Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ пешрафтҳои назаррасро соҳиб шуд. Яке аз ташаббусҳои муҳими Пешвои миллат, ки барои ҷавонони боистеъдод имкониятҳои нав фароҳам овард, таъсиси Квотаи президентӣ мебошад.
Ман, ҳамчун гирандаи Квотаи президентӣ дар соли 2013, ифтихор дорам, ки аз ин ташаббуси созандаи Пешвои миллат баҳраманд гардида, имрӯз дар соҳаи маориф фаъолияти омӯзгориро бо масъулияти баланд пеш мебарам. Соли 2024 дар даври вилоятии озмуни “Омӯзгори сол” байни 18 ноҳияи вилоят ҷои ифтихории сеюмро ишғол кардам. Ин дастовард самараи дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба омӯзгорон ва соҳаи маориф мебошад.
Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, рушди маориф, иқтисоди рақамӣ ва навоварӣ ҳамчун самтҳои муҳим барои пешрафти кишвар таъкид гардиданд. Пешвои миллат солҳои 2025–2030-ро солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.Дар Паём қайд гардид, ки рушди иқтисоди рақамӣ бе такмили сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисос имконнопазир аст. Дар ин замина, барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимӣ бояд бо талаботи технологияҳои муосир мутобиқ гарданд. Ин ташаббус барои омӯзгорон, ки дар тарбияи насли оянда саҳм доранд, масъулияти бештарро тақозо мекунад.Технологияҳои рақамӣ ва инноватсия на танҳо дар соҳаи иқтисод, балки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маориф, истифода мешаванд. Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки таълими фанҳои иттилоотӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои олии таълимӣ
Дар Паём ҳамчунин масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон, зиёд намудани музди меҳнати онҳо ва таъмин намудани мактабҳо бо асбобу технологияи замонавӣ қайд гардид. Чунин иқдомот имкон медиҳад, ки омӯзгорон бо эътимоди бештар ва азми қавӣ насли нави донишманд ва эҷодкорро тарбия намоянд.
Дастгириҳои Пешвои миллат дар самти маориф, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия моро водор месозад, ки бо масъулияти бештар фаъолият намуда, саҳми худро дар рушди ҷомеа гузорем. Ман ифтихор дорам, ки ҳамчун гирандаи Квотаи президентӣ ва иштирокчии фаъоли озмунҳои касбӣ метавонам таҷриба ва дониши худро барои тарбияи насли ҷавон равона намоям.Бо дастгирии Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ – амалӣ намудани иқтисоди рақамӣ ва рушди инноватсия, як қадами бузург ба пеш хоҳад гузошт.
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ медиҳем,ки ҳамчун пайравони Пешвои миллат барои бозҳам гулгулшукуфон гардонидани Тоҷикистони азиз бештар заҳмат кашем.
Рузиева Шаҳноза омӯзгори МТМУ1