Бо амри тасодуф китоби «Онсӯи сиёсат» (Маҷмӯаи суханрониҳо ва баёнияҳои устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ), Интишороти Кумитаи фарҳанги наҳзати исломӣ, Чопи аввал, Ҷилди 1, соли 1375, ба дастамон расид. Зимни мутолиаи китоб ва огоҳӣ аз андешаҳои Абдуллоҳи Нурӣ тамоми вуҷудамонро танҳо як андеша фаро гирифта буд: воқеан ҳам Худованд ба миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон раҳмати бепоён намудаасту тақдири ин миллату ин давлатро ба чунин шахси кӯтоҳандешу манфиатҷӯ чун Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳизби ӯ надода будааст. Пеш гумон намекардем, ки ӯ то ба ҳамин андоза мафкураи танг ва ҷаҳонбинии иртиҷоӣ дорад. Ҳаводорони ӯ дар бораи шахсияти ӯ таърифу тавсифҳои бемисл менавиштанд ва ӯро ҳамчун як сиёсатмадори дурандешу оқил ба қалам медоданд. Бовар кунед, чун бо муҳтавои китоби фавқуззикри ӯ шинос шудам, акси он гуфтаҳоро дарёфтам. Дар сарам танҳо ва танҳо як андеша чарх мезад: собиқ ҳизби наҳзат аз ДОИШ ва афкору аъмоли он ҳеҷ тафовуте надорад. Тафовут танҳо дар ном ва ҷойи фаъолият аст. Наҳзатиҳои Тоҷикистон низ чун ДОИШ мехоҳанд бо роҳи зӯрӣ ҷомеаи исломӣ созанд. Барои расидан ба ҳадафи хеш онҳо ба гумроҳсозии мардуми танҳо бесаводу сода такя менамоянд. «Барои он ки пирӯзӣ насиби мо шавад, барои он ки мо дар ин олам сарбаланд бошем, танҳо як чиз лозим аст ва он ҳам имон аст. Агар шумо муъмин бошед дигар парво накунед, агар шумо муъмин бошед, дигар ғам нахӯред, маҳзун набошед, имон дошта бошед шумо ғалаба хоҳед кард» (саҳ.79). Таваҷҷуҳ бояд кард, ки магар дар ҷангҳои муосир, ки ғалабаро танҳо силоҳҳои муқтадир ва иттилооти ҳарбӣ таъмин менамояд, бо зӯри имон ғалаба намудан мумкин аст? Ҷанги муосир ҷанги асримиёнагӣ нест, ки силоҳҳо ҳамсон бошанду оқибати ҷанг ба имону ирода ваобаста бошад? Наход, сарвари дин аз чунин қонуният огоҳ набошад? Аз нигоҳи мо ӯ огоҳ буд, лекин таассуби динӣ хирадро тира сохта будааст. Бубинед, ки онҳо имони мардумро ҳамчун василаи расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ мехоҳанд истифода баранд. Ҳар касе, ки ба онҳо пайравӣ намуда, зимни он устуворӣ нишон медиҳад, ба андешаи эшон имондор аст. Мутаассифона, вақте ба муҳтавои афкор ва аҳдофи эшон ва механизми татбиқи он ҳадафҳо шинос мегардем, дар имондории худи онҳо шубҳа пайдо мегардад. Агар аз мавқеи ҳукми ақл ва мантиқ ба андешаҳои Абдуллоҳи Нурӣ, ки дар китоби фавқуззикр ҷамъ оварда шудаанд, баҳогузорӣ намоем, моро чунин таассуроте фаро мегирад, ки андешаҳои мазкур ба кумондонҳои Афғонистон тааллуқ доранд, на ба як шахсияте, ки дар фазои сулҳу ороми Тоҷикистон зиёда аз нисфи умри худро сипарӣ намудааст. Ӯ навиштааст: «Бинобар ин бояд ошкоро гуфт мо дар Тоҷикистон ҳукумати исломӣ мехоҳем на чизи дигар. Ҳар касе ин роҳро нахоҳад, душмани миллат аст. Зеро мо танҳо зери парчами илоҳӣ душманро саркӯб хоҳем кард» (саҳ.18). Аз муҳтавои ин андеша чунин натиҷагирӣ карда мешавад, ки эшон ва тарафдорони ӯ, ки ангуштшуморанд, дӯст ва ҳомии миллат маҳсуб мегарданду аксарияти аҳли ҷомеа, ки бо ақидаи онҳо розӣ нестанд, душмани миллатанд. Маълум мегардад, ки роҳбари собиқ ҳизби наҳзат зери парчами илоҳӣ ҳамин аксарияти аҳли ҷомеаро нест кардан мехостааст. Аз хонанда пурсиданием, ки оё чунин сиёсат аз сиёсати Мулло Умару Абӯбакри Бағдодӣ ягон тафовуте дорад?
