Терроризм ва экстремизм дар замони муосир яке аз ҷиноятҳои сангине буда, сабабгори ба миён омадани ноободии давлат ва нооромии миллат мегардад. Ин ду мафҳум таҳти худ маъниҳоеро ниҳон доранд, ки хилофи хислатҳои неки инсонӣ буда, пайваста насли наврасро аз олами адолат ба сӯйи олами ҷаҳолат ва ноумедиҳо равона месозанд. Калимаҳои терроризм ва экстремизм аслан ба забони миллати мо бегона буда, инчунин амалҳоеро ба худ гирифтаанд, ки ба гузаштагон ва имрӯзиёни мо умуман вобастагие надоранд. Терроризм аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш тарс ва ваҳм мебошад. Экстремизм бошад аз калимаи лотинии “exttremus” гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ ва тундравӣ мебошад. Ин ду мафҳум ба ҳамдигар алоқамандии зич доранд ва шахсоне, ки ин ду мафҳумро мепарастанд, аз кӯйи одаму одамгароӣ фарсахҳо дури дуранд.
Ифротгароӣ ва терроризм яке аз омилҳои бадтарине мебошанд, ки бевосита аз байн меҳру муҳаббатро бардошта, миёни мардумон дурӯягиву бадбинӣ, ҷоҳталабиву баднафсӣ, беиродагиву беҷуръатӣ ва ҷангу ҷидолро афзун мегардонанд. Маҳз ҳамин омилҳои номатлуб сабабгори дур шудани падар аз писар, сард гардидани муносибати модар бо духтар ва бадбинӣ миёни ҳамдигар гардида метавонанд. Бар асари амалҳои террористӣ ҷони ҳазорҳо мардумони бегуноҳ қурбон гардида, миллионҳо нафар бехонаву дар ва чандин ҳазор нафар тифлакон бе падару бе модар мегарданд. Ҷавонон фирефтаи ба даст овардани пулу мол ва сарвати дурӯғӣ гашта, умри худро дар ин роҳи пурхатар хазон мегардонанд. Ин зуҳуроти номатлуб дар ҳар давлате, ки ба амал меояд, дар худ бадтарин ҳодисаи нангинро нишона мегузорад.
Беҳуда нагуфтаанд, ки террорист дин ва мазҳаб надорад. Зеро вақте ки террорист ба дигаре маблағи калонро ваъда дода, бечораеро гирифтор ба ин амали номатлуб менамояду аз хонаву дар, аҳли пайвандонаш ва алалусусус аз падару модараш дур месозад, оё ба худ меандешида бошад, ки худаш низ падару модар ва зану фарзанд дораду азизонаш пазмони дидораш ҳастанд. Агар чунин андешаро дар майнаи сари худ ҷой бидиҳад, пас ҳаёти дигаронро низ метавонад пеши назар оварда, аз амали зишти худ изҳори пушаймонӣ намояд. Бояд андеша кунад, ки ҳамаи моро ҷинси латиф, яъне модар ба дунё овардаву баҳри ба воя расидани мо шабҳои бедорхобиро паси гаҳвораи мо рӯз намудаву бо сад орзуву умед ба мо шири сафеди хешро нӯши ҷон гардонидааст. Ҳамаи модарон як ҳастанд. Бо умед тифл ба дунё оварда, ба воя мерасонанд, то ин ки дар пирӣ аз хизмати кардаашон асал нӯши ҷон намоянд, на ин ки заҳр бихӯранду аз дида ба ҷойи ашки шодӣ селоби ашки ғам равон бисозанд. Вақте ки террорист мехоҳад, ки ашки тифле ва модареро равона бисозад, бояд пайваста хизматҳои модари худро пеши назар оварад ва нагузорад, ки аз барои иҷрои амали нопокаш падару модарашро зери бори гарони ғаму андуҳ гузораду барояшон лаънатҳо бифиристад.
Чӣ хеле, ки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста таъкид менамоянд, мо бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Дар тарбияи фарзандон ва шогирдон бодиққату эҳтиёткор бошем. Ҳар як амали онҳоро мавриди назорати худ қарор бидиҳем. Ҷавонони ватандӯст ва баору баномӯс ба воя бирасонем.
Ҳамаи моро зарур аст, ки ҳар зарраи хоки Ватани азизи худро муқаддас нигоҳ дорем, барои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамеша омода бошем ва дар пойдории кишвари биҳиштосоямон саҳми арзандаи худро гузорем. Ва чунин шиор ҳамеша бояд аз забони мардуми бонангу ор ва ватандӯсти мо садо бидиҳад: Нест бод эксремизм ва терроризм дар рӯйи ҷаҳон. Тоҷикистон бод доим гулгулафшон.
Ҳамроева Сарвиноз
Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
МТМУ рақами 20
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
3