масъалаҳои мубрам

30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Миллати тамаддунофари тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром мегузошт ва ғояҳои давлати демократиро мутафаккирони мо ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл ҷонибдорӣ карда, онҳоро дар асарҳои гаронарзиши илмиву ахлоқии худ талқин намудаанд. Дар ҳақиқат ҳам, халқи тоҷик бо тамаддуни воло ва хираду дониши азалии худ аз қадим соҳиби давлат будаву беҳтарин намунаи давлатдорию давлатсозиро ба ҷаҳониён омӯзондааст. Маҳз, ҳамин хиради азалӣ буд, ки халқи мо дар лаҳзаҳои воқеан ҳам, душвори таърихӣ, тавонист таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишмандтарин санади ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намояд.
Маҳз, дар натиҷаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мафҳумҳое ба мисли волоияти қонун, давлати демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди соҳибкорӣ, матбуоти озоду мустақил, парлумони касбӣ, судҳои дахлнопазир ва садҳо мафҳуми дигар барои ҷомеаи мо мафҳумҳои бисёр ошно ва маъмулӣ гардидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 30-солагии қабули онро ҷашн мегирем, ҳамчун қонуне, ки бевосита аз ҷониби халқ қабул гардидааст, нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад ва он ба сифати сарчашмаи асосии тамоми соҳаҳои қонунгузорӣ баромад мекунад. Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузарондааст.
Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, зеро кишвари моро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул кунад, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд. Яке аз бартариятҳои асосии Конститутсияи амалкунанда дар қиёс бо конститутсияҳои қаблӣ, дар шакли нав муқаррар намудани асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии давлат маҳсуб мегардад, ки он барои муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистони тозаистиқлол замина гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Мақсад аз эълон намудани соли маърифатӣ ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани падидаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу рамзӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, тарбияи шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.
Имрӯзҳо, ки мо дар арафаи сиюмин солгарди қабули Консти¬тутсияи Ҷум¬-ҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳар вақта дида, ҳассостар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллиамон – Ватану миллат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ҷойгузин на¬моем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва маз¬муни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эъ¬тироф намоем.
Прокурори ноҳияи Айнӣ,
мушовири адлияи дараҷаи 1
Имомзода Н.Х.
Back to top button