Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар сар то сари ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотии раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони мансабдор бо намояндагони васоити ахбори умум гузашта истодааст.
Вобаста ба ин имрӯз 30.01.2025 дар толори хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ баргузор карда шуд, ки дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, намояндагони ВАО-и маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат варзиданд.
Сараввал Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода оид ба натиҷаи фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2024 ҳисоботи мухтасар дод.
Баъдан, рӯзноманигорон саволҳоро оид ба фаъолияти фермаҳои мурғу чорвопарварӣ, сехҳои дӯзандагӣ, марказҳои хизматрасонӣ барои сайёҳон, таъмири роҳҳҳои маҳаллӣ, масъалаи оби полезӣ ва нӯшокӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар ноҳия бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026-солҳои рушди саноат, саҳми корхонаҳои саноатӣ дар ободонии ноҳия пешниҳод намуданд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Вобаста ба суоли рӯзноманигорон оид ба таҷлили 80-солагии муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ Раиси ноҳия иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ин ҷашни бошукӯҳро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, нақша дорад, ки дар маркази ноҳияи Айнӣ гулгашт ва муҷассамаи шоирро ба истифода дода, силсилаи чорабиниҳои адабӣ-фарҳангиро доир намояд.
и ещё 9
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
66