Абдуллоҳи Нурӣ дар Конфронси матбуотӣ дар робита ба посгоҳи дувоздаҳуми марзбонони Русия чунин андешаҳои кӯтоҳандешона ва бепояро низ иброз доштааст: «Ҳодисае, ки дар пустаи дувоздаҳуми марзбонони Русия ба вуқӯъ пайваст, дар таърихи ҷиҳоди мусулмонон аҳамияти бисёр муҳим ва вижа дорад…Валекин ҳанӯз ҳам бовар надошта бошанд, ки наҳзати исломӣ таҷрибаи низомӣ ва сиёсӣ ва қудрати ҷангӣ дошта бошад, ки битавонад як пустаи хеле пуриқтидор ва мустаҳками русиро аз беху бун барканад» (саҳ. 57). Аз ин навиштаи Абдуллоҳи Нурӣ ман танҳо як хулоса мебарорам, ки собиқ наҳзати исломӣ аз оғоз ташкилоти террористӣ-экстремистӣ будааст. Ташкилоти мазкур ба ғайр аз куштану сӯзондану хароб намудан дигар ба чизе қудрат надорад. Мардумфиребии эшон махсусан дар суханони зерини Абдуллоҳи Нурӣ хеле равшан ифода ёфтааст: «Мақсади мо аз байн бурдани ғосибоне аст, ки имрӯз бо зӯри силоҳ ва ҷабру ситам ва бо қатли оми мардум бар сари қудрат омадаанд ва то ҳоли ҳозир натавонистанд Тоҷикистонро аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ ва аз лиҳози иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҷое бирасонанд» (саҳ.58). Вобаста ба ин андешаҳо бояд гуфт, ки ҳукумати имрӯза ба дастгирии аксарияти аҳли ҷомеа ба сари қудрат омадааст. Ин ҳукумат ба қатли ом даст назадааст, балки гурезагонро бо зориву илтиҷо ба ватани хеш баргардонид ва имрӯз онҳо зиндагии орому осуда доранд. Солисан, ӯ бар ҳукумат таъна задааст, ки Тоҷикистонро аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ ва аз лиҳози иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҷое нарасонидааст. Аз хонанда пурсиданием, ки куҷост инсофу адолат ва ҳақгӯии шахсе, ки ҳамеша аз номи дини ислом гап зада, ҳукумати исломӣ барпо кардан мехоҳад? Магар дар тӯли чанд соле, ки дар манотиқи мухталифи ҷомеа ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифтааст, кишварро аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба ҷое расонидан мумкин буд, дар ҳоле, ки ҳукуматҳои исломие, ки Абдуллоҳи Нурӣ баринҳо барпо кардан мехоҳанд, дар тӯли ҳазор сол (аз қарни даҳум то қарни бистум) кишварро аз лиҳози иқтисодию сиёсӣ ва аз лиҳози иҷтимоию фарҳангӣ ба ҷое нарасонида буданд. Ин аст дурӯғи ошкоро. Худованд дар сураи «Бақара», ояти 10 дар ин хусус мефармояд: «Ва ба сабаби он, ки дурӯғ мегуфтанд, барои онҳо азоби дарддиҳанда ҳаст».
