Хабарҳои руз

Даври ноҳиявии озмуни “ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН” ВА “ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР”

Бо мақсади иҷроии Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2024, №136 тасдиқ гардидааст санаи 22.10.2024 дар бинои қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Урметан озмуни ноҳиявӣ “Хушдомани беҳтарин” ва “Фарзанд-боғи падару модар” баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур бо мақсади таҳкими ниҳоди оила ва тақвияти масъулиятнокии падару модар ва фарзандон дар муносибати оилавӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, муносибати хушдоман бо келин, нақши оила дар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳнатпарастӣ, пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн роҳандозӣ гардидааст.
Озмун аз рӯйи талаботҳои муқарраргардидаи низомнома баргузор карда шуд. Ғолибони озмун муайян гардида бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
и ещё 14
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:

5

Leave a Reply

Back to top button