Хабарҳои рузЭълонҳо ва озмунҳо

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 ҷамъбаст гардид

Даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
дар соли 2024 санаҳои 25-ум то 30-юми сентябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баргузор гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад. Дастандаркорон баргузори ин тадбири фарҳангиро ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамояд, иқдоми саривақтӣ медонанд.
Тибқи иттилои масъулин, раванди баргузории шашсолаи озмун нишон медиҳад, ки талабот барои иштирок ба озмун сол то сол зиёд мегардад. Бояд гуфт, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.
Мақсад аз баргузории озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.
Озмун аз 5-номинатсия: номинатсияҳои композиторӣ(оҳангсозӣ), сарояндагӣ, навозандагӣ, саньати тасвирӣ ва дизайнерӣ иборат аст. Дар озмун аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 169 нафар аз синни 12-сола то 35-сола иштирок намуда, 31-нафари онҳо аз номинатсияҳои зерин ба даври ноҳиявӣ пешниҳод гардиданд. Ҳайати ҳакамон ва мутахассисони соҳаи фарҳанг 12 -нафар сароянда аз 12 то 17 сола, 4-нафар сароянда аз 18 то 35 сола, 6-нафар навозанда аз 12 то 17-сола, 7-нафар рассомон аз 12-сола то 17-сола ва 2-нафар дизайнерҳо аз 18сола то 35-сола аз жанрҳои озмун интихоб намуда, маслиҳатҳои худро пешниҳод намуданд. Озмун бо иштироки ҳайати ҳакамон тибқи талаботи Низомнома гузаронида шуд. Беҳтарин соҳибистеъдодҳои ҷавонро бо иҷроиши жанрҳои сарояндагиву навозандагӣ ва рассомиву дизайнерӣ ҷалб намуд.
Дар даври ҷамъбастии озмун аз ноҳияи мо хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, дастпарвари мактаби санъати №1-и ноҳия ба номи Ҳалим Ёров -Юсуф Ниёзов дар номинатсияи сарояндагӣ – анъанавӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гашт.
Бояд қайд кард, ки Юсуф Ниёзов дар даври аввали озмун бо суруди “Ватан” шеъри Камол Насрулло, оҳанги Афзалшо Шодиев сазовори ҷойи аввал, дар даври дуюми озмун бо суруди “Меҳрнома” шеъри Мирзоюсуф Тоҳирӣ, оҳанги ҳофизи халқии Тоҷикистон Аслиддин Сатторов сазовори ҷойи дуюм ва дар даври сеюми озмун бо суруди “Ушшоқи Раҳмонӣ” шеъри Кароматулло Олимзода, оҳанги Фурқат Саидов сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ниёзов Юсуфҷон ба даври ҷумҳуриявии озмун дар номинатсияи сарояндагӣ жанри анъанавӣ иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гардид. Аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ниёзов Юсуфҷон ва омӯзгор Ёров Ҳақназар диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуд.
Эгамов Муқимбой,
омӯзгори мактаби санъати №1-и ноҳия
Back to top button