Гумон меунам, ки имрӯз дар марги ҳазорҳо мардуми мусулмони бегуноҳ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон маҳз роҳбарони кӯтоҳандешу манфиатҷӯ гунаҳгоранд. Маҳз онҳо мардуми бесаводу аз дину сиёсат дурро бо вожаҳои муқаддаси «Имон», Аллоҳ», «Парчами илоҳӣ» ва ғайра фиреб намуда, ба муқобили силоҳҳои пуриқтидори замонавӣ ба коми марги ҷанг тела медиҳанд. Комилан равшан аст, ки ҷанги собиқ наҳзати исломӣ бо нерӯҳои ҳарбии Русия ҷанги пашша бо филро мемонад, бо вуҷуди ин Абдуллоҳи Нурӣ аъмоли террористии худро амали нек ҳисобида, дар ҷумлаҳои баъдинаи хеш дар хусуси мусаллаҳ будани ташкилоти ӯ бо силоҳҳои модерн сухан меронад ва ҳатто боз таҳдид ҳам менамояд, ки дар оянда аъмоли боз ҳам зишттарро дар нисбати Русия содир хоҳад намуд (саҳифаҳои 58-61).
Дурӯғу фиреби роҳбари дин дар иқтибоси зерин боз ҳам равшантар ба чашм мерасад:
«…Валекин мо мехоҳем раҳбарияти имрӯза, ки боиси бадбахтии мардуми Тоҷикистон шудааст аз сари қудрат, ки як шарти мо ҳамин аст, ба ихтиёри худаш дур шавад ва қазия бо ин дар Тоҷикистон ҳал шавад… Мо ба ростӣ аз ҷиҳод хаста намешавем, мо ҷиҳодро аз нав шурӯъ кардаем… Чун ҷиҳоди мо чи хеле, ки пайғамбар (с.) фармудааст: «ал-Ҷиҳоду мозин ила явм-ил-қиёмати» ҷиҳод давомдор аст то рӯзи қиёмат. Ин ҷиҳоди мо мумкин аст то рӯзи қиёмат давом кунад ва мо яқин медонем, ки таълимоти исломӣ ҳамин аст, фақат ҷиҳод кунем. Лекин ғалаба ва фатҳ дар дасти мо нест. Ин фатҳ ва ғалаба аз ҷониби Худост. Мо барои хотири ризои худованд ва барои ҳукумати адли илоҳӣ мубориза мебарем. Ин мубориза ба дасти мо самар медиҳад ё намедиҳад кори Худои таборак ва таоло аст. Бинобар ин мо аз ҷумлаи касоне нестем, ки ба умури дунявӣ такя дошта бошем. Муҷоҳидини мо ҳама ба Худо такя доранд….» (саҳ.63). Чӣ хеле ки дида мешавад, барои расидан ба ҳадафҳои хеш ҳатто аз таҳрифи таълимоти ислом низ даст намекашад. Гӯё асли таълимоти ислом ҷиҳод асту ин ҷиҳод то рӯзи қиёмат давом мекардааст, пас чаро худи роҳбарони ислом дар сафи пеши ҷиҳод ҷанг намекунанд? Охир, пайғамбари ислом дар ҷанги «Хандақ» шахсан ширкат варзида, ҷароҳат бардошта буд-ку. Гап дар сари он аст, ки роҳбарони ислом бояд зинда бимонанд, онҳо бояд шаҳид нашаванд, шаҳидшавӣ кори мусулмонони содаву бесавод аст. Агар онҳо шаҳид шаванд, кӣ ба ҳокимияти сиёсӣ дар оянда умед мебандад? «Адли илоҳӣ» аз нигоҳи эшон ҳамин аст, ки дар сафи пеши ҷанг бояд «имондорон»-и қаторӣ бошанд, на «имондорон»-и сатҳи боло. «Имондорон»-и сатҳи боло шаҳид шуданро дар дарёфти мансаб дида, маҳз ҳамонро «адли илоҳӣ» ба қалам медиҳанд. Дурӯғи мардумкуши эшон боз дар он ифода меёбад, ки онҳо ғалаба ва фатҳро аз ҷониби Худо медонанд, на тавассути ақлу дониш, на силоҳҳои муқтадир ва на тактика ва технологияи ҷангӣ. Ин сухан барои ҳолати «мабодо» аст. Агар ғалаба карданд, пас ақлу маҳорати раҳбари дин сабаб гардиду онҳо ғалаба карданд. Ва