб тасмим гирифта шуд, ки дарояндаи наздик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳа маркази фарҳангӣ-фароғатӣ сохта шавад.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия аз рафти корҳои ободонии деҳаҳои Вешаб ва Шамтучи ҷамоат дидан карда, мутасаддиёнро барои омода будан ва дар сатҳи баланду бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф кард.
Инчунин, дар рафти мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони деҳоти Вешабу Шамтучи Ҷамоати деҳоти Шамтуч дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати бунёду созандагиҳо расонид.
Раиси ноҳия дар сӯҳбатҳо инчунин, барои омодагии хуб дидан ба интихоботи дар пеш истода ёдовар шуда, фаъолону дигар шаҳрвандонро барои дар сатҳи баланд ва муташаккилона доир намудани маъракаи муҳими сиёсӣ дастур дод. Муқим Муродзода афзуд, ки мо бояд дар якҷояягӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таъмини талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи интихобот тадбирҳои зарурӣ андешем.
и ещё 13
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться
Back to top button