масъалаҳои мубрам

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОЙӢ ПАДИДАИ МАНФУРИ ЗАМОНИ МУОСИР

Боиси зикр аст, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, талоши абарқудратҳо барои мавқеъгирии сатҳи ҷаҳонӣ, зуҳури ҳизбу ҳаракат ва равияву созмонҳои тахрибкор ба амнияти натанҳо кишварҳои алоҳида, балки ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳон таҳдид намуда истодааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ пазируфта шудааст.

Дар мамлакат баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва расидан ба нақшаву барномаҳои стратегӣ иқдомҳои судманд рӯи кор гирифта шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушду тараққӣ меёбанд. Расидан ба истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати комили миллӣ ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ ба рушди бонизоми мамлакат заминаи устувор гузошта истодааст. Маҳз амалӣ гардидани сиёсати инсондӯстонаву дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки халқи шарифи Тоҷикистон таҳти андешаи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мост” муттаҳид гардида, баҳри бунёди ҷомеаи воқеан ҳам пешрафтаву мутамаддин саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризму ифротгароӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат бо экстремизм ва терроризм аз 1 июни соли 2021, № 187 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, тасдиқи нақшаи амалҳо оид ба татбиқи Стратегияи мазкур ба тасвиб расида, дар роҳи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар кишвар айни муддао буда, ин санадҳо дар роҳи мубориза бо ин гуна омилҳои номатлуб такони ҷиддӣ бахшид.

Дар ҳақиқат мақсади муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Ва ин мақсадҳо бояд тариқи амалӣ намудани чорабиниҳои хусусияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, профилактикӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ амалӣ гардонида шаванд.

Вазифаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун мебошанд.

Дар замони муосир аз ҳама хатарҳои мавҷуда хатари терроризм ва тахрибкорӣ зиёновар дониста мешавад, чунки дар сартосари дунё қудратҳои ҷаҳонӣ аз ин тамоюл суиистифода намуда, мехоҳанд рақибони худро бо силоҳи терроризм мағлуб намоянд. Ҳар фарди ватандӯст дар асри ҳозира бояд дар заминаи худогоҳии миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ андешаҳои таҳмилиро сари вақт дарк намуда, аз интишори он ҷилавгирӣ кунад ва нагузорад, ки ин беморӣ аз нав ба шаҳрвандон сироят кунад.

Терроризм ва тахрибкорӣ дар замони муосир силоҳе дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ гардида, бегуфтугӯ, мо аз рӯйдодҳои солҳои охир баръало мушоҳида мекунем, ки қудратҳои асосӣ тавассути истифода аз терроризми байналмилалӣ мехоҳанд ҳадафҳои геосиёсии хешро дар дилхоҳ минтақа роҳандозӣ кунанд. Бинобар ин, ин тамоюли тавсеаёфта аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ шуда, илова бар он дар паҳншавии он саҳми қудратҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Тибқи муқаррароти Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-20250 – 13 самтҳои афзалиятноки муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки инҳо: баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм, нақши дин ва ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти профилактикӣ, нақши низоми маориф ва сиёсати ҷавонон дар пешгирии экстремизм, мақоми ҳуқуқии шахс ва фарҳанги сиёсии аҳолӣ, сатҳи таъминоти иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ, таъсиррасонӣ ба омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, самаранокии чораҳои муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ, таҳкими ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва амсоли инҳо маҳсуб меёбад.

Дар ҳақиқат тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз менамоянд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

Дар фаъолияти пешгирифтаи худ мо сокинони шарафманди кишвар ва хосатан омӯзгорон дар заминаи сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқовимат бо терроризм ва экстремизм аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, баҳри рушди босуботи кишвари азизамон ва тарбияи насли соҳибмаърифат дар рӯҳияи оштинопазирӣ бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа саҳми арзишманд хоҳем гузошт.

Бобоева Шукрона,

омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ № 32,

ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button