агар мағлуб гардиданд, пас шаҳид мешаванду мағлубият бо иродаи Худо сурат гирифтааст. Дурӯғи фаҳши эшон ин ҷо дар он ифода меёбад, ки агар ҷанг барои ризои Худованд сурат гираду ғалабаву фатҳ дар дасти ӯ бошад, пас чаро Ӯ ғалабаву фатҳро таъмин намесозад? Чизи дигаре, ки шахсро дар тааҷҷуб андохта мардумфиребии ҳомии динро чун офтоб равшан месозад, дар он ифода меёбад, ки ғалабаву фатҳ дар дасти Худосту худи амали ҷиҳод дар дасти ӯ нест. Ба ҷиҳод мардумро пешвоёни дин таълим медиҳанд. Дар ин ҳолатҳо онҳо ҳукми оятҳои «Дар дин маҷбуркунӣ нест», «Шуморо дини шумо ва моро дини мо»-ро ба фаромӯшӣ месупоранд. Ба хотири аҳдофи заминии хеш ҳомиёни дин таълимоти Худоро тибқи мақсадҳояшон таҳриф менамоянд. Ба қавли дигар, аз таълимоти Худо онҳо сӯйистифода менамоянд. Тибқи таълимоти исломии эшон нисфи амали мубориза дар дасти Худосту нисфи дигараш дар дасти бандааст. Бадбахтии мардуми мусулмон ҳам дар ҳамин ифода меёбад, ки ба чунин суханони авомфиребонаи ҳомиёни дин бовар менамоянд ва амал мекунанд.
Дар охири китоб дар бахши «Насиҳатнома» Абдуллоҳи Нурӣ ба фармондеҳони худ «насиҳат» намудааст: 1). «Ба номи Худо ҷангро шурӯъ кун ва фақат барои ризои Худо ҷиҳод намо». 6). «Аз дохили артиш гуноҳгоронро дур кун ҳама бояд худотарс бошанд як гуноҳ сабаби шикасти лашкар хоҳад шуд». (саҳ.237). 21). «Ғаниматро тибқи қонуни исломӣ аз рӯи машварати уламо тақсим кун» (саҳ.238). 27) «Даҳ насиҳатҳои ҳазрати Алӣ (к.) фаромӯш макун, ки гуфтааст: (саҳ.238); з) Ҳам бо нӯк ва ҳам бо дами шамшер душманро бизанед қадамеро ба пеш монда бо шамшер бизанед, яъне дар ҷанг аз ҳама васоили ҷангӣ истифода кунед ва ба пеш равед» (саҳ.239); з) аз он ки рӯҳатон дар ҳолати ҷанг аз бадан ҷудо мешавад ва хушҳол бошед ва сӯи марг биравед ва аз кушта шудан дар роҳи ҳақ ва озодӣ хурсанд бошед, зеро аз ин зиндагии муваққатӣ ба зиндагии абадӣ хоҳед рафт» (саҳ.239).
Хулоса, ҳомиёни имрӯзаи дин ба ҳомиёнаи гузаштаи дин пайравӣ кардан мехоҳанд, аммо як чизро ба инобат намегиранд, ки онҳо аз ҳомиёни гузаштаи дин аз замин то осмон фарқ менамоянд. Ҳомиёни гузашта дар сафи пеши ҷанг ширкат варзида аз марг наметарсиданд. Ҳомиёни имрӯза ақибгоҳро афзал дониста, «шаҳид» шуданро барои мусулмонони қаторӣ афзал медонанд. Сониян, вазъияти сиёсию иқтисодӣ ва ҳарбии имрӯза аз гузашта пурра фарқ менамояд. Пайғамбари Худо (с) вақте эҳсос менамуд, ки вазъият имконият намедиҳад, ба ҷанг ворид намегардид. Таваҷҷуҳ бояд кард, ки пайғамбари Худо (с) то ҳиҷрат тамоми тазйиқу фишорро бар дӯш гирифтанд, лекин муқовимат нишон надоданд. Вазъияти имрӯзаи нерӯҳои исломӣ аз вазъияти тоҳиҷратии мусулмонон ҳеҷ тафовуте надорад, бинобар ин роҳи сабру таҳаммулро пеша намудан айни таълимоти исломист: «Тавассути сабру намоз аз Худо кӯмак талаб намоед. Ҳар оина Худо бо собирон аст».
Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ
Абдулҳаев К.А.